Шаҳрвандони авфшуда ба ҳаёти солим бармегарданд

Тибқи Фармони Президент 3 нафар сокини ноҳияи Шеробод, ки ҷазои маҳрум гардидан аз озодиро адо менамуданд, пеш аз анҷоми муҳлати ҷазо авф карда шуданд.

Бо мақсади мутобиқсозии дубораи ин шаҳрвандон ба ҷомеа, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва бо шуғл фаро гирифтани онҳо, бо ҳамкории шуъбаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ, иттиҳодияи тиббӣ, Агентии хидматрасонии иҷтимоии «Инсон» ва дигар ташкилотҳои масъули ноҳия тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд.

Дар рафти чорабиниҳо шаҳрвандони авфшуда аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, ба онҳое, ки ба табобат ниёз доштанд, ёрии амалӣ расонида шуд. Ҳамчунин барои шаҳрвандони бекор ҷиҳати таъмин бо ҷойи кор чораҳо андешида шуданд.

Чунин чорабиниҳо барои пайдо кардани ҷойгоҳи худ дар ҷомеа ва ба роҳ мондани ҳаёти солиму устувор ба шаҳрвандони авфшуда кумак мерасонанд.

Сурайё НОРМАНӢ.

Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: