Дар маҳаллаи Гулистони ноҳияи Тирмизи вилояти Сурхондарё тақрибан 3 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд.
Онҳо пурра ба рӯйихат гирифта шуда, ба платформаи электронии «маҳаллаи онлайн» шомил карда шудаанд. Дар маҳалла бо аҳолии дар вазъияти душвори иҷтимоӣ қарордошта ва камбизоат корҳои мақсаднок анҷом дода шуда, вазъи иқтисодии онҳо таҳлил карда мешавад.
Тавассути низоми иттилоотии «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» ҷиҳати муайян кардани оилаҳои камдаромад, таъини кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба онҳо ва пешниҳоди иттилоот низ корҳои самарабахш анҷом дода мешаванд. Ҳангоми гаштугузор аз хона ба хона, онҳо роҳҳои ҳалли масъалаҳои бамиёнгузоштаи аҳолиро меҷӯянд.
– Корманди иҷтимоии маҳалла нақшаи кӯтоҳмуддати кӯмаки иҷтимоии инфиродиро барои ниёзмандони ҳифзи иҷтимоӣ таҳия намуда, ба аҳолӣ маълумотҳоро дар бораи кӯмак ва хидматрасониҳои иҷтимоие, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешаванд, инчунин ҳуқуқи онҳо ҷиҳати дастрас гардидани чунин хидматҳо пешкаш менамояд, – мегӯяд корманди иҷтимоии маҳалла Муҳаббат Холиқова.
Суратгир: Ҷ. Қӯзимуродов (ӮзА).