Таъсиси ситоди кор бо муроҷиатҳои аҳолӣ

13 марти соли 2026 ҷаласаи видеоселектории таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузоргардида ба такмил додани низоми кор бо муроҷиатҳои аҳолӣ, ба марҳилаи нави рушд баровардани фаъолияти қабулгоҳҳои халқӣ ва сари вақт ҳал намудани мушкилоти шаҳрвандон бахшида шуда буд.

Дар ҷаласа роҳбари давлат махсус таъкид намуд, ки барои роҳбарони ҳама сатҳҳо беҳтар намудани кор бо муроҷиати аҳолӣ, таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба мушкилоти ҳар як инсон, хонавода ва  ризоияти мардум бояд меъёри асосӣ бошад.
Бо мақсади иҷрои барномаи аз ҷониби Президент пешниҳодгардида дар ноҳияи Шеробод ситоди фаврӣ оид ба кор бо муроҷиатҳо таъсис дода шуд. Тавассути фаъолияти ин ситод баррасии мунтазами муроҷиатҳои шаҳрвандон, омӯзиши фаврии онҳо ва андешидани чораҳо барои ҳалли мушкилот роҳандозӣ гардид.
Дар доираи кори ситод ҳар рӯз муроҷиатҳои шаҳрвандон қабул гардида,  якҷо бо масъулони соҳаҳои дахлдор мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Барои ёфтани роҳи ҳал дар ҷойи ҳодиса ва дар ҳолатҳои зарурӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои масъул бартараф намудани мушкилот чораҳои амалӣ андешида мешаванд.
Ҳамчунин баррасии саривақтии муроҷиатҳо, пешгирӣ аз такроршавии онҳо ва дар назар доштани он ки паси ҳар як муроҷиат тақдири инсон меистад, яке аз принсипҳои асосии фаъолияти ситод муайян гардидааст. Дар ин самт ба баргузор намудани мулоқоти кушод бо шаҳрвандон, ташкил кардани қабулҳои сайёр ва такмил додани механизми ҳал намудани мушкилот дар сатҳи маҳалла диққати махсус дода мешавад.
Ин чораҳо ба амалӣ гардидани тамоюли пешниҳоднамудаи Президент – «Донистани мушкилоти ҳар як инсон ва ҳар як хонавода ва сари вақт расонидани кумак», инчунин ба таҳкими хидматрасонии мақомоти давлатӣ ба манфиати мардум ва баланд бардоштани ризояти аҳолӣ мусоидат мекунанд.

Сурайё НОРМАНӢ.
Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: