Анбар ва кити кабуд

Мушку анбар ду намуди атри номии қадима мебошад, ки ба даст овардани он кори осон нест.

 Мушк аз оҳуи нарина гирифта мешавад. Анбар бошад, моддаест, ки тӯли солҳо дар меъдаи кит пайдо ва ҷамъ мешавад ва кит пеш аз марг онро тавассути даҳонаш мебарорад. Ин моддаи моеъ дар сатҳи об шакли булӯрин мегирад. Моҳигирон онро пайдо карда, аз моддаҳои нолозим тоза ва аз он атрҳои нодиру хушбӯву гаронбаҳо омода мекунанд.
Бузургтарин ҳайвони сайёраи мо кити кабуд буда, то 200 тонна вазн дорад. Дарозии он ба 30 метр мерасад ва нафаси худро 90 дақиқа нигоҳ дошта метавонад.
Мегӯянд, ки кити кабуд наздикшавии марги худро ҳис мекунад. Аз ин рӯ, он садҳо километр аз макони худ шино карда ва қувваи охирини худро ҷамъ намуда, ба қабати чуқуртарини об ғӯта мезанад. Ин падида «афтодани кит» номида мешавад. Дар аввал, мормоҳӣ ва наҳангҳо, баъд кирмҳои хурд аз ҷасади кит ғизо мегиранд.
Пас аз муддати тӯлонӣ кирмҳои зомбӣ пайдо мешаванд. Онҳо аз худ туршӣ бароварда, устухони китро пора-пора мекунанд ва барои бактерияҳои симбиотикӣ шароит фароҳам меоранд, то ки чунин бактерияҳо аз равған ва сафедаҳои дохили устухон ғизо гиранд. Чунин бактерияҳо шароит фароҳам меоранд, ки дар атрофи скелети кит шаклҳои нави ҳаёт ба вуҷуд ояд. Дар натиҷа, дар қаъри уқёнус як экосистемаи пурра ба вуҷуд меояд, ки ин ҷараён то 100 сол идома меёбад. Ҷасади як кит 43 намуд ва наздик ба 12500 ҷонзодро ғизо медиҳад. 

Таҳияи Н. Нодирова.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: