Бо ҳамкории Маркази ахбор-китобхона ва техникуми рақами 2-юми ноҳияи Чуст тибқи қарори Президент озмуни “Китобхони ҷавон” баргузор гардид.
Дар озмун толибилмон аз рӯйи 3 шарт қувва озмуданд. Барои санҷидани хонишу дониши онҳо роҳбари хидмати Маркази ахбор-китобхонаи ноҳия М. Каримова, ҷонишини директори техникум Ф. Матхолиқова ва муаллимаи забон ва адабиёт Э. Холматова бо ҳамовозӣ ба ҳайати ҳакамон тасдиқ шуданд. Аз ҷониби доварон, доираи фикрронӣ ва шавқу рағбати ба китобдоштаи толибилмон санҷида, баҳо дода шуд. Мувофиқи натиҷаи озмун ҷойҳои якуму дуюм ба донишҷӯёни гурӯҳи 54-ум Ҳасанбой ва Ҳусайнбой Абдураҳмоновҳо, ҷойи сеюм ба хонандагони гурӯҳи 68-ум Зӯҳро Тоҷибоева ва Гулсанам Сотимова дода шуд.
Дар анҷоми озмун ғолибон бо ифтихорнома ва ҳадяҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Комилҷон КАРИМОВ,
роҳбари хидмати Маркази ахбор-китобхонаи ноҳияи Чуст.