Ба роҳ мондани рақамисозӣ ва инноватсия дар соҳа

Дар Маркази матбуоти миллии пойтахт нишасти матбуотии Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбеккӯмир» бахшида ба корҳои баанҷомрасидаи соли 2025 ва вазифаҳои афзалиятнок барои соли 2026 баргузор гардид.

Дар он оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти ҷамъият, ислоҳоти амалишуда ва нақшаҳои оянда маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Тибқи натиҷаҳои соли 2025, нишондиҳандаҳои истеҳсолии ҷамъият устувор таъмин гардиданд. Аз ҷумла, 7 миллиону 137 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуда, нақша 105 фоиз иҷро гардид. Ҳаҷми истеҳсолот бо нархҳои амалкунанда қариб 1 триллиону 868 миллиард сӯмро ташкил дода, беш аз нақша иҷро гардид. Ҳамзамон,  аҳолӣ ва объектҳои соҳаи иҷтимоӣ бо ангишт таъмин шуданд.
Барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 аҳолӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ 100 фоиз бо ангишт таъмин шуданд. Бо мақсади таъмини шаффофият, фурӯши маҳсулот тавассути платформаи электронии «misoal.uz» ба роҳ монда шуд.

– Дар давраи ҳисоботӣ ба рушди инноватсионӣ диққати махсус дода шуд. Дар давоми сол 8 лоиҳаи инноватсионӣ амалӣ гардида, самаранокии истеҳсолот афзоиш ёфта, истифодаи сарфакоронаи захираҳои сӯзишворӣ ва энергетикӣ таъмин гардид ва таъсири экологӣ коҳиш ёфт. Бо ҷорӣ намудани системаҳои ҶПС (дастгоҳи махсус) ба техника назорат пурзӯр гардида, воситаҳои муосири алоқаи радиоӣ ба кор дароварда шуданд, инчунин бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия масрафи нерӯи барқ кам карда шуд.
Ҳамзамон, ба дастгирии иҷтимоии кормандон диққати ҷиддӣ дода шуда, соли 2025 маоши миёна 15,9 фоиз зиёд шуда, ба 7,3 миллион сӯм расид. Дар охири сол ба кормандон мукофотпулӣ низ пардохт гардид, – гуфт дар баромади худ мутахассиси соҳа М. Маматисоев.
Таъкид гардид, ки дар ҷамъият барои таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофият, мубориза бо коррупсия ва густариши равандҳои рақамисозӣ корҳои мунтазам анҷом дода шуданд. Технологияҳои муосири иттилоотӣ ба равандҳои идоракунӣ ва истеҳсолот ҷорӣ гардида, гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва механизмҳои назорати рақамӣ такмил дода шуданд. Барои беҳтар намудани муошират бо ҷомеа, низоми кор бо муроҷиатҳо низ такмил ёфта, қисми зиёди муроҷиатҳо ҳалли мусбӣ ёфтанд.
Дар соли 2026 дар назди ҷамъият вазифаҳои зиёд гузошта шудаанд. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ кушодани қабати болоии кон ба ҳаҷми 36 367,0 ҳазор метри мукааб ва истихроҷи 5,7 миллион тонна ангишт ба нақша гирифта шудааст. Дар нимаи аввали сол ба истеъмолкунандагон зиёда аз 3,4 миллион тонна ангишт расонда дода мешавад.
Аз ҳисоби истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ ва сӯзишворӣ, дар нимаи аввали сол беш аз 8 миллиард сӯм сарфа намудани маблағ, инчунин сарфаи садҳо тонна сӯзишвории дизел ва зиёда аз 3 миллион киловатт-соат нерӯи барқ пешбинӣ шудааст.
Дар доираи барномаи маҳаллисозӣ, истеҳсоли намудҳои нави қисмҳои эҳтиётӣ васеъ гардида, дар нимаи аввали сол истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 3,2 миллиард сӯм ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, идомаи рушди инноватсионӣ, тақвияти ҳамгироии илм ва истеҳсолот ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар назар аст.
Дар самти ҳифзи муҳити зист, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакоронаи энергия, пурзӯр намудани мониторинги экологӣ ва густариши корҳои кабудизоркунӣ пешбинӣ шудааст.
Таъмини шаффофият дар фаъолияти ҷамъият ва рушди ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма ва ҷомеа низ аз вазифаҳои афзалиятнок боқӣ мемонад. Бо ин мақсад, дар соли ҷорӣ баргузории як қатор чорабиниҳои матбуотӣ, брифинг ва мулоқотҳои кушод ба нақша гирифта шудаанд.

С. Бекназарова, хабарнигори
 «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: