Ба қарибӣ марҳилаи ҷумҳуриявии озмун аз забони тоҷикӣ, забони давлатӣ, франсузӣ, англисӣ, немисӣ дар шаҳри Қаршӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро сардори Раёсати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Қашқадарё Убайдулло Орифов ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Дар чорабинӣ намояндаи Вазорати таълим оид ба корҳои олимпиада Шавқиддин Эшмуродов низ иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, ба онҳо бурдбориҳо таманно намуд.
Иштирокчиёни олимпиадаи ҷумҳуриявиро аз фанҳои забони давлатӣ ва забони тоҷикӣ дар бахши аввал бо гирифтани эссе (дар меъёри 50 хол) озмуда бошанд, дар бахши дуюм хонандагон бо супоридани тест (дар меъёри 50 хол) сабқат намуданд.
Доварон корҳои хаттӣ ва натиҷаи тестҳои иштирокчиёнро шаффоф баҳогузорӣ намуда, ғолиби 3 ҷоизаи асосиро муайян намуданд.
Тибқи натиҷагирии доварон, аз фанни забон ва адабиёти тоҷик хонандаи синфи 11 аз мактаби рақами 46-уми ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё Азиза Қурбонова ба гирифтани ҷойи якум, хонандаи синфи 11 аз мактаби рақами 87-уми ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё Шабнам Холиқулова ба ҷойи дуюм, хонандаи синфи 11 аз мактаби миёнаи рақами 28-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона Фариштамоҳ Ҳасанҷонова ба ҷойи сеюм мушарраф гардиданд.
Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ғолибон бо туҳфаҳои пурарзиш ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонда шуданд.
Бояд кайд намуд, ки дар маросими ҷоизасупории имсола бори аввал ғолибони ин сабқат бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Ҳини суҳбат соҳиби медали тилло Азиза Қурбонова чунин иброз дошт:
– Соҳиб шудан ба шоҳҷоиза ин бар ивази дастгирии падару модарам ва сабақҳои устодонам насибам гардид. Дар оянда низ ҳаракат мекунам, ки заҳматҳои онҳоро фаромӯш накарда, комёбиҳоро ба даст дарорам.
Падари Азиза, омӯзгори тоифаи олӣ Абдуҷалол Қурбонзода, ки 37 сол собиқаи корӣ дорад, илова намуд:
–Тавре ки Ҷалолиддини Балхии Румӣ фармудааст:
Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеч Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Тавассути «Овози тоҷик» ғолибонро бо муваффақиятҳояшон табрик мегӯем.
Ҳомидҷон Холмуъминов,
омӯзгори мактаби миёнаи
рақами 10-уми ноҳияи Деҳқонободи
вилояти Қашқадарё.