Тарбияро аз хона оғоз намоем

Тарбия аз хурдӣ дода мешавад. Боре дар автобуси ҷамоатӣ ба маркази шаҳр мерафтам. Дар автобус ҳолатеро шоҳид шудам, ки маро ба андеша водор намуд.

 Як модар бо ду фарзандаш – як писар ва як духтари синни соли мактабӣ дар курсӣ нишаста буданд. Дар ҳамин ҳол, чанд нафар калонсолон рост истода буданд. Аммо ин кӯдакон бе ҳеч таваҷҷуҳ ҷойро ишғол карда нишаста буданд ва модар низ ба ин ҳолат эътибор надод. Ин манзара маро  нороҳат кард: магар тарбия аз хурдӣ дода намешавад? Оё ин кӯдакон, ки имрӯз ба калонсолон эҳтиром намегузоранд, фардо метавонанд шахсони боодоб ва меҳрубон шаванд? Дар фарҳанги халқи мо ҳамеша эҳтироми калонсолон, меҳрубонӣ ва оқибат мавқеи баланд дошт. Падару модарон фарзандони худро бо одобу ахлоқи ҳамида тарбия мекарданд. Ҷой додан ба калонсолон, кумак кардан ба ниёзманд ва сухани нек гуфтан... ин ҳама нишонаи инсони тарбиядида аст.
Мутаассифона, имрӯз баъзан мебинем, ки ин арзишҳо коста шудаанд. Баъзе падару модарон ба тарбияи ахлоқии фарзандон камтар эътибор медиҳанд. Кӯдак бошад, он чизеро меомӯзад, ки мебинад. Агар ӯ дар хона эҳтиром ва меҳрубониро эҳсос накунад, дар ҷомеа низ чунин рафтор намекунад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як падару модар он аст, ки аз рӯзҳои аввали зиндагии фарзанд ба ӯ одоб, эҳтиром ва меҳрубониро омӯзонад. Зеро тарбия асоси шахсияти инсон аст. Кӯдаке, ки имрӯз бо тарбияи дуруст ба воя мерасад, фардо инсони солеҳ ва барои ҷомеа фоидаовар мешавад.

Муъҷиза Бобобекова,
донишҷӯ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: