Вақте ба адиб, мутарҷим ва рӯзноманигори варзида Бахтиёр Муртазоев дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯбарӯ омадем, фикр кардам вай пайи коре ба ин идора омада. Баъд фаҳмам дар ин ҷо кор мекунад.
Адиби куҳансол ба Шӯрои очерку публитсистика сару бар аст.
Номи ӯ аз бачагӣ бароям шинос – солҳое, ки чун очеркнавис ва мутарҷим маълум ва машҳур буд, мактабхон будам. Ва ҳоло – дар даврае ҳам, ки синну солам ба ҷое расида, ӯ ҳанӯз дар саф! Порсол ҳаштодупанҷсолагиашро таҷлил карданд. Лекин бақувват аст. Нури шуҷоат ва меҳнатдӯстӣ дар гуна ва дидааш барқ мезанад.
Вай маро ба дафтари кориаш бурд. Суҳбат кардем. Бознашри «Сурх ва сиёҳ»-и ба тоҷикӣ баргардондаашро, ки аз шоҳасарҳои адиби фаронсавӣ Стендал аст, бо соядаст туҳфа намуд.
Замонҳое як асари нависандаи ӯзбек Хайриддин Султоновро низ ба тоҷикӣ тарҷума карда будааст.
Гуфт, ки зодгоҳи ман Қубодиён дар ҳамсоягӣ бо Ӯзбекистон ҷойгир аст, қариб ҳамбому ҳавоем. Бародархалқҳо аз қадим паҳлу ба паҳлу кору зиндагӣ мекунанд, некҳамсоягиву равуо дар давраи нави таърихӣ барқарор ва риштаҳо мустаҳкамтар мешаванд.
Бобои модарии Бахтиёрака Мулло Хоҷа таҳсилкардаи мадрасаи Бухоро будаанд... Падараш низ аҳли зиё – муаллими мактаби деҳа буд, ки баъдтар ба сифати мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён низ адои вазифа кардааст.
Бахтиёр Муртазоев баъди хатми факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳамчун рӯзноманигор ба фаъолияти мустақилона оғоз кард. Навиштаҳои худро аз назари фарзанди Чусти бостон Мутеъулло Наҷмиддинов, ки аз ливобардорҳои очерк ва публитсистикаи тоҷик дар он рӯзгор буд, мегузаронд ва эълон менамуд. Хусусан, ба маҷаллаи «Садои Шарқ» аз наздик ҳамкорӣ мекард.
Солҳое, ки донишҷӯ будем, яке аз серхонандатарин рӯзномаҳо «Комсомоли Тоҷикистон» ба шумор мерафт. Баробари ҷавонон калонсолон низ онро бо шавқ мутолиа менамуданд. Сармуҳарририи рӯзномаро Бахтиёр Муртазоев дар ӯҳда дошт.
Ӯ сонитар ҳамчун муҳаррири шуъбаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», муҳаррири шуъбаи публитсистикаи маҷаллаи «Садои Шарқ», ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», сармуҳаррири нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» фаъолият бурдааст.
Муддати чаҳор сол (солҳои 1969–1973) ба ҳайси тарҷумон ва чаҳор соли дигар (1979–1982) чун афсар дар Афғонистон хидмат намудааст.
Мавсуф ҳанӯз аз давраи ҷавонӣ қалами хуби нависандагӣ дошт. Дар тӯли фаъолияти эҷодӣ баробари очерк ва публитсистика қисса ва ҳикоёти зиёд низ навишт ва чоп кунонд. Соли 1983 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.
Навиштаҳояш дар навъ ва жанрҳои гуногун дар «Боғбони гули кӯҳӣ», «Қасидаи бародарӣ», «Ҷонбохтаи Роҳатӣ», «Чанор дар Солони», «Ҷӯйи Навдиз», «Эҳёи Бешканд», «Чашмаи офтоб», «Ман чароғ афрӯхтам», «Нақби истиқлол», «Нӯҳ чанори Балҷувону Баҳманрӯд», «Ҷавпазак» ном маҷмӯаҳо ба дасти хонандагон расиданд.
Ба таъкиди рӯзноманигор Бузургмеҳри Баҳодур «Устод Бахтиёр Муртазоев ягона адиб ва публитсист аст, ки дар тӯли панҷоҳ сол барои ҳамаи ҷаридаҳои Тоҷикистон, аз «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», «Садои мардум» то «Садои Шарқ»-у «Адабиёт ва санъат» аз сохтмонҳои аср матолиби ҷолиб менависад, очеркҳои хондании ӯ дар бораи неругоҳҳои Норак, Роғун, Сарбанд зеби аксари донишномаву қомусҳои вижаи мост».
Нависанда бобати қиссаи «Нақби истиқлол»-и худ чунин қайд намуда: «Кӯҳи бовиқор, ки асрҳо боз побарҷост, дилашро ба инсон осон намекушояд. Вақте дили ӯро мешикофанд,ӯ ҳам ба саратон санг мерезад, об ҷорӣ мекунад ва ин дастбагиребонии сангу одам солҳо идома меёбад, то чунин нақбҳои чароғону ҳамвор сина боз кунанд».
Барои қиссаи «Нақби истиқлол» Бахтиёр Муртазоев ба Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ сазовор гашт. Қиссаи ҳуҷҷатиаш – «Ман чароғ афрӯхтам» соли 2008 ба Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ муносиб дониста шуд.
Қисмате аз асарҳои ӯ ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, озарӣ, литвонӣ, эстонӣ тарҷума чоп шудаанд.
Адиб ва публитсисти номвар ҳунари волои тарҷумонӣ дорад.
Соли 1964 ба аскарӣ гирифтанд. Лекин ҳамкориро ба рӯзномаҳо ғоибона давом медод. Ҳаққи қалам мефиристоданд. Дар яке аз хабарномаҳои почта сабт шуда буд: «35 сӯму 7 тин». Ҳамхидматон гумон карданд маблағро падараш фиристода. Ҳайрон шуданд: «Падар бароят тин ҳам фиристодааст!» Баъди фаҳмидани ҳақиқати ҳол афсаре шӯхиомез гуфт: «Ту ба аскарӣ не, ба сафари хидматӣ омадаӣ!»
Баъди бозгашт аз артиш дар «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолияташро давом дод. Соли 1969 бо роҳхати Вазорати нақлиёти Иттиҳоди Шӯравӣ ба сифати тарҷумон гурӯҳи роҳсозон ба Афғонистон рафт. Дар ҳамон ҷо, фориғ аз хидмат, ба тарҷумаи «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал шурӯъ намуд... Баъди ба Тоҷикистон баргаштанаш, дар миёнаи солҳои ҳафтодум, тарҷумаи романи «Сурх ва сиёҳ», ки онро «Вақоеъномаи асри ХIХ» меноманд, бо 10 ҳазор нусха аз тариқи нашриёти «Ирфон» чоп гашт.
Бахтиёр Муртазоев то он дам чандин ҳикоёти адибони барҷастаи дунёро ба тоҷикӣ баргардонда ва дар ин самт то андозае таҷриба ғун карда буд. Ҳанӯз соли аввали кор дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» тарҷумаи повести «Роҳи каҳкашон»-и Чингиз Айтматовро ба вай супурда буданд. Ӯҳда кард. Ба тарҷумаи тоҷикии «Сурх ва сиёҳ» баҳои муносиб доданд. Аз ҷумла, тарҷумони касбӣ Шамсӣ Собир ва нависандаи барҷаста Сотим Улуғзода қалами расо ва маҳорати хуби мутарҷимии Бахтиёри Муртазоро эътироф кардаанд. Дар охирсухани бознашри «Сурх ва сиёҳ» (Душанбе, 2025) нависанда Азизи Азиз навиштааст «Эътирофи Улуғзода баҳои баландтарин буд...»
Вақте дар бораи мактаби тарҷумонии адабиёти тоҷик сухан рафт, дар қатори Раҳим Ҳошим, Шариф Шараф, Шамсӣ Собир, Абдулло Зокир, Нусур Холмуҳаммад, Аслам Адҳам ва ҳамтоёни онҳо, ки беҳтарин мутарҷимҳоянд, номи устод Бахтиёр Муртазоев ба забон оварда мешавад.
Зикршуда «Садбарги зарин» ном асари Константин Паустовскийро низ устодона ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Мегӯянд ин чеҳраи намоёни насри имрӯзаи тоҷик аз хурдсолӣ ба шеър низ сарукор дошт. Дар мактабхонию донишҷӯйӣ шеърҳои зиёд, аз ҷумла достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомиро азёд медонист. Чанд муддат дар донишгоҳ ӯву Аслам Адҳам ҳамроҳ хонда будаанд. Нақл ҳаст, ки баробар бо Шарифҷон Ҳусейнзода, Воҳид Асрорӣ, Додоҷон Тоҷиев, Соҳиб Табаров барин донишмандони тоҷик нахустин сабақҳо аз арӯзро ба Аслам Адҳад Бахтиёр Муртазоев додааст.
Хидматҳои шоёни Бахтиёр Муртазоев дар равнақи адабиёт ва фарҳанг аз ҷониби роҳбарияти Тоҷикистон муносиб қадрдонӣ гашт. Ӯ Корманди шоиста, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, соҳиби чандин медалҳои ҷангиву меҳнатист.
Бо фармони Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 ба Бахтиёр Муртазоев унвони баланди Нависандаи халқии Тоҷикистон дода шуд.
Муҳаммадҷон ШОДӢ,
шаҳри Тошканд.