Аз ҷониби Иттиҳодияи «Ҳунарманд»-и ҷумҳурӣ таҳти мавзӯи «Корҳои анҷомдодашуда оид ба рушди ҳунармандӣ дар давоми семоҳаи якуми соли ҷорӣ ва нақшаҳои минбаъда» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ тавассути рушди анъанаи устоду шогирд дар маҷмӯъ 8 ҳазору 486 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Аз онҳо 1 ҳазору 954 нафар устоҳои ҳунарманд ва 6 ҳазору 532 нафар шогирдон мебошанд.
Айни ҳол дар миқёси ҷумҳурӣ аз рӯи 32 самти ҳунармандӣ, дар маҷмӯъ 26, 2 ҳазор нафар ҳунарманд фаъолият мебаранд. Аз онҳо 12, 2 ҳазор нафар мардон ва 14 ҳазор нафар занон мебошанд. Аз шумораи умумии аъзоён 4, 4 ҳазор нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.
– Анъанаи устоду шогирд на танҳо барои ба наслҳои оянда интиқол додани маҳорати ҳунармандӣ аст, балки дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтидори эҷодии маҳаллӣ низ нақши муҳим мебозад.
Имрӯз фаъолияти устоҳои санъати амалӣ ва ҳунармандӣ тавассути платформаҳои онлайн низ назорат карда мешавад. Каталоги миллӣ ва реестри ҳунармандоне, ки дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият доранд, ба идоракунии ин раванд ба таври осон ва шаффоф мусоидат мекунад, – гуфт дар нишаст раиси иттиҳоди «Ҳунарманд»-и ҷумҳурӣ Р. Мирзааҳмедов.
– Реестри туристӣ, дар асоси тавсияҳои Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ, каталоги миллӣ ва Шӯрои бадеии ассотсиатсияи «Ҳунарманд» ташаккул меёбад. Дар он ҳунармандоне ҷой мегиранд, ки дар устохонаҳои худ ё дар асоси иҷора фаъолият намуда, маҳсулоти худро дар галереяҳо, мағозаҳои ҳунармандӣ ва хонаҳои савдои маҳаллӣ ва хориҷӣ пешниҳод мекунанд.
Дар соли ҷорӣ ба ин реестр 763 нафар аъзо шудааст.
Тавассути ин низом устоҳои мо имконият пайдо мекунанд, ки на танҳо бо аҳолии маҳаллӣ ва сайёҳон, балки бо аудиторияи байналмилалӣ низ робитаи мустақим барқарор намоянд. Ин қадами муҳим барои рушди устувори ҳунармандӣ мебошад.
Маҷаллаи «Ҳунарманд» аз моҳи октябри соли 2024 ҳамчун воситаи расмии ахбори омма дар асоси иҷозатнома нашр мешавад. Аз соли 2025 ин маҷалла бо се забон – ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ чоп мегардад.
Шӯрои бадеии иттиҳодия аз санъатшинос ва ҳунармандони таҷрибанок иборат буда, дархостҳои ҳунармандонро барои иштирок дар намоишгоҳҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ баррасӣ намуда, рӯйхати иштирокчиёнро тасдиқ мекунад.
Бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва рушди фаъолияти хона-музейҳо ва галереяҳо, низомномаҳои онҳо таҳия гардида, ҳуҷҷатгузорӣ ва барӯйхатгирӣ анҷом дода мешавад. То 1 марти соли 2026 дар ҷумҳурӣ 47 хона-музей ва 44 галерея фаъолият доранд. То охири сол кушодани 7 хона-музей ва 6 галереяи нав ба нақша гирифта шудааст.
Таъкид гардид, ки дар ҷаҳон 78 шаҳр мақоми «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ»-ро гирифтааст. Аз Ӯзбекистон чунин мақомро Қӯқон, Бухоро, Марғилон, Риштон ва Шаҳрихон соҳиб шудаанд. Дар соли 2025 Шаҳрисабз ва Самарқанд низ ба ин мақом сазовор дониста шуданд.
Дар семоҳаи якуми соли 2026 содироти маҳсулоти ҳунармандӣ 1,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
Дар хориҷ 6 намоишгоҳ баргузор шуда, дар онҳо 17 нафар, дар бозори дохилӣ 5 намоишгоҳи маҳаллӣ баргузор гардида, дар онҳо 74 ҳазор нафар ҳунарманд иштирок намуданд.
Дар соли ҷорӣ 4 меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин ҳуҷҷатҳо барои баровардани маҳсулоти ҳунармандӣ ба бозорҳои байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба аҳамияти калон доранд.
Шумораи ҳунармандоне, ки бренд ва тамғаи молӣ доранд, ба 353 нафар расид.
Дар солҳои 2026-2027 дар Қароқалпоқистон, Бухоро, Навоӣ, Намангон, Фарғона ва вилояти Тошканд 5 маркази нави ҳунармандӣ ташкил карда мешавад.
Дар семоҳаи якуми соли 2026 як қатор лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар вилояти Хоразм 376 нафар зан ҳунар омӯхтанд, дар 11 муассисаи ислоҳӣ 48 курси омӯзишӣ ташкил шуда, 2 ҳазору 916 нафар маҳкум ҳунар омӯхтанд, шумораи занони пешсаф дар ҳунармандӣ ба 148 нафар расид, барои ҷавонон 22 вохӯрии «се насл» баргузор шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ маърӯзачиён ба саволҳои журналистон ҷавобҳои муфассал доданд.
С. Бекназарова,
хабарнигори «Овози тоҷик».