Ба лоиҳаи бузург асос гузошта шуд

  • Ба лоиҳаи бузург асос гузошта шуд
  • Ба лоиҳаи бузург асос гузошта шуд

Дар ноҳияи Поп ба сохтмони маҷмааи бузурги сайёҳии «Arashan Resort» санги асос гузошта шуд.

Алҳол дар  мамлакатамон   сайёҳӣ, ки  аз соҳаҳои сердаромад ба шумор меравад, аз масъалаҳои муҳим аст.
Аз ҷумла, дар вилояти Намангон дар ин хусус корҳо самарабахшанд.
Ноҳияи Поп дар шимоли Водии Фарғона, дар минтақаи фаъоли геологӣ ҷойгир аст. Иқлимаш софу табиаташ зебост. Аз сабаби шароиту имкониятҳои васеъ дар  минтақаҳои деҳаҳои Чодак, Парда Турсун, Чоркесар ва гузаргоҳи Қамчиқ  ба соҳаи сайёҳӣ аҳамияти зиёд дода мешавад.
Лоиҳаи навбатии сайёҳӣ, ки маҷмааи бузурги сайёҳии «Arashan Resort» дар ҳудуди кӯли Арашон амалӣ карда мешавад, муаррифӣ шуд.
Лоиҳа бо арзиши умумии 150 миллион доллар дар масоҳати 600 гектар ташкил карда мешавад ва ба як маркази бузурги истироҳатӣ ва сайёҳӣ  табдил меёбад.
Дар рӯзҳои иди Наврӯз барои сохтмони ин маҷмаа гузошта шудани санги асос ба  шодмонии дучанд табдил ёфт.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ,  созмонҳои ҷамъиятӣ ва «Нуронӣ» иштирок карданд.
Ҳокими вилоят Шавкатҷон Абдураззоқов ҳозиронро бо иди Наврӯз табрик намуда, дар бораи моҳияти лоиҳаи нави сайёҳӣ суханронӣ кард.
Лоиҳа бо ҳамкории ширкати бонуфузи Ҷопон «NGEA–  Nippon   Global Education and Assessment» мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ  сохта мешавад.
– Афзудани шумораи  сайёҳон ва меҳмонон ба иқтисодиёти миллӣ манфиат мебахшад. Рушди ин соҳа ба пешравии кишвар дар арсаи ҷаҳон мусоидат менамояд, –  мегӯяд роҳбари  лоиҳа Баҳром Музаффаров. – Мо бинобар қаторкӯҳҳо, табиати беназир ва манзараҳои зебову ноанъанавӣ ин ҳудудро интихоб кардем. Дар ин ҷо бо масоҳати дарозии 7 км пули овезон низ сохта мешавад. Инчунин, бинои қабули меҳмонон, этномаҷмааи замонавӣ, ки расму оин ва анъанаҳои миллиро инъикос мекунад, барпо хоҳад шуд.
Ғайр аз ин дар доираи маҷмааи минтақаҳои сайёҳии экологӣ, инфрасохтори сайёҳии экстремалӣ ва кӯҳӣ, марказҳои сайёҳии  гастрономӣ, фароғатии фарҳангӣ ва минтақаҳои саломатӣ таъсис дода мешаванд. Дар атрофи кӯл майдончаи оббозӣ барои кӯдакон ва маҷмааи таомҳои миллӣ низ сохта хоҳанд шуд. Бунёди боғҳои фароғатӣ, маҷмааҳои лижаронӣ, зиплайнҳо, тарабхона ва қаҳвахонаҳо, амфитеатр, экобозор, ҳавзҳои гармӣ ба нақша гирифта шудаанд. Дар 5 гектар замин кӯли сунъӣ ташкил карда, дар атрофи он сохтмонҳои фарҳангӣ ва масканҳои фароғатӣ низ барпо мешавад.
Ҳамчунин сохтани майдончаи бозӣ барои кӯдакон, хонаҳои эко, минтақаҳои истироҳатии нав ба нақша гирифта шудааст.
Пас аз пурра ба кор андохтани лоиҳа рӯзе 2,5, соле 912 ҳазор сайёҳ қабул карда мешавад. Муҳимтар аз ҳама, беш аз 2 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис меёбанд.
Ин лоиҳаи бузурги сайёҳӣ дар тӯли 3 сол дар 3 навбат  ба фаъолият шурӯъ мекунад. Навбати аввалини лоиҳа  то охири соли ҷорӣ ба охир мерасад ва барои афзоиши минбаъдаи  сайёҳии минтақа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ  ва муҳимтар аз ҳама, таъмини амният дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ, инчунин рушди босуръати сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ хизмат хоҳад кард. 
Ташаббускорони лоиҳа ва масъулон корҳоро мувофиқи дастур ва тавсияҳо оғоз мекунанд.
Дар ин ҷо пазироии сайёҳони маҳалливу хориҷӣ дар чаҳор фасли сол имконпазир аст.
Суруду навоҳои дилкаши сарояндагон  ба  чорабинӣ рӯҳи  идона бахшид.

Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: