Аҳолии маҳаллаи Қӯшқайрағоч асосан бо боғдорӣ машғуланд. Дар ин ҷо одамони зиёде ҳастанд, ки бо истифодаи самараноки боғу замини наздиҳавлии худ барои дигарон намунаи ибрат мебошанд.
Қариб ягон қитъаи замин бе нигоҳубин намемонад.
Аз ҷумла, оилаи Ҷӯраевҳо дар 20 сотих замини наздиҳавлӣ гармхона ташкил карда, аз лимӯ ҳосили фаровон ба даст меоранд. Ба гуфтаи сардори оила акои Одилҷон, бо шарофати ин мева даромади оила сол аз сол зиёд шуда, шароити зиндагониашон беҳтар шудааст.
Аъзои оилаи Маҳмудҷон ака ва Инобат апа низ бо парвариши гулҳои рангоранг машғуланд. Дар ин хонавода 28 намуди гул парвариш карда мешавад. Гулҳои рангоранг, ки барои зебоӣ ва таровати ҳавлӣ парвариш карда мешаванд, воқеан ба атроф зебоиву ба дили кас оромӣ мебахшад. Ҳамзамон онҳо ба буҷаи оила низ фоидаи калон меоварад.
Оилаи Қӯшбоевҳо бошад, бо парвариши картошка машғуланд. Аз аввали фасли баҳор дар қитъаи замини ин оила дар зери плёнка парвариш меёбад. Бо гарм шудани рӯзҳо ҳосил сабзида, ба нашъунамо медарояд. Ҳамчунин, дар охири фасли тирамоҳ ба 4 сотихи замин бо усули “тӯқсонбостӣ” сирпиёз кишт карда буданд, ки ҳоло ба фурӯш гузошта шудааст.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Намангон.