Партовро ҳар куҷо напарто!

Мардумони мо аз қадим анъанаҳои нек доранд. Аз ҷумла ба тозаву озода нигоҳ доштани манзилу макон ва кӯчаву ҳавлиҳо аҳамияти калон медиҳанд.

 Бобокалону модаркалонамон дар ин бобат панду насиҳат мекарданд ва дар амал ба фарзандҳо намунаи ибрат буданд. Дар бораи аҳамияти ниҳолшинонӣ ва гулпарварӣ ҳарф мезаданд...
Шукр, ки ҳоло ин анъанаи нек дар ҳамаи гӯшаву канори минтақа давом дорад.

Аз ҷумла, мувофиқи қарори Президент аз 18 майи соли 2018 “Дар бораи чораҳои боз ҳам беҳтар кардани низоми  кор бо партовҳои маишӣ” ва қарори  Девони Вазирон аз 2 октябри соли 2018, бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологӣ ва санитарии минтақа ва баланд бардоштани фарҳанги экологӣ дар байни аҳолӣ дар маҳаллаи “Оби ҳаёт”-и шаҳри Намангон бо ташаббуси Сарраёсати экология ва тағйирёбии иқлим як ҷойи ҷамъоварии партовҳои зеризаминии самаранок бо тартиби 24/7 сохта шудааст.

Дар ин хусус роҳбари хадамоти матбуоти садорат Орифҷон Ҷӯраев маълумот дод.

– Ин системаи ҷамъоварӣ ва нигоҳдории партовҳои зеризаминӣ бо усули лифтҳои гидравликӣ кор мекунад ва партовҳо дар контейнерҳои пӯшидаи зеризаминӣ ҷамъоварӣ карда мешавад.

Бартариҳои он пешгирии бӯйҳои нохуше мебошад, ки аз пӯсидани хӯрокворӣ ва дигар намудҳои партов ба вуҷуд меоянд.

Мувофиқи лоиҳа 6 контейнери партов бо ҳаҷми 500 кг. дар зери замин ҷойгир карда шудаанд. Вақте ки қуттиҳои партов пур мешаванд, дастгоҳи махсус ба таври худкор ба корхонаи хидматрасонии санитарӣ сигнал мефиристад ва таъмин мекунад, ки партовҳо бо мошини махсус хориҷ карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ин усул дар шаҳри Самарқанд бомуваффақият амалӣ карда мешавад. Дар Намангон ҷорӣ намудани ин лоиҳа ба беҳтар кардани низоми идоракунии партов, ки айни замон яке аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад, хизмат хоҳад кард.

Дар ояндаи наздик сохтани макони намунавии ҷамъоварии партов дар атрофи биноҳои бисёрошёна дар ноҳияҳои Янги Намангон ва Давлатободи шаҳр ба нақша гирифта шудааст.

Ғайр аз ин лоиҳаи сармоягузории коркарди партов, ки аз ҷониби корхонаи  хориҷии “Everbright Environmental Energy Na-mangan” дар ҳудуди маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Чуст бо ҳамкории сармоягузорони чинӣ ба маблағи 141,5 миллион доллар амалӣ карда мешавад, ки яке аз объектҳои дорои аҳамияти муҳими экологӣ ва иқтисодӣ мебошад.

Дар оғози лоиҳа, дар натиҷаи коркарди 548 ҳазор тонна партови маишӣ дар як сол 310 миллион кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад ва ниёзҳои солонаи қариб 300 ҳазор нафарро ба нерӯи барқ қонеъ мегардонад.

Ҳамчунин, лоиҳа барои 180 шаҳрванд ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад. Айни замон дар доираи ин лоиҳа 15 гектар замин ҷудо карда шудааст  ва корҳои сохтмон аз ҷониби сармоягузорони чинӣ анҷом дода мешаванд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

мухбири “Овози тоҷик”

дар вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: