Ойинахонаи лутф ва зарофат

Ҳаҷв дар қаламрави адабиёти тоҷик таърихи хеле тулонӣ дошта, донишмандон аносири онро ба манзумаи тамсилии «Дарахти ассурик» мансуб донистаанд.

 Қадимӣ будани ин навъи маъмули осори насрӣ, ки латифа жанри аслии он ба шумор меравад, ба чанд омили муҳим марбут аст. Гурӯҳе аз мардумони ҷаҳон аз дергоҳи таърих чун аҳли зарифтабъ, базлагӯй, хушгӯву хушрафтор эътироф шудаанд, ки латифсуханиву латифбаёнӣ дар тинату табиати онҳо ҷой доштааст. Бегумон, тоҷикон аз чунин ақвоми латифтабъ ҳастанд. Вуҷуди унсурҳои баёноти хушҳолкунанда дар шеъри суханварони гузаштаи мо, бавежа ташаккули навъи ҳаҷв дар қолибҳои манзум ва мансур бозгӯи ҳақиқати ин амр ба шумор меравад. Дар канори ин, чӣ дар қаламрави таърихи гузаштаи кишварҳои ҷаҳон ва чӣ дар раҳгузори ҷуғрофиёи таърихии мардумони форсизабон шаҳру русто ва маҳаллоте будаанд, ки бо зарофатгӯӣ, хуштабъӣ, ба таъбири мардумӣ «хушчақчақӣ» маъруфият дошта, ҳамин фазилаташон сабаби қаҳрамони меҳварии ҳикояту латифаҳо гардидани онҳо шудааст. Масалан, бештари қаҳрамонони ҳикоёти танзомез ва латифаҳои Убайди Зоконӣ қазвинист, ки сабаби он афроди ҳозирҷавобу шӯхтабиат ба шумор омадани мардумони шаҳри Қазвин аст. Дар латифаҳои мардумони Ҳинд бошад, сокинони Деҳлӣ, дар Миср – Қоҳира, дар Туркия қунавӣ ҳамин сифатҳоро доранд. Аҳли шаҳри Габровои Булғористон низ соҳиби чунин сифатҳо будаанд ва ин омил сабаб шуда, ки он ба унвони шаҳри ҳазл маъруф гардад.

Дар миёни тоҷикон тайи ду асри охир румонӣ, кумӣ, ромитӣ, эҷӣ, қаротегинӣ, дарвозӣ, вахёгӣ ё ба шакли вахёӣ ва амсоли ин низ маъруфанд, ки ба табъи зарифи мардумони ин манотиқ рабт мегирад. Дар Бухоро бештар шириниҳо, дар Самарқанд маҳаллатиҳо. Аниқтараш дар қисмати ноҳияи Самарқанд деҳае мавҷуд аст, бо номи «Маҳалла», ки сокинонаш худро ҳамеша бо камоли ифтихор «Маҳаллатӣ» унвон мекунанд. Мардуми он низ дорои завқи баланд, ҳозирҷавоб, соҳибҳушанд ва ҷамъи чунин фазилатҳояшон сабаби нуфузи латоиф дар миёни ин мардум гардидааст. Вале, мутаассифона, камтар ҷамъоварӣ шудаанд. Танҳо дар китоби «Латифа ва афсонаҳои тоҷикӣ»-и фолклоршинос ва муҳаққиқи насри классикии тоҷик Саъдӣ Маҳдиев, ки солҳо қабл фароҳам омада, танҳо соли 2024 ба зевари табъ ороста шуд, бахше аз ин латифаҳо ва гунаҳои ҳозирҷавобии он ба унвони муште аз хирвор ҷамъоварӣ шудаанд. 

Мардуми Самарқанд ва атрофи он ин деҳаи хурдакакро Габровои ин сарзамин медонанд ва дар маҷлису нишастҳои хеш бо камоли лутфу зарофат аз он ёдовар мешаванд. Ҳатто ҳангоми изҳори ҳолатҳои аҷибу ғариб аз ҳамнишину ҳамсуҳбат ба ӯ «ту Маҳаллатӣ не-мӣ?» гуфта муроҷиат мекунанд. Нависанда Бахтиёри Ҷумъа дар хотироти хеш дар бораи профессор Саъдӣ Маҳдиев ёдовар мешавад, ки «Мо – студентҳоро Саъдӣ Маҳдиев «маҳаллатӣ» мегуфтанд. Он кас дар хонаашон як ташкилоти мусофирони маҳаллатӣ ташкил карда буданд. Ҳар ҳафта рӯзи шанбе ё якшанбе моро ҷамъ мекарданд. Як деги калон доштанд, тахминан 100-150 литр об мебурд. Барои 60-70 нафар самарқандиҳое, ки дар мактабҳои гуногуни олии Душанбе мехонданд, аз ҳисоби худ ош карда медоданд. Агар ягон кас наомада монад, кас мефиристоданд, ки «ӯ чаро наомад?», «Ин маҳаллатӣ дар куҷо бошад?» – мепурсиданд».

Соли 2024 китоби Баҳодури Ҷаббор ба унвони «Ман маҳаллатӣ» дар нашриёти «Маҳорат»-и Самарқанд аз ҷониби фарзандони эшон ба чоп расид, ки намунаҳои ҳикоёт ва латифаҳои ҳаҷвии муаллифро фаро мегирад. Ба навиштаи шоир ва рӯзноманигори самарқандӣ, сардабири маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» Асадуллоҳ Шукурзода, ки ба он пешгуфторе навиштааст, «ӯ хандида-хандида гиря карда метавонад. Ҳам гиря карда-гиря карда механдад. Актёр нест, вале нақш меофарад... зеро ӯ аз Маҳалла асту худро маҳаллатии асил меҳисобад».

Аз китоб огаҳ мешавем, ки Баҳодури Ҷаббор бо тавсия ва тақозои дӯсти наздикаш Акрамака ба навиштани ин саргузаштномаҳои лабрези лутф шурӯъ кардааст. Шеваи нигориши ин муқаддима ҳам ҳаҷвист, яъне муқаррарӣ нест, аз он хонанда муроҷиати муаллифро чун лутфу марҳамати вай истиқбол менамояд. «Ману Акрамака, ки он кас маслиҳатчии ҳамешагии ман буданду ҳастанд, баҳс карда мондем. Мо рост истода як соати расо мунозира кардем, гапҳои пасту баланд, сермурчу қаламфур ҳам шуд. Баъзе лаҳзаҳо сари якдигар дод задем.

Охири охирон дӯстам аз гиребонам маҳкам дошта, нағзакак шиппонда адабамро доданду ба овози хиррӣ:

– Ту виҷдон дорӣ?

– Шумо чиро дар назар доред?

– Дар бораи ту аз будаш ҳам бисёртар навиштанд, аз барномаи «Бодрое утро»-и ойинаи нилгуни «Спорт» як соат баромад карда, ҳамаро қоил кардӣ. Ман ба як чиз ҳайрон, барои чӣ он чизе, ки худат аз сарат гузарондӣ, он саргузаштҳоеро, ки яке аз дигараш хандаовар, ҷозибанок, бозоргир, касмаёбанд, наменависӣ? Барои насли оянда ягон чиз намемонӣ? Охир ин ноинсофӣ-ку? – гӯён таркиданд».

Бахши муҳими ҳикоят ва латоифи ин асар олимону шоирон ва донишмандону кормандони касбу кори гуногун мебошанд. Қисмате аз замони дигар, аз ҷумла, аз шунидаҳояш дар суҳбати падар ва хешовандони дигар нақл шудаанду бахши дигар аз дидаву шунидаҳои худи муаллиф. Аз ин рӯ, Ғафур Ғулом ва Мирзо Турсунзода, Шавкат Шукурови бедилшинос ва олиму устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Шариф Акрам – котиби бахши Иттифоқи нависандагони Самақанд ва дигарон қаҳрамонони навиштаҳои Баҳодури Ҷаббор ҳастанд, ки бо маҳаллатиҳо сару кор гирифтаанд.

Худи нависанда ҳам чанд фазилати муҳим ва нодир дорад, ки он боиси мулоқоти вай бо шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ба таъбири худаш «20 ҳазор варзишгари ҷаҳонро ном ба ном медонад, дар кадом мусобиқаҳои олимпӣ, ҷаҳонӣ, қитъавӣ ё дохилӣ ё аз рӯйи кадом соҳаи спорт ғолиб омадааст, зиёда аз 2000 номи ҷамоаи варзишӣ, зиёда аз 120 давлати дунё, зиёда аз 50 намуди варзиш ва таърихи он, номи садҳо довар, садҳо иншооти варзиширо медонад». Ҳамин фазилат сабаб шуда, ки ба дидори Кофе Аннан, собиқ сармуншии СММ ва дигар шахсиятҳои барҷастаи сиёсати ҷаҳон мушарраф гардида, бо чандин намояндагони маъруфи варзиш ҳамсуҳбат шавад. Воқеоти ҳикоёти китоб дар Самарқанду Амрико ҷараён гирифтаанд. Дар асл рӯйдодҳои амрикоиро дар китоби алоҳида бо номи «Феномен» бо забони русӣ ба чоп расонидааст. Бахши муҳими ин вақоеи нодири зиндагии муаллиф бо номи «Ҳелло, Америка!» дар тарҷумаи ӯзбекӣ аз ҷониби Фозил Тиловатов соли 2023 нашр гардидааст.

Роҷеъ ба ҷанбаҳои муҳими мавзуиву сабкии асари саргузаштии Баҳодури Ҷаббор «Ман маҳаллатӣ» метавон бештар аз ин изҳори назар намуд, вале ҳамин як баррасии кутоҳ моро ба ин натиҷа мерасонад, ки он як таълифи арзишманд ва намунаи барҷастаи насри ёддоштии бо шеваи ҳаҷв нигошташуда ба шумор меравад.

Нуралӣ Нурзод, 
доктори  илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик

Б. Ғафуров.

Нодир Қаюмов,

дотсенти кафедраи назарияи таълими ибтидоӣ ва томактабии Донишкадаи омӯзгории Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: