Акси садо

«САНДАЛӢ ШИФОБАХШ АСТ» ВА БОЗ...

Вожаҳои «сандал» ва ҳам «сандалӣ»  чанд омоним дошта, онҳо бо чанд маъно кор фармуда мешаванд. Мо дар ин ҷо ба калимаи «сандалӣ» ва худи он, ки ҷиҳози гармшавист, равшанӣ меандозем.

Вожаи «сандалӣ» дар луғат: I. Номи шаҳре дар Ҳиндустон дар «Шоҳнома»-и устод Фирдавсӣ. II. 1. Чорпоя барои нишастан, курсӣ. 2. Чорпояи махсус, ки ба болои лахча гузошта, ба рӯяш кӯрпа партофта, ба гирди он менишинанд.

Аз он даме, ки мо худро медонем, сандалӣ чун василаи гармӣ мавҷуд буд. Гирди аловдони онро «гурбадавак» ва байни пояҳои сандалиро «кодок» мегуфтанд. Се сӯйи даруни сандалии мо поймонаки аз тахтаи нафису камбар дошт. Қисми пойгоҳи он барои осонии лахчаандозию хокистаргирӣ поймонак надошт. Ғайр аз ин, ба  ин ҷо, лаби лахча барои гармнигоҳдорӣ дар зарфҳо чой, хӯрок ва обдаста мегузоштанд, – менависад Алимурод Темиров дар мақолаи худ «Сандалӣ шифобахш аст» («Овози тоҷик», №7, 24.01.2026), ки дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат» чоп шуда буд. Пойгоҳи холии сандалӣ ҷойи қароргирӣ ва гармшавии гурба ҳам буд. Устоёни дуредгару ҳаваскорон сандалиро инчунин аз чӯби сафедор, қарағай ва дигар дарахтон месохтанд.

Аз сандалӣ дар фасли зимистон, инчунин дар охири тирамоҳ ва аввали баҳор, ки дар муҳити мо шабу саҳар ҳаво хунук меояд, истифода мебурдем ва мебарем. Хонаи оташдону сандалидор аз ҳама хонаи гарм ва дӯстдоштаи мо, калону хурд,  буд. Меҳмон ҳам дар гирди сандалӣ нишастанро афзал медонист.  Суҳбати онҳо чун сандалӣ метасфид. Тасфи сандалиро лахчаи ҳезуми зардолую тут бешу бардавом нигоҳ медошт. Мо, бачагон, низ мисли калонсолон дар атрофи сандалӣ гуфтугӯ мекардем. Чою хӯрок мехӯрдем. Ба дарсҳо омодагӣ медидем. Лаҳзаҳои фориғро бо тамошои ҷаҳоннамо, нақли афсона, ҳикояю саргузаштҳои шавқовар мегузарондем. Он давр, инчунин афсонаи миллии мо «Ҳафт додарон» боз машҳур гашта, даҳон ба даҳон мешуд.

Ба туфайли гармию шифобахшии сандалӣ касе аз баъзе дардҳо арзу шикоят намекард. Мабодо, гирифтори беморие, билхоса, сармохӯрӣ бошад, сандалӣ сар то пойи онро шифо мебахшид.

Сандалиро ҳамчун мизу курсӣ фоиданок гуфтан мумкин аст. Ба замоне расидем, ки воситаҳои гармидиҳию гармшавӣ бо қувваи барқ ё газ рушд ёфта, онҳо оташдону сандалиро аз байн  бурданд. Ин мероси ниёгон то ҳол дар хонаю ошхонаи баъзе сокинон боқӣ мондааст.

Муаллиф Алимурод Темиров аз ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро дар маводи хеш  дар боби сандалӣ маълумоти бою равшан дода, инчунин нигоштааст: «Имрӯзҳо азбаски ҳезум, дарахти тут ва саксавул кам мондааст, дар сандалӣ ба ҷойи алав плитаи барқро мегузоранд, ки ин нисбати оташ камташвиштар аст».

Ш. МИРЗОЕВ.

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: