Дар роҳи афзоиши шуғли аҳолӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ

Микрокредитбонк дар кишвари мо тавассути рушди тиҷорати хурд барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, соҳибкории хусусӣ ва инфиродӣ, дастгирии ҳунармандӣ ва тиҷорати хонагӣ инчунин, густариши хидматрасонии вомдиҳӣ, махсусан дар деҳот фаъолият мебарад.

Бонк оиди корҳое, ки дар соли 2025 анҷом додааст ва нақшаҳои барои соли 2026 дар Маркази матбуоти миллӣ ҷамъомад ташкил намуд.
Тавре ки дар ҷамъомад таъкид шуд, соли гузашта бонк 10,2 триллион сӯм маблағ ҷудо карда,  аз он 7,9 триллион сӯм ба корхонаҳои хурду миёна ва боқимондаи он   барои амалӣ шудани барномаҳо сарф шудаанд.
Дар соли сипаришуда 345 895 нафар бо кор таъмин гардиданд. Аз он 122 066 нафар ба ҷойи кори доимӣ ва 223 829 нафар ба соҳибкорӣ ҷалб шуданд.
Дар натиҷаи  лоиҳаҳои хурде, ки аз ҷониби бонк ба аҳолӣ пешниҳод шудаанд,  905,1 миллиард сӯм вом барои 47 975 лоиҳаи хурд ҷудо гардида, 98 305 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Ҳамчунин, бастаҳои лоиҳавӣ ба маблағи 318 миллиард сӯм ба 11 142 хонаводаи камдаромад расонида шуданд ва тавассути он 16 704 нафар бо кор таъмин гардиданд.

Дар 1747 гектар замине, ки ба 5210 нафар барои иҷора додаанд,  дар асоси 159 лоиҳаи намунавӣ мувофиқи принсипи «Як контур – як маҳсулот» маҳсулоти фоидаовар ва содиротӣ кишт намуданд. Дар натиҷа, 34764 тонна маҳсулот истеҳсол шуда, аз он 2195 тоннаашро  содир намуданд, ки дар маҷмӯъ 211,3 миллиард сӯм ба даст оварданд.

Мувофиқи татбиқи барномаи «Аз камбизоатӣ – ба фаровонӣ»  роҳбарон ва муовинони 181 филиали минтақавии бонк даромади 412 оиларо беҳтар карда, онҳоро аз феҳристи иҷтимоӣ бароварданд. Барои арзёбии самаранокии коре, ки агентиҳои ёрирасон дар маҳаллаҳо анҷом додаанд, платформаи «Mahalla mkb.uz»-и бонк таъсис гардида, ба кор  шурӯъ намуд.
Дар соли 2026  аз ҳамаи манбаъҳои бонк 11 триллион сӯм кредит ҷудо карда мешавад. Аз ин шумора 7,4 триллион сӯм ба соҳибкорони хурду миёна,  аз он 4,8 триллион сӯм дар доираи барномаҳо ҷудо карда ва тақрибан 140 ҳазор лоиҳа амалӣ бояд шавад. Дар 1062 маҳалла 347 миллиард доллар барои зиёда аз 10,5 ҳазор лоиҳаи хурд  дар асоси тахассуси маҳаллаҳо ҷудо карда мешавад.
Дар 4775 гектар замин дар 362 контур, ки ба 7129 деҳқон дар асоси принсипи «Як контур – як маҳсулот» барои иҷора дода шудаанд, маҳсулоти фоидаовар ва содиротӣ парвариш мекунанд.
Бар ивази 116,2 миллиард сӯм кредит, ки дар соли 2026 дар доираи барномаи «Қадами оянда»  барои  кӯмак ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар  ёфтани ҷойи кор ҷудо карда шудааст, 3600 хатмкунанда бо кор шуғл мегарданд.
 Дар маҷмӯъ 400 миллион доллар аз манбаъҳои беруна, аз ҷумла 150 миллион доллар лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва 175 миллион доллар барои дастгирии тиҷорати хурду миёна равона карда мешаванд.
Бонк  тибқи нақша  барои моҳҳои январ-март 1,7 триллион сӯм, аз ҷумла 1,2 триллион ба корхонаҳои хурду миёна ва 557,1 миллиард сӯм вом дар доираи барномаҳо ҷудо кардааст. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-март 16719 нафар бо кор таъмин  шуданд.
Масалан, дар маҳаллаи «Шампан»-и ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд дар 10 гектар замине, ки ба 10 нафар ҷавонон (ҳар кадом 1 гектарӣ) иҷора дода шудааст, помидор парвариш карда мешавад. Шартномаҳо оид ба истеҳсоли маҳсулот байни корхонаи «Транспорт глобус» ва соҳибони заминҳо имзо шудаанд ва тибқи ҳисобҳои пешакӣ, дар ҳосили аввал 350 тонна маҳсулот парвариш карда мешавад ва интизор меравад, ки ҳар як ҷавон 60 миллион сӯм даромад ба даст орад.

Г. Кабирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: