Ҳоло ду нафар фарзандам дар синфи ибтидоӣ таҳсил мегиранд. Ҳар субҳ, вақте онҳоро ба мактаб гусел мекунам, вазни сумкаҳои онҳоро дида, то ҳадде нигарон мешавам.
Ҳамарӯза чанд дона китобу дафтарро, ки аксар андозаи калону вазни зиёд доранд, инчунин, асбобҳои зиёди хонишро бо худ мебаранду мебиёранд. Рӯзҳое, ки дарси тарбияи ҷисмонӣ доранд, бар замми сумкаи вазнин, либосҳои варзишӣ низ ҳамроҳ мешаванд.
Воқеан, имрӯз гаронии сумкаҳои донишомӯзони синфҳои ибтидоӣ, бахусус синфи якум ба яке аз мушкилоти муҳими низоми таълим табдил ёфтааст. Ва ин ҳолат маро низ ба сифати як модар нигарон кардааст. Ҳар гоҳ гаронии сумкаҳои фарзандонамро бинам, дилсӯзона хоҳиш мекунам, ки ягон китобро набаранд. Афсӯс, ки онҳо «агар китобро набарем, муаллим танбеҳ медиҳад» гуфта, ҳама китобҳоро бо худ мебаранд.
Дуруст аст, ки мавҷудияти китоби дарсӣ барои беҳтар аз худ намудани дарс мусоидат мекунад. Аммо имрӯз масъала танҳо бо зиёд будани китобҳо маҳдуд намешавад. Баробари ҳар як китоби фаннӣ, хонандаро лозим аст, ки дафтарҳои машқи онҳоро низ бо худ бигирад. Яъне, барои ҳар як фан – китоб, дафтари синфӣ ва дафтари машқ алоҳида аст. Яъне, агар рӯзе чор соат дарс бошад, хонанда маҷбур аст, ки чор китоб, чор дафтари синфӣ ва чор дафтари машқ, дар маҷмӯъ дувоздаҳ китобу дафтарро бо худ барад. Агар ба ҳисоби миёна вазни ҳар яке аз онҳоро 300 граммӣ ҳисоб кунем, вазни умумии китобу дафтарҳо қариб чор килограмм мешавад. Саволе ба миён меояд, ки оё ин барои донишомӯзи синфи якум вазнин нест?
– Вазни сумкаи донишомӯз набояд аз 10 фоизи вазни ӯ зиёд бошад. Масалан, вазни миёнаи кӯдак дар 7-солагӣ тақрибан 23 килоро ташкил медиҳад. Яъне барои онҳо вазни миёнаи қобили қабули сумка набояд аз 2,3 килограмм зиёд бошад. Вазни миёнаи кӯдакони 10-сола бошад, тақрибан 32 килограмм мебошад. Аз нигоҳи тиббӣ, вазни ҷузвдони онҳо бояд 3-3,2 килограмм бошад. Вале дар амал дар бисёр маврид ин меъёр риоя намешавад.
Зиёд будани вазни сумка метавонад паёмадҳои нохуш ба миён орад. Бори вазнин дер ё зуд ба инкишофу саломатии донишомӯзон таъсири манфии худро мерасонад. Дарди гардану китф, каҷшавии сутунмӯҳра, хастагии бармаҳал ва коҳиши таваҷҷуҳ ба дарс аз мушкилоте мебошанд, ки маҳз дар натиҷаи аз меъёр зиёд будани вазни ҷузвдон ба миён меоянд. Дар ин раванд, вазъи ҷисмонии кӯдак, вақт ва масофае, ки ӯ бо сумка ҳаракат мекунад, сифати ҷузвдон низ аҳамият дорад. Хонандае, ки субҳ бо бори вазнин мактаб меравад, дар роҳ хаста мешавад. Дар натиҷа, ӯ наметавонад дар дарс фаъол бошад, бо завқ дониш омӯзад, мавзӯъро хуб аз худ намояд. Бинобар ин, бо ин масъала беэътибор будан нашояд, – мегӯяд мутахассиси бемориҳои кӯдакон Шаҳноза Мирзоева.
Бояд гуфт, ки мувофиқи қарори Девони Вазирон аз 28 декабри соли 2022 таҳти рақами 726 «Дар бораи тасдиқ кардани низоми техникии муайян кардани талаботи бехатарии маҳсулоти матбаа барои муассисаҳои таълимӣ» вазни китобҳои дарсӣ муқаррар гардидааст. Мувофиқи қарор, вазни китобҳои дарсӣ барои синфҳои 1-4-ум 400 (ё 10 фоиз), барои синфҳои 5-9-ум 500 (ё 10 фоиз) ва барои донишомӯзони синфҳои 10-11-ум дар ҳудуди 600 грамм (ё 10 фоиз) муайян карда шудааст.
Бино ба таъкиди мутахассисони соҳа, паёмадҳои нохуши бардоштани сумкаи вазнин на дар як ё ду, балки бо гузашти 10-15 сол мушоҳида мешавад. Шифокорон мегӯянд, ки ин ҳолат на танҳо ба сутунмӯҳра ё бандҳои он, балки ба дигар узвҳо ҳам зарар мерасонад. Масалан, вақте бор вазнин мешавад, хонанда барои тезтар ба манзил расидан, зуд-зуд қадам мегузорад ва дар натиҷа бештар энергия сарф мекунад. Ҳамзамон, тез нафас кашида, хаста мегардад. Ва ин ҳама боиси дарди пою мушак, хасташавӣ дар ҳолати психоэмотсионалӣ мегарданд. Пас моро зарур аст, ки дар ин маврид ҷиддитар мулоҳиза намоем, роҳҳои муассиру самарабахши ҳалли ин мушкилро дарёбем, то бори сумкаи фарзандони худро камтар намоему саломатии онҳоро ҳифз ва таваҷҷуҳашонро ба таълиму тадрис бештар созем.
Шоҳсанам ТӮЙНАЗАРОВА,
мухбири «Овози тоҷик».