Пардохтҳои ғайринақдӣ: талаботи нав чӣ афзалият дорад?

Дар шароити ҷаҳони муосир иқтисодиёт дигар наметавонад танҳо бо усулҳои суннатии муомилоти молиявӣ маҳдуд шавад.

Рушди технология, густариши хидматрасониҳои рақамӣ, афзоиши суръати зиндагӣ ва зарурати таъмини шаффофияти иқтисодӣ тақозо мекунанд, ки низоми ҳисоббаробаркунӣ низ ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад. Дар чунин шароит пардохтҳои ғайринақдӣ тадриҷан ба яке аз унсурҳои муҳимтарини иқтисодиёти муосир табдил ёфта истодаанд. Имрӯз онҳо на танҳо як шакли нави пардохт, балки воситаи муҳими баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ, осон намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба ҳисоб мераванд.

Дар Ӯзбекистон низ солҳои охир сиёсати густариши пардохтҳои ғайринақдӣ босуръат пеш бурда мешавад. Давлат кӯшиш дорад, ки муҳити молиявиро шаффофтар, муносибатҳои иқтисодиро ба ҳисобгирӣ наздиктар ва шароити пардохтро барои аҳолӣ ва соҳибкорон қулайтар намояд. Маҳз дар ҳамин доира талаботи нав ҷорӣ гардид, ки тибқи он аз 1 апрели соли 2026 барои як қатор мол ва хидматрасонӣ пардохт танҳо ба шакли ғайринақдӣ амалӣ мешавад. Аз ҷумла, ин меъёр ба фурӯши маҳсулоти алкоголӣ ва тамоку, баъзе пардохтҳои давлатӣ, хидматрасониҳои коммуналӣ, сӯзишворӣ, пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ ва баъзе намуди амалиёти дигар дахл дорад.

Дар баробари ин, барои осон кардани қабули пардохт ҷорӣ гардидани низоми ягонаи QR-код низ пешбинӣ шудааст. Ин иқдом нишон медиҳад, ки давлат на танҳо маҳдудият мегузорад, балки ҳамзамон барои амалӣ шудани низоми нав инфрасохтори заруриро низ фароҳам месозад. Чунин тағйирот дар асл ба нафъи ҳама аст: барои шаҳрвандон – аз лиҳози қулайӣ ва амният, барои соҳибкорон – аз ҷиҳати тартиби баҳисобгирӣ ва рушди тиҷорат, барои давлат — аз нуқтаи назари коҳиши иқтисоди пинҳонӣ ва афзоиши шаффофият. Доири пардохтҳои ғайринақдӣ, моҳият ва афзалиятҳои он бо сарвари Кумитаи назорати андози давлатии ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ Фозилҷон Усмонов суҳбат доштем, ки пешкаши хонандагон мегардад. 

– Чанд сухан доири моҳияти пардохтҳои ғайринақдӣ мегуфтед.

– Пардохтҳои ғайринақдӣ чунин шакли ҳисоббаробаркунӣ мебошанд, ки дар онҳо пули коғазӣ ва тангаҳо бевосита истифода намешаванд. Ба ҷои ин, маблағ аз як ҳисоб ба ҳисоби дигар тавассути воситаҳои электронии молиявӣ интиқол дода мешавад. Чунин пардохт метавонад бо ёрии корти бонкӣ, барномаи мобилӣ, ҳамёни электронӣ, интиқоли онлайн, QR-код ё дигар низомҳои рақамӣ анҷом дода шавад.

 Имрӯз бисёр одамон аллакай бидуни он ки ба ин масъала зиёд аҳамият диҳанд, аз пардохтҳои ғайринақдӣ васеъ истифода мебаранд. Масалан, ҳангоми хариди мол, пардохти ҳаққи барқ, об, газ, интернет, пур кардани тавозуни телефон, фиристодани маблағ ба наздикон, хариди чипта ё мол аз мағозаи онлайн – ҳамаи ин шаклҳои муосири пардохт мебошанд. Яъне, пардохти ғайринақдӣ дигар чизи ғайриоддӣ нест, балки қисми табиии зиндагии рӯзмарра гаштааст.

– Чаро имрӯз ба пардохтҳои ғайринақдӣ аҳамияти бештар дода мешавад?

 – Сабаби асосӣ дар он аст, ки иқтисодиёти муосир ба шаффофият ва тартиб ниёз дорад. Ҳар қадар ки муносибатҳои молиявӣ бештар сабт шаванд, ҳамон қадар барои давлат, соҳибкор ва истеъмолкунанда фаҳмидан ва назорат кардани онҳо осонтар мешавад. Агар муомилоти зиёд дар шакли нақдӣ анҷом шаванд, дар бисёр ҳолатҳо пайгирии онҳо мушкил мегардад. Ин ҳолат метавонад ба пинҳон мондани даромад, саркашӣ аз андоз, бе ҳисоб анҷом ёфтани савдо ва заиф шудани рақобати солим оварда расонад.

Иқтисоди миллӣ ба марҳилаи наве ворид шуда истодааст, ки дар он на танҳо ҳаҷми истеҳсол ва савдо, балки сифати идоракунии муомилоти молиявӣ низ хеле муҳим мебошад. Гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар асл як қисми раванди васеътари рақамикунонии ҷомеа ва иқтисод аст.

– Афзалиятҳои асосии пардохтҳои ғайринақдӣ барои шаҳрвандон дар чист?

– Яке аз муҳимтарин бартариҳои пардохтҳои ғайринақдӣ қулайӣ мебошад. Дар шароити зиндагии тезутунд ва пуршитоби имрӯзӣ одамон мехоҳанд бисёр масъалаҳоро зуд, осон ва бидуни сарфи вақти зиёд анҷом диҳанд. Ҳангоми истифодаи корт ё замимаи мобилӣ шахс дигар маҷбур нест, ки ҳамеша маблағи нақд бо худ дошта бошад, пулшуморӣ кунад, бақияпулӣ интизор шавад ё барои пардохти хизмат дар навбати тӯлонӣ биистад. Чанд сония кофист, то маблағ гузаронида шавад.

Бартарии дуюм амният аст. Пули нақд дар ҳолати гум шудан ё дуздида шудан қариб пурра аз даст меравад. Аммо дар ҳолати гум шудани корт ё телефон соҳиби ҳисоб метавонад фавран онро маҳкам кунад. Яъне, маблағ дар суратҳисоб боқӣ, мемонад ва имкони барқарор намудани дастрасӣ вуҷуд дорад. Ин хусусият махсусан дар шаҳрҳои калон ва барои шахсоне, ки муомилоти ҳаррӯзаи зиёд доранд, хеле муҳим мебошад.

Афзалияти сеюм назорати молиявӣ аст. Ҳар як амалиёт дар таърихи пардохтҳо сабт мешавад. Ин ба шахс имкон медиҳад, ки даромаду хароҷоти худро таҳлил кунад, бубинад дар кадом самт маблағи бештар сарф мекунад ва барои идоракунии буҷети оилавӣ қарорҳои оқилона қабул намояд. Барои бисёр оилаҳо ин хусусият имконият медиҳад, ки хароҷоти нолозимро коҳиш диҳанд ва сатҳи интизоми молиявиро боло баранд.

Афзалияти дигар он аст, ки пардохтҳои ғайринақдӣ имкони истифодаи бисёр хидматрасониҳои муосирро фароҳам меоранд. Имрӯз одам метавонад бе рафтан ба бонк ё маркази хидматрасонӣ ҳаққи коммуналӣ, андоз, ҷарима, алоқа, интернет ва дигар хидматрасониҳоро тавассути телефон пардохт кунад. Ин на танҳо вақтро сарфа мекунад, балки фишорро ба муассисаҳои хизматрасонӣ низ кам менамояд.

Ғайр аз ин, пардохтҳои ғайринақдӣ барои харидҳои онлайн, сафар, фармоиши хидматрасониҳои фосилавӣ ва бисёр имкониятҳои дигари рақамӣ замина фароҳам месозанд. Ба ибораи дигар, инсон ҳар қадар бештар ба пардохти ғайринақдӣ одат кунад, ҳамон қадар ба муҳити нави иқтисодӣ осонтар мутобиқ мешавад.

– Манфиатҳои пардохтҳои ғайринақдӣ барои соҳибкорон дар чист?

– Агар ба масъала аз нуқтаи назари соҳибкорон назар кунем, аҳамияти пардохтҳои ғайринақдӣ боз ҳам равшантар мешавад. Пеш аз ҳама, чунин пардохтҳо баҳисобгириро хеле осон мекунанд. Ҳар як фурӯш ба таври худкор дар низом сабт мешавад, ки ин барои таҳияи ҳисобот, назорати гардиши мол ва омодасозии ҳуҷҷатҳои андозбандӣ хеле муфид аст. Соҳибкор беҳтар медонад, ки чӣ қадар фурӯш анҷом додааст, кадом мавқеъ бештар талабот дорад ва чӣ гуна гардиши молии худро ба нақша гирад.

Бартарии дигар коҳиши хатари муомила бо пули нақд аст. Вақте ки дар нуқтаи савдо маблағи калони нақд нигоҳ дошта намешавад, хатари дуздӣ, гумшавӣ, иштибоҳи ҳисоб ё мушкилоти марбут ба интиқоли пул камтар мегардад. Ин барои мағозаҳои чакана, нуқтаҳои хидматрасонӣ ва марказҳои савдо бисёр муҳим мебошад.

Пардохтҳои ғайринақдӣ инчунин сатҳи хидматрасонӣ ба мизоҷонро беҳтар мекунанд. Муштарӣ вақте имкони пардохт бо корт, QR-код ё замимаи мобилиро мебинад, муассисаро муосир ва боэътимод қабул мекунад. Яъне худи тарзи қабул кардани маблағ низ ба обрӯи тиҷорат таъсир мерасонад. Дар шароити рақобати бозор ҳар як ҷузъиёти хизматрасонӣ аҳамият пайдо мекунад.

Ғайр аз ин, соҳибкоре, ки дар низоми расмӣ ва шаффоф фаъолият мекунад, имкони бештар барои ҳамкорӣ бо бонкҳо, гирифтани қарз, ҷалби сармоя, иштирок дар лоиҳаҳои нав ва рушди фаъолияти худро дорад. Муассисаи молиявӣ одатан ба он субъект бештар эътимод мекунад, ки гардиши маблағаш дар низоми расмӣ инъикос меёбад. Аз ин ҷиҳат, пардохтҳои ғайринақдӣ на танҳо воситаи ҳисоббаробаркунӣ, балки омили рушди худи бизнес низ мебошанд.

Умуман, пардохтҳои ғайринақдӣ имрӯз дигар танҳо интихоби алтернативӣ нестанд, балки ба яке аз шартҳои муҳими иқтисоди муосир табдил ёфтаанд. Талаботи наве, ки дар Ӯзбекистон ҷорӣ мешавад, ба беҳтар намудани муҳити иқтисодӣ, осон кардани ҳисоббаробаркунӣ, рушди шаффофият ва коҳиши иқтисоди пинҳонӣ равона шудааст. Ин тағйирот аҳамияти стратегӣ дорад, зеро он ҳам ба шаҳрвандон, ҳам соҳибкорон ва ҳам давлат манфиат меорад.

Барои шаҳрвандон пардохтҳои ғайринақдӣ пеш аз ҳама қулай, зуд ва амн мебошанд. Онҳо имкон медиҳанд, ки вақт сарфа шавад, хароҷот беҳтар назорат гардад ва аз хидматрасониҳои муосири рақамӣ пурра истифода бурда шавад. Барои соҳибкорон бошад, онҳо воситаи муҳим барои тартиб додани ҳисобдорӣ, баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ, коҳиши хатарҳои молиявӣ ва рушди фаъолияти расмӣ ба шумор мераванд.

Дар миқёси давлат бошад, густариши чунин пардохтҳо воситаи муҳими коҳиши иқтисоди пинҳонӣ, беҳтар шудани ҷамъоварии андоз, тақвияти рақобати солим ва таҳкими пояҳои иқтисоди рақамӣ мебошад. Маҳз ҳамин аст, ки талаботи навро бояд на ҳамчун маҳдудият, балки ҳамчун қадами муҳим ба сӯи ояндаи муназзам, шаффоф ва пешрафтаи иқтисоди миллӣ арзёбӣ кард.

Пардохтҳои ғайринақдӣ танҳо як тарзи нави пардохт нестанд. Онҳо нишонаи як ҷомеаи муосир, масъулиятшинос ва ба рушди дарозмуддат нигаронидашуда мебошанд. Метавон гуфт, ки гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ на танҳо талаботи имрӯз, балки ниёзи воқеии фардои ҷомеа аст.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,

хабарнигори “Овози тоҷик”. Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: