25 марти соли ҷорӣ қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами ПҚ–110 «Дар бораи чорабиниҳои комплексӣ оид ба суръат бахшидан ба рушди таълими экологӣ, илм ва тарғиб дар доираи лоиҳаи умумидавлатии “Эко-маданият”» қабул гардид.
Мақсадҳои асосии қабули ин қарор чунинанд:
• Дар солҳои 2026–2027 дар ҳар як минтақаи ҷумҳурӣ ба роҳ мондани фаъолияти 14 техникуми “сабз”, ки мутахассисони сатҳи миёнаро омода мекунанд;
• Рушди минбаъдаи таълиму тарбияи экологӣ бо мақсади омода кардани 10 000 кадрҳои сатҳи миёна дар мактабҳои техникии "сабз" дар ҳар як минтақаи ҷумҳурӣ то соли 2030.
• Дар солҳои 2026–2028 зиёд намудани шумораи довталабони дараҷаҳои илмӣ дар соҳаи экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим то 150 нафар.
Тибқи ин қарор, муассисаҳои таълимии зикршуда аз соли таҳсили 2026/2027 ба ҳайси техникумҳои “сабз” аз нав ташкил карда мешаванд. Дар онҳо бо назардошти шароити экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаҳо, низоми омодасозии мутахассисони сатҳи миёна ба роҳ монда мешавад.
Бо мақсади беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва баланд бардоштани сифати таълим, ин техникумҳо дар асоси ҳамкорӣ бо Агентии таълими касбӣ ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ оид ба омӯзиши муҳити зист ва тағйирёбии иқлим вобаста карда мешаванд.