Сутуни дӯстӣ – рамзи ҳамбастагии халқҳои Осиёи Марказӣ

  • Сутуни дӯстӣ – рамзи ҳамбастагии халқҳои Осиёи Марказӣ
  • Сутуни дӯстӣ – рамзи ҳамбастагии халқҳои Осиёи Марказӣ
  • Сутуни дӯстӣ – рамзи ҳамбастагии халқҳои Осиёи Марказӣ
  • Сутуни дӯстӣ – рамзи ҳамбастагии халқҳои Осиёи Марказӣ
  • Сутуни дӯстӣ – рамзи ҳамбастагии халқҳои Осиёи Марказӣ
  • Сутуни дӯстӣ – рамзи ҳамбастагии халқҳои Осиёи Марказӣ
  • Сутуни дӯстӣ – рамзи ҳамбастагии халқҳои Осиёи Марказӣ
  • Сутуни дӯстӣ – рамзи ҳамбастагии халқҳои Осиёи Марказӣ
  • Сутуни дӯстӣ – рамзи ҳамбастагии халқҳои Осиёи Марказӣ

29-31 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Фарғона Форуми дӯстии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ олимон, коршиносон, аъзои парлумон, роҳбарони вазорату идораҳо, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин, пешвоёни созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон иштирок карданд.

Форум бо гузоштани гулчанбар дар назди «Сутуни дӯстӣ», ки дар ҳудуди ноҳияи Ӯзбекистон – нуқтаи пайвасти сарҳади се давлати ҳамҷавор қад афрохтааст, оғоз ёфт. Баъдан, суруду оҳангҳои дилнишини миллатҳои бародар танин андохтанд, ки ҳар яке таҷассумгари мероси ғании фарҳангӣ, анъана ва арзишҳои хоси халқҳои гуногун буданд.

Таъкид гардид, ки 31 марти соли 2025 дар доираи чорабинии сатҳи олӣ, ки бо иштироки сарони давлатҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон баргузор шуд, «Сутуни дӯстӣ» ба таври тантанавӣ ифтитоҳ ёфт ва дар муносибатҳои миёни се кишвар марҳилаи навро оғоз бахшид ва ба рамзи бародарии ҷовидона ва ҳамбастагии халқҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфт.

– Риштаҳое, ки халқҳои Осиёи Марказиро ба ҳам мепайванданд, хеле зиёданд, – иброз дошт Неъматилло Муҳаммадсаиди тоҷикистонӣ. – Ман дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунам. Худ мушоҳида ва ботинан эҳсос менамоям, ки солҳои охир робитаҳои дӯстонаи халқҳои мо боз ҳам мустаҳкамтар гардиданд. Ҳафтаи гузашта сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сурат гирифт, ки ин низ аз мустаҳкаму пойдор будани риштаҳои дӯстӣ гувоҳӣ медиҳад. Форуми имрӯза ҳам барои дар марҳилаи нав рушд кардани робитаҳои бародарӣ ва ҳамкорӣ имконият фароҳам менамояд. Бояд гуфт, ки робитаҳои маънавӣ, арзишҳои миллӣ ва динӣ, анъанаҳои ҷовидона ва хешу табории мо тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд. Тӯли солҳо мо аз ҳам ҷудо будем. Убури марзҳои давлатӣ дар ҳадде ғайриимкон буд. Дар натиҷа, равуо, робитаҳои хешутаборӣ ва бародарӣ осеб диданд. Дар ҳафт-ҳашт соли охир бошад, ба шарофати иродаи сиёсии сарони давлатҳо ва ҳамкориҳои наздики мамлакатҳо, робитаҳои дӯстии халқҳоямон мустаҳкам гардиданд. Дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ марҳилаи нави ҳамкориҳо оғоз ёфт. Ҳоло сухан, амал ва ҳадафҳои мо муштараканд. Бо як сухан, чунин кишвари ҳамдилу ҳамбастаро наметавон дар минтақаи дигар пайдо кард.

Дар идома иштирокдорони форум ба шаҳри Фарғона ташриф оварда, аз «Хонаи дӯстӣ» дидан карданд ва бо намоиши ҳунарҳои миллии дастӣ, санъати амалӣ, таом ва либосҳои миллӣ шинос шуданд.

Дар Донишгоҳи давлатии Фарғона таҳти тавзӯи «Сутуни дӯстӣ – рамзи дӯстӣ, ҳамсоягии нек, эътимод ва шарикии стратегӣ байни кишварҳои бародар» конфронси илмӣ-амалӣ гузаронида шуд. Дар анҷуман оид ба ҷанбаҳои муҳими ба марҳилаи нав бардоштани ҳамкориҳои минтақавӣ фикру мулоҳизаҳо баён гардиданд. Масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи илму фан ва рушди шарикии стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Эътироф шуд, ки ташаббус ва равишҳои илмии пешниҳодшуда барои таъмини субот дар минтақа, густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими робитаҳои дӯстона хидмат мекунанд.

Озодбек ҚУВОНДИҚОВ,

роҳбари хидмати матбуоти Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: