Васфи Наврӯз дар манбаъҳо

Мақоли машҳури халқамон «Ҳамал даромад – амал даромад» бисёр маъруф аст. Тибқи тақвими ҳиҷрии шамсӣ, бо ворид шудани Офтоб ба бурҷи аввал ва моҳ ба яке аз дувоздаҳ бурҷ – Ҳамал (гӯсфанди ҳомила), Наврӯз, яъне «рӯзи нав», фаро мерасад.

 Бо он ҳамзамон соли нав ва фасли нав – баҳор оғоз меёбад. Бо фарорасии Наврӯз ва баҳор, гӯё ба тану ҷони олам ҳаёти нав медамад. Ин ҷашн, ки таърихи беш аз 5000-сола дорад, рамзи ҳамоҳангии инсон бо табиат ва олами ботинии ӯст.
Ин иди қадимӣ, ки дар тӯли асрҳо рамзи накӯӣ, зебоӣ ва эҳё буд, дар солҳои истиқлол боз ҳам ҷилои тоза пайдо кард.
Маълум аст, ки тақвимҳои исломӣ ба ду навъ ҷудо мешаванд: қамарӣ (моҳӣ) ва шамсӣ (офтобӣ). Худованд дар Қуръони карим барои он ки бандагон ҳисобу китоб, солу моҳ ва рӯзҳоро донанд, ба номи бурҷҳо қасам ёд мекунад. Дар Қуръон сурае бо номи «Буруҷ» вуҷуд дорад ва дар ояти аввалаш омадааст: «Қасам ба осмоне, ки дорои бурҷҳост». Ҳамчунин дар сураи «Фурқон», ояти 61 гуфта мешавад: «Баракатнок аст он зоте, ки дар осмон бурҷҳоро офарид ва дар он чароғ (Офтоб) ва моҳи равшанро қарор дод».
Аз ин оятҳо бармеояд, ки бурҷҳо беҳуда офарида нашудаанд. Қасами Худованд ба Офтобу Моҳ ва ситораҳо барои соҳибони ақл нишона ва ибрат аст. Ҳадаф аз офариниши онҳо низ ин аст, ки инсон корҳои дунявӣ, динӣ ва кишоварзии худро бо такя ба тақсими илоҳӣ – дувоздаҳ бурҷ ба роҳ монад.
Дар сарзамини мо аз қадим се навъи тақвим – ҳиҷрӣ, милодӣ ва кишоварзӣ истифода мешуд. Барои донистани ҳисобу китоби солҳо Худованд дар сураи «Исро», ояти 12 мефармояд: «Мо нишонаи рӯзро равшан гардонидем, то фазли Парвардигоратонро талаб кунед ва шумораи солҳо ва ҳисобро бидонед». Уламои бузург «шумораи солҳо»-ро ба тақвими қамарӣ (барои корҳои динӣ) ва «ҳисоб»-ро ба тақвими шамсӣ (махсусан барои кишоварзӣ) тафсир кардаанд.
Худованд боз дар Қуръон мефармояд: «Пас инсон бояд ба ғизои худ назар андозад: Мо обро фаровон фурӯ рехтем, сипас заминро шикофта, дар он дон, ангур, сабза, зайтун, хурмо, боғҳои сердарахт ва меваҳоро рӯёндем, то шумо ва чорвоятон аз онҳо баҳра баред». (Абаса, 24–32).
Деҳқонони мо аз ин неъматҳо истифода бурда, аз аввали баҳор бо нияти пок ба замин тухмӣ мекоранд.
Дар Ҳадиси шариф низ зироаткорӣ кори бузург дониста шудааст. Зеро аз меҳнати деҳқон ҳама баҳра мебаранд. Худованд онҳоро сабаби ризқи тамоми мавҷудот гардонидааст. Аз ин рӯ, дар назари уламои ислом кишоварзӣ аз беҳтарин касбҳо ба шумор меравад. Аз Ҷобир (р.а.) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с.а.в.) фармудаанд: «Ҳар мусалмоне, ки кишт кунад ва аз он касе бихӯрад – барояш садақа мебошад…».
Аз ҳамин сабаб гуфта мешавад, ки дар рӯзи қиёмат аввалин касоне, ки ба биҳишт дохил мешаванд, деҳқононанд.
Барои кишоварзӣ донистани тақвим муҳим аст. Агар вақти кишту кор дуруст интихоб нашавад, ҳосил зарар мебинад. Аз ҳамин лиҳоз, Наврӯз ҳамчун оғози корҳои кишоварзӣ аз қадим таҷлил мегардад.
Маълум аст, ки дар Наврӯз шабу рӯз баробар мешаванд. Деҳқонон кишту кори худро оғоз мекунанд. Коштани тухмӣ ҳатто ба дараҷаи ибодат бардошта шудааст, зеро он манбаи ризқи ҳалол аст.
Паёмбар (с.а.в.) низ ризқи аҳли хонаводаашонро аз ҳосили заминҳои Хайбар таъмин мекарданд.
Кишоварзӣ барои мо мероси аҷдодӣ аст. Бисёре аз шахсиятҳои бузург, аз ҷумла Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ, Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд, Хоҷа Аҳрор ва дигарон бо зироаткорӣ машғул буданд ва аз ҳосили худ ба мардум кумак мерасонданд.
Темуриён низ ба рушди кишоварзӣ аҳамияти калон додаанд. Дар замони онҳо заминҳои нав се сол аз андоз озод мешуданд, ки ин тадбир барои беҳтар шудани зиндагии деҳот таъсири мусбат мерасонд. Низоми таълим ва сарчашмаҳои маънавии мо низ бевосита бо кишоварзӣ пайвандӣ доштанд.
Дар китобҳои фиқҳ низ таҷлили Наврӯз ҷоиз дониста шудааст. Дар «Фатовойи заҳирия» гуфта мешавад: «...Ҷашн гирифтани Наврӯзи султонӣ мақбул аст ва ба дин  ҳеҷ зараре надорад».
Бисёре аз донишмандони маъруф, мисли Абурайҳон Берунӣ, Ибн Сино, Умари Хайём ва Мирзо Улуғбек низ таъкид кардаанд, ки рӯзи баробар шудани шабу рӯз ва ворид шудани Офтоб ба бурҷи Ҳамал бояд ҳамчун Наврӯз ҷашн гирифта шавад.
Дар замонҳои қадим мардум моҳҳоро вобаста ба шакли бурҷҳои осмонӣ номгузорӣ мекарданд. Масалан, Ҳамал ба гӯсфанд ва Савр ба гов монанд дониста мешуд.
Тақвими кишоварзӣ барои деҳқонон хеле муҳим буд.
Аз 22 декабр то 20 феврал «чилла» мебошад, ки дар ин вақт замин обёрӣ шуда, барои ҳосили хуб омода мегардад. Дар моҳи қавс (21 ноябр) ниҳол мешинонанд. Дар моҳи сунбула заминро об дода, дар моҳи мизон кишт мекунанд. Аз ин рӯ мегӯянд: «Сунбула об деҳ – мизон кор».
Дар моҳи ақраб чорворо бордор мекунанд, то ки барраҳо баҳор ба дунё оянд.
Аз 6 то 13 март «айёми аҷуз» мебошад, ки ҳаво ноустувор мешавад. Дар ин рӯзҳо мардум худро эҳтиёт мекунанд. Аз 14 то 20 март бошад «оби раҳмат» ҳисобида мешавад, ки боронҳои файзбахш меборанд ва онҳоро муборак медонанд.
Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки ҳар як рӯз ва моҳ барои кишоварзӣ аҳамияти бузург дорад. Ҳосили деҳқон ва меваи боғбон барои инсон неъмати ҳаётӣ аст.
Инчунин, мафҳуми «мучал» аз калимаи «мӯлҷар» гирифта шуда, давраи 12-соларо ифода мекунад. Номгузории солҳо аз рӯи монандии бурҷҳо ба ҳайвонот ба вуҷуд омадааст: солҳои муш, гов ва ғайра. Дар ин бора донишманди маъруф Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дар асари худ «Бадоеъ ул-вақоеъ» маълумоти ҷолиб овардааст. Абурайҳон Берунӣ дар осораш андешаҳои арзишмандеро дар бораи пайдоиши Наврӯз баён мекунад. Ҷанбаи ҷолиби ин андешаҳо дар он аст, ки аллома Наврӯзро ҳамчун як воҳиди муттаҳид бо коинот ва ҷаҳон тавсиф менамояд.
Юсуф Хос Ҳоҷиб дар асари «Қутадғу билиг» ин ҳолатро чунин шарҳ медиҳад: «Аз Шарқ насими баҳор вазид ва барои ороиши олам роҳи фирдавсро боз кард. Ранги сафед рафт ва замини хомӯш алвонӣ гашт, олам ба худ оро дода, ба зебоӣ рӯ овард. Зимистони дилгир рафту боз нафаси баҳори мусаффо ҳукмрон гардид. Офтоб низ ба ҷойи худ баргашт, аз бурҷи Ҳут (Моҳӣ) ба бурҷи Ҳамал (гӯсфанди ҳомила) гузашт. Дарахтоне, ки дар хоб буданд, боз либоси сабз ба бар карданд ва бо пардаҳои рангоранги сурх, зард, кабуду сабз оро ёфтанд».
Бо вуҷуди гуногун будани андешаҳо ва афсонаҳо дар бораи баҳору Наврӯз, ғояҳои умумбашариашон, аз қабили бунёдкорӣ, некӣ, эҳё ва офариниш ба ҳам мепайванданд. Зеро Наврӯз барои тамоми инсоният ҷашни бедорӣ ва навшавист. Ин ҷашни бостонӣ, ки аз имтиҳони ҳазорсолаҳо гузаштааст, имрӯз низ ҳукмфармост.

Абдулғафур РАЗЗОҚИ БУХОРӢ,
имом-хатиби масҷиди ҷомеи Баҳоуддини Нақшбанд.

Комилҷон РАҲИМОВ,
ходими пешбари илмии
Маркази илмӣ-тадқиқотии Баҳоуддини Нақшбанд,  доктори илмҳои таърих, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: