Накӯкори гуноҳкор

Рӯзе буду рӯзгоре буд. Дар рӯзгори қадим пирамарди мусулмон ва донишманде дар Бухоро зиндагӣ мекард, ки ӯро Хоҷаи Бухороӣ меномиданд.

Як рӯз Хоҷа молу сарвати худро ҳисоб карду дид, ки дороияш афзуда ва ба ҳадде расидааст, ки мутобиқи дастури дини мубини ислом, рафтан ба сафари ҳаҷ ва зиёрати хонаи каъба бар ӯ воҷиб аст. Ин буд, ки асбоби сафар омода кард ва ҳамроҳи қофилае ба сӯи Макка роҳ пеш гирифт.

Дар миёни қофила, даму дастгоҳу дороии Хоҷа аз дигарон дида намоён ва бештар буд. Чандин нафар хидматгор ҳамроҳ дошт ва беш аз сад шутур борҳои ӯро мекашиданд. Шутурҳою молҳое, ки дар ӯ буд, аз ҳама беҳтар буд ва шутурдорҳову сорбонҳо ҳам ба Хоҷаву ҳамроҳонаш бештар эҳтиром мегузоштанд, чунки Хоҷа марде донишманд буд ва пули зиёд харҷ мекард ва ҳар ҷо манзил мекарданд ва аз суфраи худ ба коркунони қофила шому наҳор медод ва иззату эҳтироми Хоҷа бар ҳама маълум буд.

Ҳамроҳи он қофила чанд нафар ҳам буданд, ки бо харҷи кам нияти ҳаҷ карда, бо дарвешиву қаноат рӯз мегузарониданд ва пиёда ҳамроҳи корвон мерафтанд.

Он рӯзҳо ба ҷуз шутур ҳеҷ василаи дигаре набуд, ки тавонад биёбонҳои беобуалафи Арабистонро тай кунад ва сафари ҳаҷ як сол тӯл мекашид. Ин ҳоҷиҳои дарвеш вақте ба наздикии сарзамини Ҳиҷоз расиданд, аз сахтии роҳу бепулӣ ва бехӯрокӣ дигар барояшон ҳол намонда буд.

Рӯзе, ки ҳоҷиҳо ба саҳрои Арафот расиданд, ҳаво хеле гарм буд ва яке аз ҳоҷиҳои дарвеш аз дидани нозу неъмате, ки Хоҷаи Бухороӣ дошт ва аз ранҷе, ки худаш таҳаммул мекард, нороҳат шуда буд ва дар ҳоле ки пойҳояш аз пиёдаравӣ дигар тоби рафтан надошт ва лабҳояш аз ташнагӣ хушк шуда бошад, дилаш ба шӯр омаду рӯ ба Хоҷаи Бухороӣ кард ва аз тангдилӣ, ки дошт, гуфт:

– Мову ту ҳар ду ба ҳаҷ меравем. Аммо ту ба ин осудагию нозу неъмат ва мо бо ин сахтию шиддат ба хонаи Худо наздик мешавем. Оё тасаввур мекунӣ, савоби ту бо мо баробар хоҳад буд?

Хоҷа ҷавоб дод:

– На, ман ҳаргиз тасаввур намекунам, ки аҷри мо назди Худованд баробар бошад, агар чунин фикре мекардам, ин гармо ва роҳи дурро бар худ ҳамвор намекардам.

Дарвеш бо тааҷҷуб пурсид:

– Чаро? Ҳоло ту худатро аз мо беҳтар ҳам медонӣ?

Хоҷа гуфт:

– Бале, барои ин ки ман ба дастури Худо ва Қуръон амал мекунам ва ту бар хилофи дастур рафтор мекунӣ. Ба ман дастур додаанд, ба ҳаҷ биё ва ба ту дастур додаанд наё. Ман итоат кардам ва ту итоат накардӣ.

Дарвеш гуфт:

– Сухани аҷибе мешунавам?

Хоҷа гуфт:

– Иттифоқан, сухани дуруст мешунавӣ. Сафари ҳаҷ намоз нест, ки бар ҳама кас аз фақиру бой воҷиб бошад. Шарти сафари ҳаҷ, доштани имконияту тавоноӣ аст. Ман тавоноӣ ва имконият доштам ва бар ман воҷиб буд, ту тавоноӣ надоштӣ ва аз ин сахтӣ, ки мекашӣ, савобе намебарӣ.

Дарвеш гуфт:

–  Ҳоло, илова бар ин, ки кӯмак намекунӣ, захми забон ҳам мезанӣ?

Хоҷа гуфт:

–  На, ин захми забон нест, ҳақиқат аст. Ман ҳозирам то бозгашт ба ватан шуморо ба харҷи худ ҳамроҳ кунам, аммо дастури дин ҳамон аст, ки гуфтам. Ҳар коре шароите дорад ва ҳар дастуреро бар касе додаанд. Дар дини ислом рӯза воҷиб аст, аммо бар одами бемор ҳаром аст, аммо барои касе, ки аз гуруснагӣ мемирад ва ҳеҷ хӯроки дигаре надорад, ҳаром нест, итоати амри падару модар барои фарзанд вазифа аст, аммо итоати онон дар кори ҳарому гуноҳ ҳаром аст, ҳар дастуреро ба ҷои худаш додаанд ва барои ҳар кас дар ҳар ҳоле вазифае маълум кардаанд.

Дарвеш гуфт:

– Дуруст аст. Ҳоло дар ин ҷо бояд чӣ кунам?

Хоҷа гуфт:

–  Ҳоло ман шуморо ба ватан мерасонам, аммо баъд аз ин аҳкоми исломро, он тавр ки дастур додаанд, амал кунед, на он тавр ки салиқае ва ҳаваси худатон аст. Ин ки мо баъзе аз дастурҳоро қабул дошта бошем ва баъзе дигарро ба салиқаи худамон тағйир бидиҳем, дин несту мусулмонӣ нест. Бихонед, бипурсед, ёд бигиред ва он вақт амал кунед, то корҳои шумо ба ҷои сарфарозӣ шармандагӣ ба бор наёварад.

Аз «Қобуснома»-и У. Кайковус
таҳияи Маҳдии Озарияздӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: