Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои ба сатҳи нав бардоштани соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҷалби васеи аҳолӣ ба варзиши оммавӣ, инчунин такмил додани низоми интихоб кардан ва омодасозии варзишгарон ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҷамъомад роҳбари давлат таъкид намуд, ки варзиш на танҳо мусобиқа, балки тарзи ҳаёти солим, интизом, ватандӯстӣ ва нерӯи бузургест, ки нуфузи мамлакатро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Зикр гардид, ки тайи нӯҳ соли охир дар беш аз 1,5 ҳазор маҳалла 1 ҳазору 774 майдончаи муосири варзишӣ бунёд шудаанд. Дар минтақаҳо зиёда аз 200 иншооти бузурги варзишӣ, қариб 4 ҳазор клуби хусусии варзишӣ ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Шумораи ҷавононе, ки ба таври касбӣ ба варзиш машғуланд, ду баробар афзуда, варзишгарони дастаҳои мунтахаби олимпӣ ду баробар ва паралимпӣ се баробар зиёд шудаанд.
Варзишгарони мо танҳо соли гузашта дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 452 медали тилло, 418 нуқра ва 501 биринҷӣ ба даст оварданд. Беш аз 50 нафари онҳо рекордҳои ҷаҳон ва Осиёро нав карданд.
Дар ҷамъомад баробари дастовардҳо, мушкилот ва камбудиҳои мавҷудаи соҳа низ ҳамаҷониба таҳлил гардиданд.
Алҳол пурра мавриди истифода қарор нагирифтани имкониятҳои мавҷуда дар минтақаҳо аз ҷониби роҳбарони 26 федератсия, ки оид ба намудҳои олимпии варзиш фаъолият доранд ва ҳокимон мавриди танқид қарор гирифт. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар сурати истифодаи босамари имкониятҳои 207 муассисаи таҳсилоти олӣ, 15 маркази олимпӣ ва паралимпӣ, 310 мактаби варзишӣ ва 16 мактаб-интернати варзишӣ, натиҷаҳо бобати омодасозии чемпионҳо ва ба даст овардани роҳхатҳо барои мусобиқаҳо боз ҳам беҳтар мегардиданд.
Таҷрибаҳои мусбати ин самт низ зикр шуданд. Масалан, соли гузашта дар ноҳияи Зарбдор 34 ҳазор ҷавон аз 23 маҳалла ба варзиши оммавӣ ҷалб гардиданд. Дар ноҳия 3 толори нави варзишӣ қад афрохта, ба тенниси рӯимизӣ, таэквондо ва волейбол ихтисосонида шуданд. Дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон 2 майдони пӯшидаи футбол ва клуби фитнес таъсис ёфт. Дар натиҷа, соли ҷорӣ ноҳияи Зарбдор бори аввал ба чемпионати Ӯзбекистон оид ба волейбол ва тенниси рӯимизӣ мизбонӣ менамояд.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки таҷрибаи ноҳияи Зарбдорро омӯхта, онро дар тамоми минтақаҳо ҷорӣ намоянд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар баъзе мактабҳо маҳфилҳои варзишӣ танҳо ба ном амал карда, дар онҳо ҳамагӣ 3-4 нафар иштирок мекунанд. Аз ҷумла, соли гузашта аз чор як ҳиссаи донишомӯзони мактабҳои вилоятҳои Ҷиззах, Қашқадарё ва Фарғона ҳатто талаботи ҳадди ақалли омодагии ҷисмониро иҷро карда натавонистанд.
Ба ҳокимон супурда шуд, ки дар ҳар як мактаб барои маҳфилҳои варзишӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда, фарогириро зиёд ва кӯдаконро бештар ба варзиш ҷалб намоянд.
Имрӯз натиҷаҳои баъзе мактабҳои ихтисосонидашудаи варзишӣ аз мактабҳои одии варзишӣ қариб фарқ намекунад. Масалан, натиҷаи ба даст овардаи 4 мактаби ихтисосонидашудаи шаҳри Тирмиз дар ҳадди як мактаби варзишии ноҳияи Ҷарқӯрғон ҳам нест. Соли гузашта Мактаби варзишии Ҷарқӯрғон дар чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон 6 медал ба даст оварда бошад, дар ҳисоби 4 мактаби ихтисосонидашудаи вилоят танҳо 1 медал ҳасту халос.
Аз ин рӯ, зарурати тағйир додани усули кори директор, мураббиён ва дастаҳои мактабҳои ихтисосонидашудаи варзишӣ, муайян кардани нуқтаҳои рушд ва вобаста намудани маоши онҳо ба натиҷаҳои тарбиягирандагон таъкид гардид.
Илова бар ин, низоме роҳандозӣ хоҳад шуд, ки ба мактабҳои варзишии дорои натиҷаҳои баланд, ғайр аз ҳавасмандгардонии ҷорӣ, мукофоти иловагӣ ба маблағи 500 миллион сӯм тақдим гардад.
Вазъи рушди варзиш дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ аз нигоҳи танқидӣ баррасӣ гардид. Қайд шуд, ки ҳамкорӣ бо федератсияҳо ва вобаста кардани мураббиёни инфиродӣ барои донишҷӯёни боистеъдод дар сатҳи зарурӣ нест. 70 фоизи донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Ҷиззах, филиали Донишгоҳи тиббии Тошканд дар Тирмиз, Донишгоҳи давлатии техникии Қаршӣ ва Донишгоҳи давлатии Бухоро меъёрҳои ҷисмониро супорида натавонистаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ин муассисаҳои таҳсилоти олӣ клубҳои варзишӣ дар сатҳи зарурӣ кор намебаранд.
Дар робита ба ин, ба ректорони 207 муассисаи таҳсилоти олӣ супориш дода шуд, ки таҷрибаи мусбати Донишгоҳи давлатии Тирмизро дар ин самт омӯхта, нақшаи мушаххаси солонаи рушди варзишро таҳия намоянд.
Дар ҷамъомад натиҷа ва мушкилоти намудҳои алоҳидаи варзиш низ таҳлил гардиданд. Бахусус, туфайли фароҳам овардани шароити зарурӣ барои пойгоҳи тирпаронӣ, дар ин намуди варзиш натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Пешравиҳои мусбат дар футбол, гӯштӣ, велоспорт, варзиши сабук ва шиноварӣ низ эътироф шуданд.
Ҳамзамон, ба 100 нафар ҳам нарасидани шумораи шамшербозоне, ки дар 6 пойгоҳи Ҷиззах шуғл меварзанд, пурра истифода нашудани иқтидорҳо, ки барои батут ва акробатика фароҳам гардидаанд, инчунин натиҷаҳои нокифоя дар теннис ва варзиши аспдавонӣ мавриди танқид қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки алҳол барқарорсозии варзишгарон баъди ҷароҳат, ташхиси ҳолати мушакҳо ва таҳлили функсионалӣ асосан дар хориҷи кишвар анҷом дода мешавад. Аз ин рӯ, федератсияҳо маҷбуранд, ки шифокорони варзиш, фармаколог ва диетологҳоро аз хориҷ ҷалб менамоянд.
Акнун ҳар як маркази ихтисосонидашудаи тиббӣ бо федератсияҳои дахлдори варзишӣ ҳамкорӣ хоҳад кард. Онҳо ҳар моҳ вазъи саломатии аъзои дастаҳои мунтахабро ташхис намуда, хатари ҷароҳатро арзёбӣ мекунанд, сарбории ҷисмониро аз лиҳози илмӣ таҳлил намуда, ба мураббиён тавсияҳои тиббӣ медиҳанд.
Роҳбари давлат як қатор ташаббусҳоро барои ба марҳилаи сифатан нав бардоштани ислоҳоти соҳа низ пешниҳод кард.
Минбаъд натиҷабахшии варзиши оммавӣ дар маҳаллаҳо на танҳо аз рӯйи фарогирӣ, балки бо нишондиҳандаҳои саломатии аҳолӣ низ арзёбӣ хоҳад шуд. Дар як ноҳияи ҳар як вилоят «баланси саломатӣ» ташаккул дода мешавад. Аз байни аҳолие, ки фаъолона бо варзиш машғуланд, гурӯҳи «ихтиёриёни тарзи ҳаёти солим» созмон дода мешавад. Онҳо дар маҳаллаҳо варзиш ва меъёрҳои ҳаёти солимро тарғиб мекунанд.
Дар ҳар як ноҳия ба 10 маҳаллаи намунавӣ дар доираи ин низом либоси варзишӣ ва таҷҳизот ройгон дода мешавад. Дар маҳаллаҳое, ки фарогирии аҳолӣ ба варзиш зиёд мешавад, сатҳи саломатии мардум беҳтар гардида, бемориҳои дилу раг ва диабет коҳиш меёбанд, ихтиёрӣ ва раиси маҳалла дар охири сол то 15 миллион сӯм мукофот мегиранд. Ба мураббӣ, ки барои чорабиниҳои оммавии варзишӣ дар ин маҳалла масъул аст, ба маош ба миқдори 200 фоиз иловапулӣ пардохт карда мешавад.
Қайд гардид, ки дар саросари ҷаҳон машқҳои шадид, ки таҷҳизоти махсус ва инфрасохтори азим талаб намекунанд, чун кроссфит, торафт маъмул мегарданд. Бо ин мақсад то 1 май супориш дода шуд, ки дар ҳамаи мактабҳо ва техникумҳо маҳфилҳои кроссфит ташкил карда шаванд. Соли оянда он ба низоми «Панҷ ташаббус» ворид карда мешавад.
Дар ҷаласа инчунин тартиби нави тарғиби варзиш дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо муайян гардид. Акнун ҳар як вазир, роҳбари соҳа ва бонк, инчунин ҳокими вилоят ва ноҳия бояд барои кормандони худ дар машғулият ба варзиш намуна бошанд ва шароит фароҳам оваранд.
Бо ин мақсад як рӯзи ҳафта ҳамчун Рӯзи варзиш муайян карда мешавад. Дар ин рӯз дар вазорат, идора ва ташкилотҳо машқҳои варзишӣ гузаронида мешаванд. Ибтидо аз ин сол ҳар сол мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ байни вазорат, соҳа, бонк ва ҳокимиятҳо ташкил карда мешаванд.
Барои рушди варзиши оммавӣ дар бахши хусусӣ низ имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварда мешаванд. Аз ҷумла, соҳибкорон метавонанд хароҷоти сохтмон ва таҷҳизонидани толори варзишӣ ва майдонро барои кормандони худ аз пойгоҳи андозбандии фоида кам намоянд. Барои мураббиёни ҷалбшаванда андози даромад ва андози иҷтимоӣ дар сатҳи 1 фоиз муқаррар карда мешавад.
Дар ҷамъомад инчунин ҷорӣ намудани равиши куллан нав дар асоси занҷири «ноҳия – мактаб – муассисаи варзишӣ – федератсия» барои ҷалби аҳолӣ ба варзиш ва корҳои селексионӣ муайян гардид.
Акнун байни ректори донишгоҳ, роҳбари федератсия ва ҳоким шартномаи сеҷониба баста мешавад. Тибқи он ҳокимон барои ташкили маҳфилҳои варзишӣ дар мактабҳо, техникумҳо ва дигар иншооти варзишии минтақа шароити заруриро фароҳам меоранд, то хонандагон берун аз вақти дарсӣ ба варзиш машғул шаванд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки фарогирии донишҷӯёни донишгоҳҳои варзишӣ бо таҳсилоти дуалӣ муҳим аст ва онҳо ба сифати мураббӣ ба маҳфилҳо равона карда мешаванд. Ба чунин донишҷӯён ба таври худкор шаҳодатномаи мураббӣ дода мешавад. 50 фоизи даромади аз маҳфил бадастомада дар ихтиёри донишҷӯ-мураббӣ мемонад. Ба хатмкунандагони таҳсилоти дуалӣ якҷо бо диплом шаҳодатномаи доварӣ низ дода мешавад.
Дар ҷамъомад вазифа гузошта шуд, ки аллакай дар соли ҷорӣ бо истифода аз низоми нав шумораи шаҳрвандоне, ки мунтазам ба варзиш машғул мешаванд, ду баробар зиёд карда, ба 1 миллион нафар расонда шавад.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки платформаи ягона таъсис диҳанд, ки бо истифода аз зеҳни сунъӣ натиҷаҳои варзишгарон ва мураббиёнро таҳлил карда, нақшаҳои тамринро низ таҳия намояд.
Таъкид гардид, ки тадқиқоти илмӣ дар соҳаи варзиш минбаъд бояд танҳо ба ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами рӯз равона шаванд ва натиҷаҳои онҳо мустақиман ба амал ҷорӣ гарданд. Агар коркардҳои илмӣ натиҷаи воқеӣ диҳанд, ба болоравии дастовардҳои варзишгарон ва зиёд шудани шумораи медалҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мусоидат намоянд, чунин олимон ба миқдори 100 миллион сӯм ҳавасманд гардонда мешаванд.
Ҳамчунин ба рушди ҳаракати олимпӣ ва паралимпӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҳамин сол дар доираи Олимпиадаи президентӣ шумораи намудҳои варзиш, ки аз рӯйи онҳо мусобиқаҳо баргузор мегарданд, ду баробар зиёд шуда, ба 21 адад мерасад. Акнун ин мусобиқаҳо аз рӯйи намудҳои варзиши паралимпӣ низ ташкил карда мешаванд. Ҳар як ҳокими ноҳия ва вилоят дар ҳудуди худ олимпиада баргузор менамояд ва ғолибони онҳо роҳхат ба Олимпиадаи президентӣ соҳиб мешаванд.
Инчунин низоми омодасозӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳо дар самти намудҳои мутобиқшудаи варзиш ба таври куллӣ нав карда мешавад. Филиали тошкандии Донишгоҳи давлатии педагогии Русия ба номи Гертсен ҳамчун муассисаи асосӣ дар соҳаи варзиши фарогир муайян мегардад.
Президенти кишвар махсус таъкид намуд, ки дар дастовардҳои варзишгарони паралимпӣ саҳми шахсоне, ки шабонарӯз онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд, хеле назаррас аст. Акнун ба шахсоне, ки варзишгарони паралимпиро дар машғулиятҳои таълимӣ, тамринҳо, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳамроҳӣ мекунанд, хароҷоти роҳ ва зист ҷуброн карда мешавад. Илова бар ин, ба онҳо маоши ҳармоҳа дар ҳаҷми баробари маоши мураббиёни мактабҳои варзишӣ пардохт мегардад.
Сарвари давлат таъкид кард, ки дар Ӯзбекистон варзиш бояд на танҳо кафили саломатӣ ва натиҷаҳои баланд, балки соҳаи даромаднок низ гардад.
Аз ин нуқтаи назар масъалаҳои ташкили чемпионати миллӣ оид ба футбол низ баррасӣ шуданд. Қайд гардид, ки бинобар дар вақти корӣ баргузор шудани баъзе бозиҳо ҳузури мухлисон дар варзишгоҳҳо камтар аз пешбинишуда мебошад.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки барномаи зиёд намудани ҳузури мухлисон дар варзишгоҳҳоро тавассути гузаронидани бозиҳо дар рӯзҳои истироҳат ё бегоҳӣ баъд аз соати 19:00, ташкили хизматрасониҳои иловагӣ дар атрофи варзишгоҳҳо, чорабиниҳои мусиқию фароғатӣ, таъмин намудани нақлиёти қулай барои мухлисон ва пешниҳоди бастаҳои дастрасии сайёҳии футбол таҳия намоянд.
Дар ҷаласа инчунин вазъи инфрасохтори варзишӣ дар маҳалҳо баррасӣ гардид. Тавре қайд шуд, дар минтақаҳо 39 иншооти варзишии кушода ва пӯшида бинобар ниёз ба таъмир пурра истифода намешаванд. Вобаста ба ин, ба масъулон супориш дода шуд, ки лоиҳаи қарорро оиди дар шароити шарикии давлативу хусусӣ додани чунин иншоот барои табдил додани онҳо ба маҷмааҳои муосири варзишӣ таҳия намоянд.
Дар робита ба ин, ба масъулин супурда шуд, ки лоиҳаи қарорро дар бораи интиқоли чунин иншоот дар доираи шарикии давлатию бахши хусусӣ барои табдил додани онҳо ба маҷмааҳои варзишии муосир таҳия кунанд.
Ҳамчунин пешниҳод бобати кушодани бахшҳо аз рӯйи намудҳои ғайриолимпии варзиш, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷавонон мебошанд, дар мактабҳои варзишӣ ва таъсис додани Конфедератсияи намудҳои ғайриолимпии варзиши Ӯзбекистон ҷонибдорӣ гардид.
Дар ҷараёни ҷамъомад сарвари давлат ҳисоботи роҳбарони соҳа ва ҳокимонро шунида, бо соҳибкорон ва варзишгарон суҳбат кард.