Нашрияи «Ишонч»-и Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон 35 сола шуд.
Тӯли ин солҳо, бахусус дар даҳ соли охир, рӯзнома бо гуногунрангиву мазмун ва теъдоди худ ба яке аз нашрияҳои бонуфуз табдил ёфт.
Дар идораи таҳририят мактаби беназири таҷриба ба вуҷуд омадааст, ки бо замон ҳамқадам буда, худро ҳамчун таҳририяти ҳамгиро исбот кардааст. Аз ҷумла, Маркази медиа таъсис дода шуда, саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ кушода шудаанд ва аудиторияи онҳо торафт васеъ мегардад. Имрӯз онҳо дар платформаҳои маҷозӣ беш аз 200 ҳазор пайрав доранд. Барномаҳое, ки дар Маркази медиа омода шудаанд, дар шабакаҳои телевизионии марказ пахш мегарданд. Барои саривақт расонидани рӯзнома ба обуначиён, дар системаи паҳнкунӣ ва инчунин дар чопхонаҳои минтақавӣ навсозиҳо ба амал омадаанд.
Ҳар сол ҷамъоварии мақолаҳои гуногунжанре, ки дар «Ишонч» ва «Ишонч-Доверие» чоп мешаванд, дар шакли китоб нашр мешавад. Чун анъана мақолаҳои журналистӣ, таҳлиливу танқидӣ, мулоқот ва мусоҳибаҳое, ки дар соли 2025 дар онҳо чоп шудаанд, таҳти унвони «Муъҷизаи ҳаштум» нашр шуданд. Дар ин китоб мақолаҳои таҳлилии сиёсатшиноси маъруф, сенатор Қудратулло Рафиқов дар бораи тағйироти имрӯза дар Ӯзбекистони Нав, муносибат ба таърих, эътимод ба оянда, натиҷаҳои ислоҳот ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин, маводҳои Акмал Саидов, Аҳмадҷон Мелибоев, Абдусаид Кӯчимов, Ӯткир Раҳмат, Зуҳриддин Исомиддинов, Қазоқбой Юлдошев, Фармон Тошев, Эшқобил Шукур, Зулфия Муъминова, Қутлибека Раҳимбоева, мунаққидони адабиёт, нависандагон ва рӯзноманигорон, инчунин кормандони таҳририят ҷой дода шудаанд.
Ба қарибӣ дар Маркази матбуоти миллӣ маросими муаррифии ин китоб баргузор шуд. Дар он нависандагон, рӯзноманигорон, собиқадорони соҳа ва донишҷӯён иштирок карданд.
Адабиётшиносон Қазоқбой Юлдошев, Зуҳриддин Исомиддинов, директори генералии Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Мураббии шоистаи ҷавонони Ӯзбекистон, сенатор Абдусаид Кӯчимов, сармуҳаррири маҷаллаи «Адабиёти ҷаҳон», публитсист Аҳмадҷон Мелибоев, рӯзноманигори шинохта, муовини раиси Бунёди «Нуронӣ» Шароф Убайдуллоев ва дигарон қайд карданд, ки дар саҳифаҳои «Ишонч» мунтазам мақолаҳои тезу тунди рӯзноманигорӣ ва таҳлилӣ, ки нафаси рӯзгори моро инъикос мекунанд, мусоҳиба, тафсирҳои сиёсӣ дар бораи рӯйдодҳои ҷаҳон, маводҳое, ки ба вазорату идораҳо ва созмонҳои гуногуни масъул саволҳои ҷиддӣ медиҳанд, нашр мешаванд. Таъкид гардид, ки китоби «Муъҷизаи ҳаштум» на танҳо китоби дӯстдоштаи хонандагон хоҳад буд, балки ҳамчун як дастури беназири амалӣ барои рӯзноманигорони оянда низ хидмат мекунад.
Гулҷаҳон Кабирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».