Муассисаи таълими томактабӣ симои нав гирифт

Тибқи маълумоти Хадамоти матбуоти Раёсати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Навоӣ муассисаи давлатии таълими томактабии рақами 1-уми шаҳри Навоӣ бо тарҳи замонавӣ ба ихтиёри кӯдакон супорида шуд.

Ин муассиса, ки соли 1975 бунёд ёфтааст, дар давоми фаъолияти худ бори аввал аз таъмири пурраи асосӣ бароварда шуд. Корҳои навсозӣ тибқи қарори ҷаласаи Раёсати Девони Вазирон амалӣ гардида, аз ҷониби Комбинати металлургияи кӯҳии Навоӣ 5 миллиарду 9 миллион сӯм маблағи ҳомигӣ ҷудо карда шуд.
Дар ҷараёни таъмири асосӣ бино мутобиқи талаботи муосир пурра навсозӣ гардида, барои тарбиятгирандагон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар чорабинӣ масъулони шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии шаҳр, фаъолони маҳалла ва падару модарон иштирок намуданд.
Дар фазои идона суруду таронаҳои шавқовар ва рақсҳои иҷронамудаи тарбиягирандагон хотири ҳозиринро болида сохт.

Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: