Натиҷабахшии ислоҳот дар вилояти Намангон ва вазифаҳои афзалиятнок баррасӣ шуданд

  • Натиҷабахшии ислоҳот дар вилояти Намангон ва вазифаҳои афзалиятнок баррасӣ шуданд
  • Натиҷабахшии ислоҳот дар вилояти Намангон ва вазифаҳои афзалиятнок баррасӣ шуданд
  • Натиҷабахшии ислоҳот дар вилояти Намангон ва вазифаҳои афзалиятнок баррасӣ шуданд
  • Натиҷабахшии ислоҳот дар вилояти Намангон ва вазифаҳои афзалиятнок баррасӣ шуданд

31 март Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба натиҷабахшии ислоҳот дар вилояти Намангон ва вазифаҳои устуворе, ки дар оянда бояд амалӣ гарданд, ҷамъомад баргузор кард.

Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки солҳои охир дар соҳаҳои саноат, хидматрасонӣ ва фаъолияти соҳибкории Намангон рушди назаррас мушоҳида гардида, вилоят дар бисёр самтҳо барои минтақаҳои дигар ба намуна табдил ёфтааст. Бахусус, дар ҳашт сол беш аз 40 ҳазор корхонаи нав ба фаъолият шурӯъ намуд ва ҳаҷми истеҳсолот 6 баробар афзуда, ба 40 триллион сӯм расидааст.

Зикр гардид, ки тибқи натиҷаҳои соли 2025 маҷмӯи маҳсулоти умумии минтақавии вилоят 85,4 триллион сӯмро ташкил дода, суръати рушд ба 8,2 фоиз расидааст. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 40,1 триллион сӯм ва ҳаҷми хидматрасонӣ 56,3 триллион сӯмро ташкил кардааст. Ба вилоят 3,3 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шуда, ҳаҷми содирот ба 916 миллион доллар баробар шудааст.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки дар шароити ноустувории бозори ҷаҳонӣ нигоҳ доштани суръати рушди иқтисодӣ дар Намангон ва ба кор андохтани «нуқтаҳои нави рушд» аҳамияти муҳим дорад. Бинобар ин, дар назди роҳбарияти вилоят вазифа гузошта шуд, ки дар соли 2026 рушди иқтисодиётро ба 9,2 фоиз, саноатро 9 фоиз, хидматрасониро 16,3 фоиз ва кишоварзиро 6,8 фоиз таъмин намоянд, инчунин содироти сайёҳиро 1,7 баробар зиёд намоянд. Ба 5 миллиард доллар расонидани ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ва ба 1,2 миллиард доллар баровардани ҳаҷми содирот чун вазифа муайян гардид.

Зарурати то поёни сол то 3,5 фоиз коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва то 2,5 фоиз кам кардани сатҳи нодорӣ, инчунин ба минтақаҳои озод аз бекорӣ ва камбизоатӣ тадбил додани шаҳри Намангон, ноҳияҳои Давлатобод, Намангони Нав, Намангон, Косонсой, Норин ва Уйчи таъкид гардид.

Дар ҷамъомад ба масъалаи таҳлили амиқи иқтидори ҳудудӣ дар пояи зеҳни сунъӣ низ диққати махсус зоҳир гардид. Дар мисоли ноҳияи Норин гуфта шуд, ки имкониятҳои ду баробар зиёд кардани сармоягузорӣ, афзоиши саноат ба 10,4 фоиз ва содирот ба 35 фоиз дар ҳамин сол муайян шудаанд. Супориш дода шуд, ки акнун ин равиш дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят татбиқ гардад.

Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Аз ин рӯ, вазифа гузошта шуд, ки дар вилоят ба ҷойи 2,5 ҳазор гектар боғҳои камсамар боғҳои муосири интенсивӣ ташкил гардида, 8 ҳазор гектар замин аз худ карда шавад. Тавассути ин манбаъҳои иловагии даромад ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд.

Дар ҷамъомад ба лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ диққати махсус дода шуд. Аз ҷумла, барои дар мавзеи «Сабзазор»-и минтақаи озоди иқтисодии «Намангон» пурра амалӣ намудани 15 лоиҳа бо арзиши умумии 547 миллион доллар зарурати сохтани зеристгоҳи иловагии барқ зикр гардид. Ҳоло дар ин ҷо 7 лоиҳа бо арзиши 215 миллион доллар ба кор даромадааст.

Ҳамчунин, пешниҳод шуд, ки бинои IT-парки замонавӣ ба маблағи 20 миллион доллар бунёд гардид. Таъкид гардид, ки ин лоиҳа барои ҷалби ширкатҳои байналмилалӣ ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, офаридани ҷойҳои нави корӣ, рушди босуръати трансформатсияи рақамӣ, зеҳни сунъӣ, тиҷорати электронӣ ва экосистемаи стартапҳо дар минтақа хидмат мекунад.

Ташаббусҳои ба «Шаҳри ақлнок» табдил додани ноҳияи Давлатобод, инчунин таъсиси озмоишгоҳи илмии зеҳни сунъӣ ва клуби стартапҳо дар заминаи иншооти холии тобеи Донишгоҳи давлатии техникии Намангон низ муҳокима шуданд. Гуфта шуд, ки тавассути платформаи ягонаи рақамии «Намангон – шаҳри оқил» ҳамгироии зина ба зинаи хидматрасониҳои коммуналӣ, идоракунии партовҳо, мониторинги экологӣ ва низоми нақлиёт ба нақша гирифта шудааст.

Дар бахшҳои саноат ва соҳибкорӣ як қатор ташаббусҳои нав баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки  барои татбиқи лоиҳаи неруи “сабз” бо иқтидори 60 мегаватт дар ноҳияи Чуст 24 гектар замин ҷудо карда шавад.  Лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои сарди бидуни алкогол, шарбатҳо ва ғизои кӯдакон дар ноҳияи Чортоқ муаррифӣ гардид.

Таъкид шуд, ки дар соҳаи кишоварзӣ низ захираҳои бузург мавҷуданд. Тӯли солҳои 2026–2027 дар доираи ташаббусҳои бунёди боғу токзорҳои нави интенсивӣ, дар 3948 гектар майдон ташкил кардани боғу токзорҳо, шинондани 1,3 миллион бех ниҳол ва роҳандозии обёрии қатрагӣ дар 1,5 ҳазор гектар замин ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта шуд, ки дар соҳаи паррандапарварӣ лоиҳаи бузург ба маблағи 50 миллион доллар амалӣ гардида, дар доираи он иқтидори истеҳсоли 813 миллион дона тухм ва 2 ҳазор тонна гӯшт ба вуҷуд меояд. Ин барои пурра таъмин намудани эҳтиёҷи вилоят ба тухм, инчунин баҳри ба маблағи 42 миллион доллар содир намудани маҳсулоти гӯшт ва тухми парранда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои араб имконият фароҳам меорад.

Масъалаи ба соҳаи драйверии иқтисодиёт табдил додани туризм низ дар маркази муҳокима қарор гирифт.

Бо мақсади ба маркази сайёҳии водӣ табдил додани вилоят, бунёди маҷмааи муосир ва инноватсионии сайёҳӣ дар атрофи кӯлҳои «Арашан»-и ноҳияи Поп, ташкили минтақаи байналмилалии гуногунсамтаи истироҳати кӯҳии “Qamchiq Mountain Resort” дар ҳудуди ағбаи Қамчиқ, таъсиси маркази сайёҳӣ дар маҳаллаи Гулистони деҳаи Чодак ва маскани бузурги туристӣ дар маҳаллаи Олмазори ноҳияи Косонсой, инчунин, татбиқсозии лоиҳаи кӯли сунъӣ дар ҳудуди Нанайи ноҳияи Янгиқӯрғон пешниҳод гардид.

Ҳамчунин, аз рӯйи таъсиси маҷмааи сайёҳӣ дар қисми таърихии шаҳри Намангон, ки дар худ меъмории миллӣ, анъанаҳои ҳунармандӣ ва хизматрасонии замонавиро ҳамоҳанг хоҳад кард, бунёди «экобозор»-ҳои замонавӣ дар заминаи бозорҳои «Чорсу» ва «Сардоба» ва сохтмони таваққуфгоҳҳои бисёрошёна пешниҳодот ба миён гузошта шуданд. Қайд гардид, ки ин лоиҳаҳо барои рушди иқтисодиёти шаҳр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои савдо ва хидматрасонӣ мусоидат мекунанд.

Дар самти беҳтар намудани инфрасохтор низ як қатор лоиҳаҳои бузург баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, лоиҳаҳои таҷдиди низоми партовоби шаҳри Намангон дар асоси шарикии давлативу бахши хусусӣ, инчунин бори аввал бо шабакаҳои мутамаркази партовоб таъмин намудани марказҳои ноҳияҳои Учқӯрғон ва Уйчи пешниҳод шуданд. Тавассути бунёди иншооти нави партовоб бо иқтидори 10 ҳазор метри мукааб, 40 километр шабакаи нав ва навсозии 28 километр шабакаи таъмирталаб дар Уйчи ва Учқӯрғон, фаро гирифтани 42 ҳазор аҳолӣ ва 6983 хонадон пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин масъалаи суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки Намангони Нав баррасӣ шуд. Дар доираи лоиҳа таъсиси 30 ҳазор ҷойи нави корӣ, таъмири 25,2 километр роҳ, сохтмони 7,2 километр роҳрави пиёдагардон, 4,7 километр шабакаи об ва 7,4 километр минтақаи сабз дар назар аст.

Дар соҳаи иҷтимоӣ низ ташаббусҳои бузург пешбарӣ шуданд. Бахусус, пешниҳод гардид, ки соли 2026 дар шаҳри Намангон барои 15 ҳазор нафар ташкилотҳои таълими томактабӣ ташкил гардида, 42 ҳазор метри мураббаъ заминҳои холии 21 муассисаи таълимӣ барои сохтмони кӯдакистонҳо дар асоси шарикии давлативу бахши хусусӣ ҷудо карда шаванд.

Дар соҳаи тандурустӣ ташаббусҳое чун ташкили филиали Маркази ихтисосонидашудаи травматология ва ортопедияи ҷумҳурӣ дар Намангон, бо дастгоҳи муосири ПЭТ-томограф таҷҳизонидани маркази онкология ва радиология, таҷдиди маркази бисёрсоҳаи тиббӣ ва роҳандозии амалиёти ҷарроҳии баландтехнологӣ баррасӣ шуданд. Гуфта шуд, ки тавассути ин на танҳо ба аҳолии вилоят, балки барои бемороне, ки аз минтақаҳои ҳамсоя меоянд, имконияти пешниҳоди хидмати баландихтисоси тиббӣ вусъат меёбад.

Дар анҷоми ҷамъомад Президент аз рӯйи пурра ба кор андохтани иқтидори мавҷудаи вилояти Намангон, ба натиҷаи мушаххас табдил додани ҳар як лоиҳа, зиёд кардани таъмини шуғл ва даромади аҳолӣ, инчунин густариши истеҳсолоти содиротӣ ва дорои арзиши иловашудаи баланд дар назди масъулон вазифаҳо гузошт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: