Ҷашнвораи «Насриддин Афандӣ» ва «Таомҳои Шарқ»

  • Ҷашнвораи «Насриддин Афандӣ» ва «Таомҳои Шарқ»
  • Ҷашнвораи «Насриддин Афандӣ» ва «Таомҳои Шарқ»
  • Ҷашнвораи «Насриддин Афандӣ» ва «Таомҳои Шарқ»
  • Ҷашнвораи «Насриддин Афандӣ» ва «Таомҳои Шарқ»

Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳазлу мутоиба – 1 апрел дар шаҳри Бухоро фестивали анъанавии «Насриддин Афандӣ» ва «Таомҳои Шарқ» баргузор гардид.

Гуфтан ҷоиз аст, ки ин тадбир дар шаҳри кӯҳна даҳ сол боз сурат мегирад. Дар арафаи оғози ҷашнвора шаҳри кӯҳна намуди идона дошт. Овезаю шиорҳо, лӯхтакҳои хурду бузурги зебо, тасвирҳои ҳаҷвии қаҳрамонҳои миллии афсонаҳои мардумӣ ба ҳавои наврӯзӣ ҷӯр гашта, ба дилҳо фараҳ мебахшиданд. Садои пурҷозиба ва дилкаши савту сурудҳои ҷамоаю ансамблҳои фолклорӣ-этнографӣ, дастаҳои бадеии шаҳру ноҳияҳо ҷозибаи тадбирро меафзуданд. Пагоҳй иштирокдорони ҷашнвора, ки дар майдони Арк омодаи парад шуда буданд, зери садои дилнавози карнаю сурнай тавассути маҷмӯи «Пои Калон» сӯи мадрасаи «Нодир Девонбегӣ», ки пайкараи Насриддин Афандӣ он ҷост,  раҳсипор гардиданд. Дар он ҷо маросими рамзии кушодашавии фестивал сурат гирифт. Ҷонишини ҳокими вилоят Ботирҷон Шаҳриёров ҳозиронро бо Рӯзи ҳазл ва мутоиба муборакбод намуд.

Дар гузари «Говкушон» дар доираи ҷашнвораи «Таомҳои Шарқ», озмуни «Оши софӣ» ба амал омад. Намоиши маҳсули дастони ҳунармандон, ширинию шираворӣ, таомҳои гуногуни миллию халқҳои олам диққати меҳмонон, хусусан сайёҳони хориҷиро бештар сӯи худ кашид. Ҳамин тариқ, дар давоми рӯз дар фазои шаҳр баробари савту суруд садои хандаю шодӣ танин андохта, ҷашнвора ба иди дӯстии халқҳо табдил ёфт.
Бояд таъкид намуд, ки дар охир 35 нафар ғолибони 22 номинатсия муносиб ҳавасманд гардонда шуданд. 

А. Авезов, хабарнигори

«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: