Солҳои охир дар кишвари мо дар самти татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи саноати кӯҳу кон ва геология, рушди устувори базаи ашёи хоми маъдан, ҷалби сармоя, кашфи конҳои нави маъданҳои фоиданок ислоҳоти пайваста амалӣ мегардад.
Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси Вазорати саноати кӯҳу кон ва геология оиди натиҷаҳои бадастомада дар соли гузашта, ислоҳот ва афзалиятҳои оянда нишасти матбуотӣ ба амал омад.
– Соли 2025 оид ба рушди устувори заминаи ашёи хоми маъданӣ, кашфи конҳои нав ва ба вуҷуд овардани харитаи геологии миёна ва калон як қатор корҳо дар миқёси ҷумҳурӣ ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, харитаҳои комплексии рақамии геологии майдони ҷумҳурӣ дар миқёси 1:200 000 пурра ташкил намуда ва пойгоҳи ягонаи маълумот сохта шуд. Дарвоқеъ, дар соли гузашта дар мамлакатамон таҳқиқоти космогеологӣ ва геокимёвӣ, инчунин корҳои васеи аэрогеофизикӣ ва дар як қатор минтақаҳои кӯҳӣ таҳқиқоти геологии минтақавӣ ба анҷом расид, – гуфт муовини вазири Вазорати саноати кӯҳу кон ва геология Ӯрал Юсуфов. – Дар натиҷаи корҳои иҷрошуда, 42 қитъаи ояндадор барои маъданҳои фоиданок ошкор гардид. Аз ҷумла, конҳои нави эҳтимолии тилло, мис, металҳои ранга ва нодир муайян карда шуданд. Дар доираи барномаи давлатӣ ҳамагӣ 289 лоиҳаи геологӣ амалӣ гашта, ки барои онҳо 2,9 триллион сӯм ҷудо карда шуд. Дар доираи ин лоиҳа 3 миллион метр корҳои пармакунӣ, зеризаминӣ ва кушоди кӯҳӣ, инчунин иктишофи сейсмикии 2D ва 3D иҷро карда шуданд.
Дар натиҷа, 19 кони нави ояндадори нафту газ омода карда ва дар як қатор минтақаҳо конҳои конденсати газ ошкор гардид. Комиссияи давлатии захираҳои маъданҳои фоиданок дар маҷмӯъ 50 захираи маъданҳои фоиданокро тасдиқ кард, ки 33-тои он конҳои навкашфшуда мебошанд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки бо мақсади ба зинаи нав баровардани корҳои ҷустуҷӯи геологӣ ва ҷалб намудани техникаю технологияи муосири ҷаҳонӣ истифодаи техникаи аэрогеофизикӣ ва дрон ҷорӣ карда шудааст. Дар натиҷа, арзиши аслии кор арзон, вақт сарфа ва самараи кор якчанд маротиба баланд гардид.
Намунаҳое, ки дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯи геологӣ гирифта шудаанд, дар сехҳои суфтакунӣ коркард шуда, барои таҳлил ба лабораторияҳо фиристода мешаванд. Дар лабораторияҳо бо таҷҳизоти ҳозиразамон таҳлилҳо гузаронида, хулосаҳо мебароранд.
Дар соли 2026 дар асоси татбиқи Барномаи давлатии «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» боз ҳам вусъат додани корҳои иктишофии геологӣ ва ташкили корҳои соҳа дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, васеъ намудани намудҳои хидматрасонӣ оид ба корҳои пармакунӣ ва технология, рушди корҳои геофизикӣ, моделсозӣ, навсозӣ ва татбиқи иқтидори геофизикӣ, инчунин дар равандҳои истеҳсолот ҷорӣ намудани таҷриба ва усулҳои пешқадам низ ба нақша гирифта шудааст.
Далер Азизов, хабарнигори
«Овози тоҷик».