(Ба муносибати 90-солагии профессор Амон Воҳидов)
Самарқанд бо донишмандону алломаҳои барҷаста, ки дар рушду такомули фарҳанг, илму маърифат ва арзишҳои маънавии мардум саҳми босазо гузоштаанд, низ ифтихор мекунад. Боиси эътироф аст, ки дар радифи чунин фарзандони обрӯманди сарзамин устоди фозил, забоншиноси нуктасанҷ, фарҳангнигори варзида, номзади илмҳои филологӣ, профессор шодравон Амон Воҳидов ҷойгоҳи шоиста ва мақоми арзанда доранд.
Устод Воҳидов инсони фозилу хирадманд, ҳалиму хоксор ва поксиришт буданд. Чун марди хушгуфтор, некхоҳ ва инсондӯст доим забоншиносони ҷавони донишгоҳро роҳнамоӣ мекарданд, маслиҳатҳои муфид медоданд. Бо як сухан, «посдори мактаби фарҳангнигории Самарқанд», аз ҷумлаи олимони барҷаста буданд, ки бо меҳнати содиқонаву фидокорона дар рушди илму фарҳанги миллӣ саҳми арзанда гузошта, номи неки худро дар саҳифаҳои таърих ҷовидон сабт намуданд.
Фаъолияти илмии забоншиноси барҷаста, профессор Воҳидов фароху пурбор аст. Таҳқиқоти пайгиронаи устод дар соҳаҳои гуногуни забоншиносӣ – овозшиносӣ, калимашиносӣ, сарфу наҳв ва фарҳангнигорӣ ӯро ба ҳайси устоди соҳибтаҷриба ва донишманди варзида ба камол расонд.
Устод Воҳидов чун фарҳангшиноси шоиста ва луғатнигори моҳир, ба шарҳу таҳлили вожаҳои душворфаҳми осори классикону муосир таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, умри пурбаракати худро ба таҳқиқу баррасии маъно ва истеъмоли калимаҳо бахшида буданд.
Барои шарҳи як вожа осори аксар шоиру нависандагони классику муосирро мутолиа карда, натиҷаи пажӯҳишҳои илмии худро дар асарҳо ба мерос гузоштаанд. Беҳуда нест, ки доктори фанҳои филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев устод Воҳидовро чун «бонии мактаби луғатшиносии Самарқанд» эътироф намуда, бо эҳсосу эҳтиром ифтихори фарҳангнигории ду кишвар шумурдаанд: «...Профессор бештар аз 40 сол дар соҳаи луғатшиносӣ заҳмат мекашад. Чӣ дар Ӯзбекистон ва чӣ дар Тоҷикистон ӯ дар ин соҳа чун босалоҳияттарин мутахассис ба мақоми олӣ соҳиб шудааст...» Ҳақ бар ҷониби устод Саъдиев аст.
Амон Воҳидов 10 апрели соли 1936 дар деҳаи Боғибаланди ноҳияи Самарқанд, дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст.
Бояд гуфт, ки Воҳидов тамоми умри худро бо садоқат ба илму фарҳанг бахшида, барои рушди забон ва маърифати миллӣ хидматҳои арзанда кардаанд.
Бо камина якҷо таҳия намудани китоби «Забони адабии муосири тоҷик» (бахши лексикология) аз нақшаҳои охирини илмии эшон буд. Ҳамчунин устод аз пайи омода намудани «Ёддоштҳо»-и худ шуда буданд. Ва пас аз даргузашташон маҳз бо саъю кӯшиши фарзандони зиёиву илмдӯсти мавсуф асар ба дасти хонандагон расид ва имрӯз ойинаи зиндагии пурмазмуну ахлоқи ҳамидаи ин омӯзгори варзида маҳсуб мегардад.
Эҳтиром ва обрӯи устод Воҳидов на танҳо миёни аҳли илму шогирдон, балки дар зодгоҳи худ – маҳаллаи Боғибаланд низ баланд буд. Сокинони деҳ аз файзи суҳбат, фазилату хулқи нек ва шахсияти беҳамтои эшон ҳамеша баҳравар мегардиданд. Чеҳраи нуронӣ, қомати бовиқор ва руҳияи ҷавони устод шахси 60 солаеро мемонд ва ҳеҷ кас бовар намекард, ки мавсуф дар остонаи синни мубораки ҳаштоду панҷ қарор доранд.
Муҳити солими оилавӣ ва ҳамсари меҳрубон устодро ҳамеша ҷавону бардам нигоҳ медошт. Бешак, профессор инсони сарватманди маънавӣ буданд. Имрӯз қариб 40 нафар набераю абераҳо вориси муносиби ин хонадон ҳастанд. Фарзандони устод бо тарбияи нек ва роҳнамоии падару модар дар ҷомеа мавқеи арзанда пайдо кардаанд: Раҳмон – корманди масъули аэропорти Самарқанд, Ҷамшед – устои гулдаст, Шаҳриёр – соҳибкор, Гулноза – муаллима ва Гулҷаҳон – тарбиятгари фарзандону набераҳо.
Дар тарбияи фарзандон саҳми ҳамсари устод – апаи Муҳаббат (рӯҳашон шод бод!) низ хеле бузург буд. Устод бо ин зани меҳрубон зиёда аз панҷ даҳсола зиндагии намунавӣ доштанд. Муҳаббати самимонаи онҳо барои фарзандон ва атрофиён намунаи ибрат буд ва пас аз фавти ҳамсар устод ин ҷудоиро бо андӯҳи зиёд паси сар карданд.
Чун дирӯз дар хотир дорам, ки дар арафаи ҷашни 80-солагияшон китоби «Бо сухан ҷаҳоне биорост»-ро таҳрири техникӣ мекардем ва навбат ба суратҳо расид. Устод ҳар як расмро шарҳ медоданд ва ман онро дар саҳифа – зери расм менавиштам. Навбат ба сурате расид, ки устод онро «Афғонистон, Мазори Шариф» гуфта тавзеҳ доданд. Воҳидов бо аҳли оила чанд сол дар Афғонистон иқомат намуда, он ҷо бо тарҷумонӣ машғул шуда буданд. Дар сурат зани хушсимо бо тоқии дастдӯз ва кокулони сиёҳ, ки гирди сар ҳалқа зада буданд, бо нигоҳи пурмеҳр менигарист. «Устод, ин сурати кист? Бисёр зебо будааст!», – гуфтам. Ҳамин савол гӯё хотираи деринеро бедор кард. Устод натавонистанд ашки худро нигоҳ доранд ва бо овози ларзон гуфтанд: «Дарди маро нав кардӣ…». Он лаҳза барои ман боз як паҳлуи нозуки рӯҳи инсонии ин донишмандро ошкор сохт.
Воҳидов на танҳо дар муҳити оилаи солим, балки дар фазои илмии пурбор низ тарбият ёфтаанд. Дар оғози фаъолияти илмии худ бобати таҳияи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (Москва, 1969, дар ду ҷилд) фаъолона ширкат варзида, ҳамроҳ бо донишмандони маъруф Абдусалом Деҳотӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Вадуд Маҳмудӣ ва Қутбиддин Муҳиддинов дар таҳияи бархе аз бахшҳои ин асари арзишманд, аз ҷумла ҳарфҳои О, У ва Қ саҳми назаррас гузоштаанд. Рӯзе устод дар даст мактубе, бо хотири мушавваш аз утоқи корӣ берун омаданд. Парешонии устодро пай бурда, сабаб пурсидам. Мактуберо нишон дода, «Аз рафиқони тоҷикистонӣ омадааст. Бахшида ба 50-солагии «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чорабинӣ будааст. Аммо афсӯс ман то пагоҳ рафта наметавонам. Мактубро барвақттар дастрас мекардам, албатта мерафтам, охир аз кормандони фарҳанг танҳо ман ҳаёт ҳастам, ҳамаи устодону ҳамкасбон моро тарк кардаанд. Рафтанам ҳатмӣ буд, аммо тақдир накарда будааст. Сад афсӯс...», – гуфта маъюсона берун рафтанд.
Устоди сухансанҷ ҳамеша дар роҳи рушди илм кӯшида, рисолаву мақолаҳои зиёдро пешкаши аҳли тадқиқ намудаанд. Рисолаҳои «Навъ-ҳои фарҳанг», «Аз таърихи луғатнависии тоҷику форс», «Шинохте аз фарҳангнигории дарӣ (дар садаҳои Х-ХIХ)», «Материалҳо аз таърихи забоншиносии тоҷик», «Калима ва маъноҳои он (Амон-ул-луғот)», «Забони адабии ҳозираи тоҷик» (бо ҳаммуаллифии Малик Кабиров), «Бо сухан ҷаҳоне биорост» (монография), «Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳамммад Ғиёсиддин ва мавқеи он дар фарҳангнигории тоҷикӣ-форсӣ» (монография), «Таҳлили луғавии чанд ҳикояти «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ», «Фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои X-XIX» (монография) ва «Забон аст тору пуди маънавият» ва ғайра аз ин ҷумлаанд, ки дар ҷодаи тадқиқ арзиши баланди илмӣ доранд.
Китоби охирини устод «Забон аст тору пуди маънавият», ки ҳамроҳ омодаи чоп кардем, ба фаъолияти илмии забоншиносони барҷастаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд бахшида шудааст. Дар китоб силсилаи таҳқиқотро аз донишмандоне чун Саидризо Ализода, Тӯрақул Зеҳнӣ, Ҳомидҷон Бақозода, Раззоқ Ғаффоров ва Раҳмон Эгамбердиев оғоз бахшида, дар маҷмӯъ роҷеъ ба фаъолияти илмӣ ва эҷодии тақрибан 25 нафар забоншинос маълумоти судмандро ҷамъоварӣ намуда будем. Дар ин навиштаҳо саҳми муҳаққиқон дар рушди забоншиносии тоҷик ҳамаҷониба баррасӣ гардида, онро метавон идомаи мантиқии асари «Материалҳо аз таърихи забоншиносии тоҷик» донист.
Воҳидов дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ, дар таълифи китобҳои дарсии забони модарӣ барои мактабҳои миёна низ саҳми арзанда гузоштаанд. Барномаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, ки бо ташаббуси устод таҳия гардидааст, то ҳанӯз дар мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон мавриди истифода қарор дорад. Китоби дарсии «Забони модарӣ» (барои синфи III, бо ҳаммуаллифии З. Ҳоҷиматова) низ аз осори устод буда, дар озмуни ҷумҳуриявӣ сазовори ҷоизаи бунёди «Истеъдод» гардидааст.
Фаъолияти омӯзгории устод Воҳидов яке аз ҷузъҳои муҳими зиндагиномаи илмии эшон ба шумор меравад. Дар мактаби забоншиносии ин донишманди фарзона чанд насли зиёӣ, бахусус омӯзгорони забону адабиёти тоҷик ва аҳли қалам тарбия ёфтаанд. Осори илмии устод, махсусан «Фарҳанги забони тоҷикӣ», имрӯз низ барои муҳаққиқон ва донишпажӯҳон сарчашмаи муҳими омӯзиши маъно ва шарҳи вожаҳо ба шумор меравад.
Тадқиқоти охирини устод – «Фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои X-XIX» – натиҷаи ҷустуҷӯҳои амиқи илмӣ буда, дар он беш аз панҷоҳ фарҳангу луғати қадимӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Муҳаққиқ бо таҳлили арзиши илмиву адабӣ, услуб ва хусусиятҳои фарҳангҳо ба хулоса меояд, ки фарҳангҳои қадимӣ сарчашмаҳои муҳими таърихи забоншиносии тоҷик ба шумор мераванд. Ҳамзамон, таъкид мекунад, ки луғатнигорон на танҳо ба шарҳу тафсири калимоту ибораҳо, балки ба баррасии баъзе масъалаҳои сарфию наҳвӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудаанд. Ин аст, ки чароғи илми устод хомӯш нагардида, қасри пурмӯҳтавои сухане, ки боқӣ гузоштаанд, бегазанд боқӣ мемонад. Зеро:
Ёдгоре, к-аз одамизод аст,
Сухан асту дигар ҳама бод аст.
Устод Воҳидов дар ҷамъомадҳо нисбат ба ҳамкасбону шогирдон эҳтироми хоса зоҳир мекарданд. Нишастҳоро бо суханони пурмеҳру самимӣ, лутфу муҳаббатомези худ гарм месохтанд. Рақсу сурудро дӯст медоштанд ва бо табъи болидаву ҳунари зебои рақс ҳозиринро шод мекарданд – гоҳе тамошои рақси дилнишини устод барои иштирокдорон аз худи рақс ҷолибтар менамуд.
Таҷлили 90-солагии профессор Амон Воҳидов фурсати муносибест, то ҷомеаи илмӣ бори дигар хидматҳои арзандаи ин донишманди варзидаро дар рушди забоншиносии тоҷик ва фарҳангнигории миллӣ ёдовар намоянд. Мероси илмии профессор Амон Воҳидов барои рушди забоншиносии тоҷик роҳнамои устувор мебошад ва маҳз ба туфайли рӯзгори ибратбахш ва осори арзишманд, номи неки ин донишманди варзида дар таърихи илму фарҳанги тоҷик ҷовидона сабт хоҳад шуд. Беҳуда нест, ки гуфтаанд:
Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.
Сабоҳат МАҶИДОВА,
дотсенти Донишкадаи забон ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказии Донишгоҳи давлатии Самарқанд.