Сарнавишт ва шукӯҳи Қасри маданияти Варзик

Қасри маданият ё Коҳи фарҳанг маъвоест, ки дар он мардум бобати масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, илмию тамошои анҷуманҳои фарҳангӣ, эҷодӣ, ҳунарӣ, варзишӣ ва ғайра ҷамъ меоянд, он ҳамчунин маскани омӯзиши илму ҳунар, бахусус, барои наврасону ҷавонон аст.

Чунин қасри фарҳанг ҳанӯз соли 1962 дар маркази деҳаи Варзики ноҳияи Чуст сохта шуда, барои ихлосмандони фарҳангу санъат дари худро боз карда буд. Он замон вай дар ҳудуди ноҳия ягонаю беҳамто маҳсуб меёфт. Мардум онро кӯтоҳак «клуб» мегуфтанд.

Клуби варзикиён, ғайри маҷлисгоҳ, боз китобхона, кабинетҳои корӣ, хонаҳои махсус барои маҳфилу  машғулиятҳо ва дигар утоқҳои иловагӣ дорад.

Сараввал дар он асосан кино намоиш медоданд, маҷлисҳои шӯрои деҳа, раёсати хоҷагии ҷамоавӣ, чорабиниҳои мактабӣ, (деҳа дорои чор маърифатгоҳи таълимӣ аст)  иду маросимҳо баргузор мешуданд. Ин ҷо бояд зикр кард, ки ноҳияи Чуст дар вилоят ва деҳаи Варзик дар ноҳия бо шоиру нависандагон ва санъаткорони маданиятдӯст шинохта шудаанд. Аз ин рӯ, ҷамоаи гурӯҳҳои санъату ҳунари Ӯзбекистону Тоҷикистон бо сафари ҳунарӣ нахуст ба Варзик омада, дар ҳамин клуб барои тамошобинон намоишҳо ва санъати худро пешкаш менамуданд.

Клуб баъди таъмиру тармими пурра дубора ба кор сар кард.  Расми кушоиши он панҷ сол муқаддам ба ҷашни Наврӯз рост омад. Дар он меҳмонон, намояндагони идораҳои ноҳия ва вилоят иштирок карданд.

Мо дар арафаи таҷлили имсолаи Наврӯз бо директори Қасри маданият Маҳбуба Йӯлдошева ҳамсуҳбат шудем.

 – Ман зодаи Варзикам. Солҳои ҷавонӣ аз тариқи радиою телевизион суруду таронаҳои ҳунарпешаҳои машҳур Шоиста Муллоҷонова, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов, Шералӣ Ҷӯраев, Матлуба Дадабоева ва дигаронро бо завқ мешунидам. Сурудҳо, тарзи иҷро ва овози онҳо бағоят фораму дилрабо буданд. Ман онҳоро дар тадбирҳои мактабӣ замзама намуда, ба рақс ҳам медаромадам. Баъди хатми мактаб, бо орзую ҳавас таҳсилро дар шуъбаи мусиқии коллеҷи Намангон давом додам. 

     Фаъолияти меҳнатиамро дар қасри маданияти ҳамсоядеҳаи Ғаво сар кардам. Соли 2010 ба Варзик омадам. То бозсозии қасри маданият дар бинои собиқ шӯрои деҳа кор кардем, ман омӯзгор ва раҳбари маҳфили рақсу суруд будам.

Соли равон таҳсили ғоибонаро дар шуъбаи фолклорию этнографии Донишкадаи давлатии санъат ва маданияти Тошканд хатм хоҳам кард.

Инҷо бояд гуфт, ки барои дарёфти қиёфаи кунуниву обод шудани қасри маданиятамон саҳми мӯйсафедону собиқадорони меҳнат, ба хусус, Одилҷон Каримов, Муҳиддинҷон Шарифов, Ҳабибҷон Ғафуров, Назирҷон Эргашев ва  дигарон хеле назаррас аст.

Алҳол қасри ободу зебои мо ба деҳа ҳусну шаҳомат мебахшад. Он зиёда аз 300 ҷойи нишаст дорад. 10 нафар ба кори доимӣ таъмин шуданд, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд.

Дар қаср маҳфилҳои рақсу суруд, маҳорати актёрӣ, доира, таблак ва рубобнавозӣ амал мекунанд. Дастаи ҳунарии «Наврӯз» фаъол аст. 

5 соли охир мо чорабиниҳои бузург, аз ҷумла, соли 2021-ум 110-солагии нависанда, драматург, адабиётшинос ва мутарҷими шуҳратёр, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳамдеҳамон, устод Сотим Улуғзодаро баргузор кардем. Дар он баробари намояндагони ноҳияву вилояти худамон аз шаҳрҳои Фарғона, Тошканду Самарқанд, инчунин аз шаҳри Хуҷанду ноҳияи Ашти Тоҷикистон меҳмонон, вакилу роҳбарони баландмартаба, аз ҷумла, Сафири Фавқулодда ва Мухтори вақти Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок карданд.

Ин тадбир ба тантанаи дӯстиву бародарии ду ҷумҳурии ҳамсоя – Ӯзбекистону Тоҷикистон табдил ёфт.

 Баъдан бинобар хоҳишу дархости ҳамсинфони собиқу дугонаҳо Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистону Тоҷикистон, барандаи мукофоти Гран-прии Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ», ҳамдеҳаи дигарамон Матлуба Дадабоева ташриф овард. Толор, роҳравҳои байни нишастгоҳҳо бо муштариёну меҳмонон пур шуданд. Консерт-мулоқот хеле хотирнишин гузашт.

Мо инчунин бисёр тадбирҳоро бо иштироки ҷамоаи мактаб, боғчаву кӯдакистон, маҳаллаҳо ва дигар созмонҳо мегузаронем. Меҳмононро низ қабул мекунем. Чанде муқаддам ҳунармандони Театри мусиқиву мазҳакавии  Хуҷанд ба номи Камоли Хуҷандиро бо хушиву шодмонӣ пешвоз гирифтем. Онҳо ба тамошобинони мо «Азоби виҷдон» ном намоишномаро пешкаш карданд. Мухлисони адабиёту ҳунар аз он таассуроти хуш гирифтанд. Ҳоло намоишҳои ҳунариву бадеии худро ба шарафи  Наврӯзи ҷаҳонӣ пешкаши ҳаводорон, санъатдӯстони Варзики овозадор мекунем. Меҳмонони Наврӯзро бо рӯҳбаландию меҳмоннавозӣ истиқбол мегирем.

Имсол, қасри маданияти мо 60 сола мешавад, ният дорем, ки аҳли деҳаро бо дастовардҳои худ шоду масрур намоем, – гуфт дар охир Маҳбуба Йӯлдошева

Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: