Нури шабонаи телевизор: душмани пинҳонии саломатии шумо

Хоб бо телевизор метавонад ба системаи дилу рагҳо зарари ҷиддӣ расонад, ҳушдор медиҳад Татяна Хребтова, неврологи Маркази саломатии Скандинавия.

Вай инро дар мусоҳиба бо lenta.ru гуфт.
Ба гуфтаи мутахассис, таҳқиқот нишон медиҳанд, ки нури дурахшоне, ки аз телевизор мебарояд, хатари мушкилоти дилу раг, аз ҷумла сактаро зиёд мекунад. Аксар вақт, одамоне, ки ҳангоми тамошо ё гӯш кардани телевизион ё подкаст - файли аудио ё видеоии рақамӣ, ток-шоу, блог, мусоҳиба - хоб мераванд, соати биологии дохилии бадан, мубодилаи моддаҳо ва сифати хобро вайрон мекунанд.

«Ҳангоми фурӯзон будани телевизор, нуре, ки аз экрани он мебарояд, гоҳ зиёд ва гоҳ кам мешавад. Мағзи сари инсон ҳатто ба чунин нури хира ҳам нисбат ба манбаъҳои равшании яксон бештар таъсирпазир аст. Садои телевизор бошад, боиси бедоршавиҳои кӯтоҳи ношинос мегардад. Инсон онҳоро дар хотир намегирад, аммо хоб вайрон мешавад, истироҳат пурра намешавад ва ба асаб таъсир мерасонад.Мағз ҳатто дар вақти хоб фаъол мемонад ва ба коркарди сигналҳо ва садоҳо идома медиҳад» - мефаҳмонад духтур.

Ба андешаи ӯ, агар шахс доимо бад хоб кунад, ин метавонад боиси фишори баланд ва қанди хун гардад. Ҳамаи ин хатари сактаи мағзӣ ва бемориҳои дилу рагро зиёд мекунад. Ба гуфтаи Татяна Хребтова, дар чунин ҳолатҳо одамони гирифтори фишори баланди хун, диабет, одамони гирифтори фарбеҳӣ, тамокукашҳо ва шахсоне, ки дар хоб хуррок мекашанд,  бояд  эҳтиёткор бошанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: