Олами набототу ҳайвонот манбаи ҳастии мост

Аз овони мактабхонӣ хуб медонем, ки Китоби сурх барои ҳифзи табиат, олами набототу ҳайвонот, нигоҳ доштани намудҳои нодири растанӣ ва ҳайвонот аҳамияти калон дорад. Пӯшида нест, ки имрӯз маҳз бо таъсири омилҳои инсонӣ намуди растанӣ ва ҳайвонот коҳиш меёбанд. Аз ин рӯ, агар мо «Китоби сурх»-ро китоби аз ҳама арзишмандтарин ҳисоб кунем, дуруст хоҳад шуд.

«Китоби сурх» таърихи хоси худро дорад. Вақте ки асосгузорони  ин китоб барои ҳифз намудан рӯйихати ҳайвонот ва набототи он замон дар остонаи нобудшавӣ қарордоштаро тартиб медоданд, шояд тасаввур накарда бошанд, ки ҳатто ҳайвоноти қаъри уқёнусҳо аз хатогиҳои инсоният аз байн мераванд.
Аз таҳқиқотҳои солҳои охир муайян гардид, ки  ҳатто экосистемаи уқёнусҳо аз маводи мухаддир ва моддаҳои психотроп олуда мешаванд. Масалан, гурӯҳи муҳаққиқоне, ки дар ҷазираи Багам ҳолати наҳангҳоро омӯхтанд, дар  сеяки хуни онҳо нишонаҳои маводи мухаддир, аз қабили кокаин ва кофеинро пайдо карданд.
 Яъне, ин натиҷаи ифлосшавии уқёнусҳост, ки ба экосистемаи он таъсири бештар мерасонад. Маводи  мухаддир, бастаҳои кокаин, моддаҳои кимиёвӣ ва фармасевтӣ, партовҳои ба уқёнусҳо партофташуда на танҳо ба ҳолати об, балки ба ҳаёти олами ҳайвоноти  он  низ таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Нигоҳе ба таърихи «Китоби сурх»

Соли 1948 дар шаҳраки Фонтенблои Фаронса (наздикии Париж) конфронси байналхалқӣ  баргузор ва дар он Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ (TRAI) таъсис мегардад. Вазифаи асосии иттиҳод андешидани чорабиниҳо нисбати  растанӣ ва ҳайвоноте, ки дар остонаи нобудшавӣ қарор  дошта, ба кумаки инсонӣ ниёз доранд, муайян карда мешавад.
Бо ин мақсад, пас аз як сол, кумитаи доимии хидмати наҷот ташкил дода мешавад ва ба он яке аз мутахассиси номии ҳифзи табиат Питер Скотт ҳамчун роҳбар интихоб мегардад. Ҳадафи кумита  тартиб додани рӯйхати намуди ҳайвоноти нодир, ки дар саросари ҷаҳон зери хатари нобудшавӣ қарор доштанд ва муайян намудани сабаби ба вуқӯъ пайвастани чунин ҳолат  буд. Азбаски ранги сурх аломати хатарро дорад, аз ин рӯ, бо пешниҳоди Питер Скотт, он рӯйхатро «Китоби сурх» меноманд.
Нахустин  «Китоби сурх» пас аз меҳнати пурмашаққати 14-сола – соли 1963 рӯйи чопро мебинад.  Дар он барои ҳар як намуди ҳайвон саҳифаи алоҳида ҷудо карда шуда, маълумоти мухтасар оиди макони зист, ҳолат, шумораи умумӣ, чорабиниҳои андешида ҷиҳати ҳифз ва афзоиши  онҳо дохил гардида буд. Намудҳои нодиртарин ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи ҳайвонот дар саҳифаи сурх чоп карда мешуданд. Нашри дуюми «Китоби сурх» аз се ҷилд иборат буда, тӯли солҳои 1966-1971 нашр мегардад.
Намуди растаниҳое, ки ба «Китоби сурх» дохил карда шудаанд, мувофиқи таснифоти Иттиҳоди байналхалқии ҳифзи табиат вобаста ба дараҷаи нодир буданашон, ба чор гурӯҳ тақсим мешаванд. Ба гурӯҳи аввал намуди растаниҳоеро дохил намудаанд, ки несту нобуд гардиданд ё ки зери хатари нобудшавӣ мебошанд, ҳарчанд намуди чунин растаниҳо тӯли чанд сол дар табиат вонамехӯранд, аммо имкони нигоҳ доштани онҳо танҳо дар ҷойҳои мушаххасе, ки ҷамъовариашон душвор аст ё дар шароити маҳаллӣ вуҷуд дорад. Ба гурӯҳи дуюм растаниҳоеро дохил намуданд, ки зери хатари нобудшавӣ буда, нигаҳдории онҳо ба ҳифзи махсус ниёз дорад.
Гурӯҳи сеюм намуди нодири растаниҳоро дар бар мегирад, ки онҳо  дар муддати кӯтоҳ дар минтақаҳои хурд  таҳти хатари  нобудшавӣ мондаанд ва ба муҳофизати махсус ниёз доранд.
Чаҳорум, намуди растаниҳое мебошад, ки шумора ва паҳншавии онҳо дар муддати муайян бо сабабҳои табиӣ ё ки таъсири   омилҳои антропогенӣ (таъсири инсон ба табиат) коҳиш ёфтааст.

Ҳайвонот ва набототи нодири кишварамон чӣ гуна нигаҳдорӣ мешаванд?

Китоби сурхи кишвари мо дар вақтҳои муайян аз нав чоп мешаванд. Хушбахтона, дар ин муддат шумораи баъзе намудҳои олами ҳайвонот ва наботот, ки дар ин китоб зикр шудаанд, афзоиш меёбад. Баъзеи онҳо бераҳмона нобуд карда мешаванд. Мутаассифона, дар нашрҳои нав номҳои наве, ки аз сабаби омилҳои инсонӣ нопадид ё кам мешаванд, дохил мегардад.
«Китоби сурхи Ӯзбекистон» рӯйхати расмии давлатии намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи растаниҳо ва ҳайвоноти кишварамон буда, мувофиқи Низомномае, ки бо қарори Девони Вазирон аз 19 декабри соли 2018 тасдиқ шудааст, нигоҳ дошта мешавад.
Кофтуков ва корҳои таҳқиқотии илмии охир нишон медиҳанд, ки беш аз 100 намуди растании кишвари мо бояд ба «Китоби сурх» дохил карда шаванд. Агар дар соли 1998 шумораи намуди растаниҳое, ки ба «Китоби сурхи Ӯзбекистон» дохил карда шуда буданд, 301-торо ташкил карда бошад, дар нашри нави соли 2019-и ин китоб  314 намуди растаниро дохил кардаанд, ки ба 48 оила тааллуқ доранд.

Танҳо дарахтон ҳаворо полида, тоза мекунанд

Имрӯз қонунҳо ва санадҳои меъёрии зиёде амал мекунанд, ки мустақиман муносибатҳоро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, шартҳои истифодаи баъзе намудҳои захираҳои табиӣ, ташкили минтақаҳои ҳифзшавандаи категорияҳои гуногун,  низом ва тартиб, инчунин татбиқи экспертизаи экологии давлатиро ба танзим меоранд.
Кишвари мо макони намуди сершумори паррандагон, ҳайвоноти обиву хушкӣ, сутунмӯҳраву бесутунмӯҳра, ширхораву хазандагон буда, инчунин дар он тақрибан 4500 намуди растанӣ мавҷуд мебошад. Дар  минтақаҳои табиии ҳифзшавандаи кишвари мо  ҷиҳати нигоҳ доштани табиати беназир ва ҳифзи гуногунии биологӣ, барқарор ва афзоиши онҳо корҳои зиёд ба амал татбиқ мегарданд.
Дар ҷумҳурӣ 8 мамнӯъгоҳи давлатӣ (Чотқол, Зомин, Нурато, Ҳисор, Китоб, Сурхон, Зарафшон, Қизилқум), 2 боғи табиии миллӣ (боғҳои Угом-Чотқал ва Зомин), 1 мамнӯъгоҳи биосферии давлатӣ (мамнӯъгоҳи биосферии Амударёи Поён) ва парваришхонаҳои зиёд фаъолият мекунанд. Инчунин  минтақаҳои табиии ҳифзшаванда мавҷуданд, ки дар онҳо 181 намуди ҳайвонот ва 400 намуди растаниҳои ба «Китоби сурх»-и маҳаллӣ  ва байналхалқӣ воридгардида таҳти ҳимояи давлатӣ қарор гирифтаанд.
Табиат натанҳо мисли модар меҳрубон ва саховатпеша аст, ӯ заргари моҳирро низ мемонад. Дар он беш аз 20 ҳазор намуди растаниву гиёҳҳои шифобахш мавҷуданд, ки ҳамчун «полоиш» амал карда,  ҳавои атмосфераро тоза мекунанд. Мувозинати  экологӣ пеш аз ҳама ба худи мо вобаста аст. Мӯрчаву кирм, гулу растаниҳое, ки дар назари мо ночиз менамоянд, чунон бо ҳам пайваставу ҳамоҳанг мебошанд, ки агар яке аз онҳо тамоман нобуд гардад, ҳаёти дуюмини он зери хатар мемонад.
Дар хулоса, бояд қайд кард, ки ҳифзи табиати зебо, ҳавои тоза, оби шифобахшу зулол, муҳити зист, замин ва захираҳои дигар ва  расонидани онҳо ба наслҳои оянда на танҳо вазифаи ходимони соҳа, балки вазифаи инсонии ҳар яки мо низ мебошад.

Набия Нодирова, мухбири «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: