Мағзи сар дар хатар: чаро зеҳни инсон зудтар пир мешавад?

Имрӯзҳо бисёриҳо гумон мекунанд, ки пиршавии мағз танҳо ба синну сол ё ирсият вобаста аст.

 Аммо таҳқиқоти нави байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки омилҳои беруна,  муҳити зист ва шароити иҷтимоӣ, нақши ҳалкунанда доранд, мегӯяд  Mail.ru.
 Саволи асосӣ ин аст: чаро мағзи сари баъзе одамон нисбат ба дигарон зудтар пир мешавад?
Гурӯҳи муҳаққиқон аз 34 кишвари ҷаҳон барои дарёфти посух ба ин савол таҳқиқоти васеъ анҷом доданд. Онҳо беш аз 18 ҳазор нафарро мавриди омӯзиш қарор дода, таъсири 73 омилҳои гуногуни муҳити зистро таҳлил карданд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки сифати ҳаво, вазъи иҷтимоӣ ва ҳатто сатҳи дастгирии ҷомеа метавонанд ба фаъолияти мағз таъсири мустақим расонанд.
Муайян гардид, ки омилҳои ҷисмонӣ — аз қабили ифлосшавии ҳаво, гармии аз ҳад зиёд ва набудани минтақаҳои сабз — пеш аз ҳама ба хотира ва ҳолати эҳсосии инсон таъсир мерасонанд. Ин тағйиротҳо бештар бо зарари рагҳои хун алоқаманд мебошанд.
Дар баробари ин, омилҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла камбизоатӣ, нобаробарӣ ва танҳоӣ,  ба қисмҳои майна, ки барои фикрронӣ ва рафтори иҷтимоӣ масъуланд, таъсири манфӣ мерасонанд. Яъне инсон на танҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ, балки аз ҷиҳати равонӣ низ зери фишор қарор мегирад.
 Ҷолиб он аст, ки олимон ба як хулосаи ғайричашмдошт расиданд: омилҳои хавф танҳо ҷамъ намешаванд, балки якдигарро тақвият медиҳанд. Ин падидаро онҳо «синдемия» меноманд. Масалан, агар инсон дар муҳити ифлос зиндагӣ кунад, ҳамзамон камбизоат бошад ва аз дастгирии иҷтимоӣ маҳрум монад, таъсири манфии ин омилҳо чандин маротиба бештар мешавад.
Ба гуфтаи роҳбари гурӯҳи тадқиқотӣ, Агустина Ибаньес,  таъсири маҷмӯии муҳит метавонад ҳатто аз бемориҳои вазнин, ба монанди деменсия (заифии ақл), ҳам бештар зарар расонад.
 Пас, роҳи ҳалли масъала дар чист?
Коршиносон бар ин назаранд, ки танҳо бо беҳтар кардани муҳити зист — аз ҷумла тоза нигоҳ доштани ҳаво, зиёд кардани минтақаҳои сабз ва таъмини адолати иҷтимоӣ — метавон саломатии мағзи сарро ҳифз кард. Ин раванд ҳамкории табибон, экологҳо, мутахассисони шаҳрсозӣ ва сиёсатмадоронро талаб мекунад.
 Хулоса, пиршавии майна танҳо масъалаи шахсӣ нест — он оинаи вазъи ҷомеа аст. Агар муҳити зист солим ва ҷомеа одилона бошад, зеҳни инсон низ дарозтар фаъол ва солим боқӣ мемонад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: