Нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ташаккули фарҳанг

Тӯли даҳ соли охир шабакаҳои иҷтимоӣ ба яке аз нируҳои хеле азим табдил ёфтанд, ки соҳоти фарҳангии ҷомеаи кунуниро ташаккул медиҳанд.

Кишвари мо бо вуҷуди таърихи ғановатманд, анъанаҳои бисёрасрина ва фарҳанги зиндаи мардумиаш аз ин мустасно нест. Паҳншавии босуръати Telegram, Instagram, YouTube ва TikTok дар байни ҷомеаи мо воқеияти нави фарҳангӣ – майдони рақамиро ба миён овард, ки дар он анъанаҳои гузашта ва замони кунунӣ дар робитаи мунтазам, баъзан маҳдуд, баъзан, ҳатто куллан зидди ҳам қарор мегиранд.

Ӯзбекистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки дар олам аз ҷиҳати сохтори демографии худ ҷавонтарин мебошад, яъне зиёда аз нисфи аҳолии онро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд. Маҳз ҳамин ҷамъият, ҷавонон муҳаррики асосии маданияти рақамӣ ба шумор меоянд. Яке аз ҷиҳатҳои назарраси фарҳангии шабакаҳои иҷтимоӣ ин ба миён омадан ва афзудани рағбат ба мероси миллӣ гардид.

Ҷавононе, ки ҳунарҳои анъанавии бофандагӣ, ҳаккокӣ дар чӯб ва филизотро аз худ намуда, аз он илҳом гирифтаанд, ин намудҳои  санъатро ҳоло на ҳамчун ҷузвҳои осорхонавӣ, балки ба сифати таҷриба ва амалиёти зиндаи фарҳангӣ идрок мекунанд.

Ҳунармандони Марғилон ва Хива, ки дар собиқа танҳо ба доираҳои танг шинохта шуда буданд, акнун барои хариди маҳсулоти дастони худ аз кишварҳои мухталиф ҳазорҳо ҳаводорону харидорон пайдо кардаанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ амалан мероси нави иқтисодии фарҳангиро фароҳам оварданд, ки ҳунармандии анъанавӣ, бидуни аз даст додани моҳияти аслии худ, шакли замонавӣ касб менамояд.

Баробари ин ҷараёни мазкур аз зиддиятҳо низ холӣ нест. Шабакаҳои иҷтимоӣ меъёрҳои маданияти ҷаҳониро талқин мекунанд, инҳо шаклҳои визуалӣ, трендҳои мусиқӣ, моделҳои ахлоқие мебошанд, ки баъзан бо ҳувиятҳои анъанавии ҷамъияти Ӯзбекистон мухолиф мебошанд.

Масъалаҳои вобаста ба нақши занон, муносибатҳои тарафайни наслҳо, имконияти озоди худифодакунӣ боиси баҳсҳои ҷиддии онлайнӣ қарор мегиранд. Ҷавонон дар вазъи интихоби маданӣ мемонанд: чӣ гуна баробари эҳтиром ба анъанаҳои оилавӣ ва миллӣ онҳоро ҳифз намудан ҳамзамон ҷузви соҳати ҷаҳонии рақамӣ боқӣ мондан аз ҷумлаи ин интихобот мебошад. Масъалаи мазкур ҷавоби ягона надорад, вале худи санади баррасии оммавии он аз камолоти фарҳангии ҷомеа шаҳодат медиҳад.

Боз як соҳа, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ мекунанд, ин масъалаи забон ба шумор меравад. Дар сегменти ӯзбекии интернет ҷанбаи нави забонӣ: омехтаи забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ, неологизмҳо, интернет-сленк ташаккул меёбад. Агар баъзе забоншиносон дар ин омехтагӣ нисбати тозагии забони ӯзбекӣ таҳдидро мушоҳида кунанд, баъзеи дигар ба қобилияти обсозишкунӣ, иқтидор ва тавоноии забони ӯзбекӣ бовар доранд.

Қобили зикр аст, ки маҳз шабакаҳои иҷтимоӣ соҳате гардиданд, ки дар онҳо контенти забони ӯзбекӣ фаъолона инкишоф меёбад.

Пас аз даҳсолаҳое, ки дар фарҳанги шаҳриамон забони русӣ бартарӣ дошт, муаллифони ҷавон зуд-зуд забони модариро ба сифати воситаи ифодаи фикру ақидаҳои худ интихоб менамоянд. Аз он фаровон истифода мебаранд.

Саноати мусиқӣ ва маданияти кинои Ӯзбекистон низ инқилоби рақамиро аз сар мегузаронанд. Иҷрогарон, яъне ҳофизону сарояндагони мо, ки то ба қарибӣ дар чаҳорчӯбаи телевизиони миллӣ ва эстрадаи маҳаллӣ маҳдуд буданд, алҳол аз тариқи соҳоти стримингӣ ва видеои кӯтоҳ дар TikTok ба арсаи ҷаҳонӣ мебароянд.

Жанрҳои анъанавии мақом, лапар, катта ашула шунавандагони ҷавони худро меёбанд. Ҳамзамон поп-фарҳанги ӯзбекии насли нав ба миён меояд, ки навоҳои шарқиро бо оҳангҳои замонавӣ хеле мутаносибу мувофиқ муттаҳид месозад.

Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчунин механизмҳои хотираи фарҳангиро тағйир доданд. Имрӯз ӯзбекистониён ҳам ҳаёти ҳамарӯзии худро ба таври оммавӣ ҳуҷҷатӣ мекунанд, ҷашнҳо, тӯю сурҳо, тарзи тайёр кардани таомҳои миллиро ба навор мебардоранд, ки дар гузашта ба чашм намерасид.

Ҷашни Наврӯз, Иди қурбон, Иди рамазон, тантанаҳои оилавӣ ҳоло нафақат дар хотираҳои шахсӣ боқӣ мемонанд, балки бо теъдоди хеле зиёд нашр гардида, ба тамоми олам паҳн мешаванд. Ба ин маънӣ шабакаҳои иҷтимоӣ вазифаи сабти санади фарҳанги зиндаро иҷро мекунанд. Нақши онҳо дар ҳаёти фарҳангии Ӯзбекистон ба ин тартиб рӯз аз рӯз бештар ва беҳтар мегардад. Вай оинаест, ки ҷомеа дар он худро тарзе, ки ҳаст ва тавре, ки мехоҳад, мебинад.

Ораш Акабоев,

донишҷӯйи соли чоруми Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: