ҶММ «Уйчи парранда», ки дар шаҳри Намангон фаъолият мебарад, имрӯзҳо 80 нафар ҳамдиёронамонро ба кори доимӣ таъмин намудааст.
Дар корхона гӯшти мурғ 100 фоиз коркард шуда, дар асоси технологияҳои замонавӣ ба ҳолати маҳсулоти тайёр ва нимтайёр оварда мешавад. Иқтидори истеҳсолӣ низ ба эътибор молик – имконияти дар як соат коркарди 6 ҳазор сар мурғ мавҷуд.
Ба таъмини сифат ва бехавфии маҳсулоти озуқавории ба аҳолӣ дастрасшаванда низ эътибори алоҳида дода мешавад.
Дар оянда ба роҳ гузоштани экспорт ва барпои ҷойҳои нави корӣ ба нақша дароварда шудааст. Ин нафақат барои рушди корхона, балки барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори иқтисодии ҳудуд хидмат менамояд.
Дар сурат: дар ҶММ «Уйчи парранда», воқеъ дар шаҳри Намангон.
Суратгир: Ҳ. Мамадалиев (ӮзА).