Баракати замини наздиҳавлӣ

Дар шароити иқтисодии имрӯза афзудан ба даромади аҳолӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад.

 Дар ин самт аз ҷониби ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёде андешида шуда, барои рушди соҳибкорӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум имкониятҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд. Қабули як қатор қарорҳо ва фармонҳо барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба аҳолӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна мусоидат менамояд.
Дар чунин шароит истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Заминҳои наздиҳавлӣ дар деҳот яке аз манбаъҳои муҳим ва доимии таъмини даромади оилаҳо ба шумор мераванд. Аксари сокинон аз ин имконият самаранок истифода бурда, дар ҳавлӣ дарахтони мевадиҳанда мешинонанд, токпарвариро ба роҳ мемонанд, сабзавоту маҳсулоти полизӣ, инчунин чорво ва парранда парвариш менамоянд.
Дар деҳа одамони бекор кам ба назар мерасанд. Аксарият дар заминҳои худ бо деҳқонӣ ва боғдорӣ машғуланд. Онҳо на танҳо эҳтиёҷи оилаашонро бо сабзавоту мева, ғалладона, ангур ва маҳсулоти чорво таъмин мекунанд, балки қисми зиёдатии ҳосилро ба бозор мебароранд ва ҳатто ба хориҷи кишвар содир мекунанд. Дар ин самт сокинони вилояти Намангон низ фаъолияти назаррас доранд.
Сокинони маҳаллаи Наврӯзи ноҳияи Намангон асосан ба гулпарварӣ машғуланд. Зиёда аз 52 фоизи аҳолии маҳалла ба ин соҳа ихтисос ёфтааст. Даромади солонаи ҳар як хонадон ба ҳисоби миёна 120-130 миллион сӯмро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, Ойбек Нуриддинов дар 70 сотих замини қаблан бекорхобида кластери «Ҳусанбой Фирдавс гуллари»-ро ташкил намуда, 20 нафарро бо ҷойи кор таъмин кардааст. Дар ин ҷо намудҳои гуногуни гулҳои маҳаллӣ ва инчунин навъҳои зебои аз хориҷи кишвар воридшуда парвариш карда мешаванд.
Муҳаммадисоқ Сӯфиҷонов аз ноҳияи Янгиқӯрғон низ бо деҳқонӣ машғул аст. Ӯ дар маҳаллаи Обод зиндагӣ мекунад. Соли гузашта дар 8 сотих замини наздиҳавлии худ гармхона бунёд намуда, лимон парвариш кард. Имсол бошад, боз дар 4 сотих замин гармхонаи иловагӣ сохта, дар он лимӯ, помидор, бодиринг ва кабудиҳо парвариш мекунад.

– «Меҳнат кунӣ, роҳаташро мебинӣ», мегӯянд. Дар ҳақиқат, мо бо чаҳор нафар аъзои оилаамон дар ин гармхонаҳо меҳнат мекунем. Соли гузашта аз ин кор 40 миллион сӯм даромад гирифтем, – мегӯяд Муҳаммадисоқ Сӯфиҷонов.
Сокинони маҳаллаи Соҳилободи ноҳияи Тӯрақӯрғон низ ба боғдорӣ машғул шуда, хоҷагиҳои худро рушд медиҳанд. Токзорҳои васеъ, боғҳои шафтолу ва бодом барои сокинон манбаи даромад гардида, ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоранд. Дар натиҷа, дар ин маҳалла оилаҳои камбизоат хеле каманд. Ҳоло бошад, парвариши қулфинай бо усулҳои муосир низ рушд ёфта истодааст.
Аминахонмомо Айюбоваи 76-сола дар 10 сотих замини наздиҳавлии худ гармхона ташкил намуда, бо парвариши қулфинай машғул аст.

– Вақте ки гармхонаро бори аввал ташкил кардем, помидор ва бодиринг парвариш мекардем, – мегӯяд ӯ. – Се сол мешавад, ки бо усули гидропоникӣ қулфинай парвариш мекунем ва ҳосили фаровон мегирем. Ин усул хеле самарабахш будааст. Моҳи октябр ниҳол мешинонем ва қариб тамоми сол ҳосил мегирем. Дар ҳар фасли сол харидорон аз хонаамон кам намешаванд. Набераам Муҳаммадҷон ба ман ёрӣ мерасонад. Ҳоло қулфинай пухтааст ва дар бозори дохилӣ бо нархи 180-200 ҳазор сӯм фурӯхта мешавад. Даромади солона ба 60-70 миллион сӯм мерасад.
Музаффарота Ғаниев аз ноҳияи Косонсой низ яке аз деҳқонони таҷрибадор ба шумор меравад. Ӯ дар 16 сотих замини наздиҳавлии худ сабзавот ва дарахтони мевадиҳанда парвариш карда, ба оила барака меорад. Дар гармхона бошад, лимӯ ва қулфинай парвариш мекунад. Илова бар ин, дар кунҷи ҳавлӣ молхона бунёд карда, зиёда аз 10 сар чорвои калони шохдор нигоҳубин менамояд. Ҳамаи ин ба даромади оила саҳми назаррас мегузорад.
Ғайр аз ин, бисёр деҳқонон дар зери ниҳолҳои лимӯ кабудиҳои гуногун парвариш карда, онҳоро ба бозор мебароранд.
Таҷрибаи сокинони вилояти Намангон нишон медиҳад, ки истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои наздиҳавлӣ метавонад ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, афзоиши даромади оилаҳо ва таъмини бозор бо маҳсулоти тару тоза мусоидат намояд.

Шаҳло МАМАДҶОНОВА,
вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: