– мегӯяд Раҳмоналӣ ДАВЛАТОВ, сармуҳаррири моҳномаи «Иттифоқ» – нашрияи мақомоти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили вилояти Хатлони Тоҷикистон
Ӯ дар анҷумани байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Нашрҳои иттиҳодияҳои касаба дар шароити трансформатсия: ҳаракат ба сӯйи ҳамгироӣ», ки дирӯз бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон дар пойтахт рӯйи кор омад, иштирок намуд.
Дар арафаи анҷуман мухбири «Овози тоҷик»
Муҳаммадҷон ШОДИЕВ бо ӯ ҳамсуҳбат шуд.
– Истиқлол дар қатори бисёр соҳаҳо ҷиҳати тавсеаи фазои медиа ва рушди он имкониятҳои васеъ фароҳам овард, – гуфт меҳмон аз Тоҷикистон. – Баробари ҳамин, чунин ба назар мерасад, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ ба ҳаёти мо воридшавии интернет ва густариши журналистикаи интернетӣ то андозае ба рушди нашрҳои даврӣ таъсир мерасонад. Дар айни ҳол технологияҳои рақамӣ дар кулли ҷабҳаҳо дари имкониятҳои васеъро ба рӯямон мекушоянд. Аз онҳо дуруст ва мақсаднок истифода кардан лозиму халос.
Дар давраи имрӯза оне, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебарад, худро журналист меҳисобад. Дар асл ҳамонеро журналисти ҳақиқӣ гуфтан мумкин аст, ки ба маълумотҳои аниқ такя мекунад. Дар арсаи медиа фидоиёни соҳа, ки қалби бедор доранду ба воқеаҳои атроф бефарқ нестанд ва аз тафаккури таҳлилӣ бархурдоранд, хеле зиёданд.
Дар асоси ташаббуси роҳбари мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ҷараёнҳои навсозӣ ба назар мерасанд. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон айни замон ҳамоҳанг бо дигаргуниҳое, ки дар кишварамон амалӣ мешаванд, самаранок фаъолият мебаранд. Дар асоси музокира ва маслиҳатҳо доир ба рушди шарикӣ ва меҳнат масъалаҳо ҳал карда мешаванд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» қабул карда шудааст. Мақсади он – ба тартиб андохтани муносибатҳо дар соҳаи фаъолияти ВАО. Дар вилояти Хатлон низ якчанд нашрияи даврӣ мавҷуд. Дар республикаамон воситаҳои ахбори оммавӣ озод буда, онҳо мувофиқ ба қонун фаъолият мебаранд.
Рӯзномаи мо бо номи «Иттифоқ» аз соли 2018 нашр мегардад. Он бо чаҳор ҳазор адади нашр дар ҳашт саҳифа моҳе як маротиба ба дасти хонанда мерасад. Дар моҳнома бобати баробарии ҳуқуқи меҳнатӣ, дар бораи сиёсати гендер (таъмини баробарии гендерӣ), ҳифзи амнияти меҳнат, сиёсати ҷавонон, маориф ва таълим, ҳамкории байналхалқӣ, шарикии иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат низ материалҳо ба чоп мерасанд. Марбут ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои меҳнатии ходимон тавассути рукни «Пурсед, ҷавоб медиҳем» ба саволҳои рӯзномахонҳо дар вазъи ҷалб намудани мутахассисон ҷавоб мегардонем. Маводе, ки фаъолияти иттифоқҳои касабавии вилоятро инъикос намудаанд, ҳамеша дар маркази эътибори рӯзномахонҳо қарор гирифтаанд.
Ман ба барномаи анҷумани илмию амалии байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Нашрҳои иттиҳодияҳои касабавӣ дар шароити трансформатсия: ҳаракат ба сӯи ҳамгироӣ», ки бо саъю ҳаракати Федератсияи иттифоқҳои касабавии Ӯзбекистон ташкил карда шудааст, шинос шудам. Дар он олимон ва сиёсатмадорони шинохта, фидоиёни арсаи медиа иштирок менамоянд.
Ҷиҳатҳое, ки таваҷҷуҳамро мекашанд, хеле бисёр. Маърӯзаҳоро бо диққат шунида, аз дигаргуниҳои муфид, навигариҳо доир ба соҳа воқиф шуданиам. Худам ҳам суханҳои мегуфтагӣ дорам. Мо, иштирокдорон, таҷрибаҳоямонро ба ҳам дида, якдигарро пурра менамоем.
Бояд эътироф кард, ки Ӯзбекистон дар тамоми соҳаҳо ба давлатҳои минтақа намуна аст. Иттифоқҳои касаба низ аз ин мустасно нест. Таҳти ташаббуси Президентатон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ҳузури Федератсияи иттифоқҳои касабавии Ӯзбекистон ташкил шудани Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоӣ далели фикри мост, ки дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад.
Ин конфронс нуфузи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистонро дар миқёси байналхалқӣ боз болотар хоҳад бардошт.