Олимони чинӣ муайян карданд, ки як намуди хатарноки нодавирус, ки дар байни моҳии баҳрӣ ва оби ширин паҳн мешавад, метавонад ба инсон низ сироят кунад. Дар ин бора дар маҷаллаи илмии Nature Microbiology гузориш дода шудааст.
Тибқи маълумот, сабаби бемории чашм, ки дар инсонҳо ба шакли фишори доимии дохили чашм ва увеити вирусии қисми пеши чашм (POH-VAU) зоҳир мешавад, муддати дароз номаълум буд. Аммо таҳқиқоти нав нишон медиҳад, ки ин беморӣ метавонад бо нодавируси пинҳонӣ — CMNV, ки дар муҳити обӣ мавҷуд аст, алоқаманд бошад.
Олимон дар бофтаҳои чашми 70 нафар бемороне, ки ташхиси POH-VAU доштанд, нишонаҳои вируси CMNV-ро ошкор карданд. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки ин вирус дар ҳайвоноти лабораторӣ боиси баланд шудани фишори дохили чашм ва осеби бофтаҳо мегардад. Ҳамчунин, қайд шудааст, ки он метавонад ҳуҷайраҳои ширхӯронро низ зарар расонад.
Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, 71,4 фоизи ҳолатҳои сироятёбӣ ба инсон бо коркарди ҳайвоноти обӣ бе воситаҳои муҳофизатӣ ё истеъмоли онҳо дар ҳолати хом вобаста будааст.
Барои маълумот, нодавируси CMNV дар зиёда аз 120 намуди моҳии баҳрӣ ва оби ширин паҳн шудааст ва як патогени хатарнок ба ҳисоб меравад. Он ба системаи асаби моҳӣ осеб расонида, махсусан дар байни моҳичаҳои наврас метавонад боиси талафоти оммавӣ (то 100 фоиз) гардад.