Ҳамза – адиб ва драматурги барҷаста

Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ яке аз адибони зуллисонайн ва драматургони барҷастаи нимаи аввали қарни гузашта мебошад.

Мо баъзе паҳлӯҳои ҳаёт ва фаъолияти ин шахсияти маъруфро дар гузорише таҳти унвони «Осорхонае, ки ҳаёти Ҳамзаро бозтоб кардааст» ба таври кӯтоҳ ёдовар шуда будем. Ҳоло дар ин замина бо шоира, муҳаққиқ, адабиётшинос, устоди Донишгоҳи давлатии журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Тошканд Гулбаҳор Саидғаниева, ки солҳои дароз дар Донишкадаи омӯзгории Қӯқанд фаъолият доштааст, суҳбат анҷом додем.
Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ шахсияти бузурги адабу фарҳанг мебошад. Вай аллакай дар 7-10-солагӣ пораҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Аҳмади Ясавӣ, Алишери Навоӣ барин шоирони бузурги форс-тоҷик ва туркизабонро аз ёд медонист. Вай соли 1908 аз Қӯқанд ба шаҳри Намангон рафта, дар баробари илмҳои гуногун, забони арабиро низ омӯхтааст. 

– Тавре аз маълумотҳои муҳаққиқон бармеояд, аввалин театри ӯзбек соли 1915 бо ибтикори Ҳамза дар шаҳри Хӯқанд арзи вуҷуд намудааст. Вай дар ин театр ҳамчун директор, коргардон ва рассом кор кардааст. Мазҳакаи якпардагии «Роҳнамои илм» маҳз таҳти коргардонии Ҳамза рӯйи саҳна омадааст. Ҳамза соли 1918 дар шаҳри Фарғона низ театр ташкил карда, бузургтарин асари худ дар соҳаи драматургия – намоишномаи «Бой ва хидматкор»-ро рӯйи саҳна овардааст, – мегӯяд Гулбаҳор Саидғаниева.

Ба гуфтаи мавсуф нақши театр дар баланд бардоштани маънавият ва фарҳанги мардум беназир аст. Саҳнаи театр ҷоест, ки тавассути он метавон дар бораи дард, ғам ва қаҳрамонони мардум маълумоти возеҳ пайдо кард. Театри миллӣ дар тӯли рушди худ марҳилаҳои гуногунро паси сар намуда, ба сатҳи театри муосир расидааст.

– Дар баъзе манбаъҳо театр ба маънои «Ибратхона» омадааст. Бо ифтихор метавон қайд намуд, ки ватани театри ӯзбек шаҳри Қӯқанди бостонӣ аст. Зеро аввалин гурӯҳи театрӣ дар ин шаҳр аз ҷониби шахсияти барҷастаи замони худ, шоир, оҳангсоз, нависанда, муаллим ва арбоби ҷамъиятӣ Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ таъсис дода шудааст.

Гуфта мешавад, дар бобати рушд ва фаъолияти театр як гурӯҳ шахсиятҳо, монанди Миршаҳид Мироқилов, Муҳиддин Қориёқубов, Мамаҷон Раҳмонов ва Занҷиралӣ Мирзатов саҳми калон гузоштаанд. Ин гурӯҳ аз Маҳмуд Баротов, Холмуҳаммад Охундӣ, Ҳасан ва Ҳусейн Эрматов ва Мирҳомид Мироқилов иборат будааст. Машқҳои театр маҳз дар ҳавлии Маҳмуд Баротов  баргузор мешудаанд.

– Баъдан ин гурӯҳ таҳти роҳбарии Ҳамза шурӯъ аз моҳи майи соли 1919 ба ихтиёри шуъбаи сиёсии Ҷабҳаи Туркистон гузашт ва ба Гурӯҳи сиёсии мусалмонони минтақавӣ табдил дода шуд. То ин вақт шумораи аъзои дастаи театр ҳудуди 30 нафарро ташкил додааст. Аммо навигарии дигаре, ки аҳамияти таърихиро касб менамояд, ширкати занон дар труппа мебошад ва онҳо  аз ду духтари рус Валя Майорова, Маруся Кузнетсова ва як тотордухтар  ба номи Фотиҳа Ханнова иборат будаанд, ки нақшҳоро бо маҳорати том иҷро мекардаанд, – тазаккур дод Гулбаҳор.

Тавре ки аз гуфтаҳои ӯ бармеояд, Ҳамза бо тахаллуси Ниҳон ё Ниҳонӣ ба забони тоҷикӣ шеърҳо навиштааст ва аввалин девони ашъорашро ба ин забон соли 1913 бо номи «Девони Ниҳон» мураттаб сохтааст. Ҳоло ин асар дар захираи дастхатҳои Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии ба номи Абурайҳони Берунии Академияи улуми Ӯзбекистон таҳти рақами 8989 маҳфуз мебошад. 

– Мутаассифона, вай ҳамагӣ чиҳил сол умр дидааст, бо вуҷуди ин, осори зиёде аз худ ба ёдгор гузоштааст. Махсусан, намоишномаҳои ӯ «Бой ва хидматгор», «Найрангҳои Майсара», «Ҷазои туҳматгарон» ба хазинаи тилоии адабиёт дохил шудаанд, – гуфт ҳамсуҳбатам.

Ногуфта намонад, ки 17 декабри соли 1920 дар заминаи гурӯҳҳои хурди Тошканд «Театри намунавии минтақавии ӯзбекӣ» таъсис дода шудааст ва ин театр пас аз соли 1931 бо номи «Ҳамза» фаъолият доштааст. То соли 1956 драмаи машҳури «Бой ва хидматгор» 500 маротиба ба саҳна гузошта шудааст. Баъди ду сол асарҳои Ҳамза ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, украинӣ, туркманӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, қароқалпоқӣ, гурҷӣ, озарбойҷонӣ, арманӣ, тоторӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, чехӣ, полякӣ, ҳиндӣ, чинӣ, арабӣ, уйғурӣ, куриёӣ ва бисёр забонҳои дигар тарҷума шудаанд.

Таблиғи эҷодиёти Ҳамза бояд доман фарох намояд. Барои ин аввал бояд омӯзиши васеи эҷодиёти ӯ ба роҳ монда шуда, Ҳамзаи воқеӣ ба мардуми кишвар ва берун аз он муаррифӣ гардад.

На дар давраи шӯравӣ ва на имрӯз, асарҳои ӯ ба таври васеъ омӯхта ва аз ҷониби адабиётшиносон таблиғ карда нашудаанд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки Ҳамзашиносӣ дар мо рушд накардааст, – мегӯяд адабиётшинос.

Ба қавли ӯ барои ба мардум баргардонидани чунин адиби фарҳангсолор, драматург аввалин коре, ки бояд кард, ин аз нав нашр кардани асарҳои ӯ мебошад. Ба эътиқоди Саидғаниева асарҳои Ҳамза бояд дубора ба китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ дохил карда шаванд. Зеро вай яке аз бузургтарини намояндаи ҳаракати ҷадидия мебошад, ки имрӯз дар кишвари мо маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат зиндагиномаи ҷадидони мумтоз таблиғу ташвиқ мегардад.

– Ҳамза эҷодкорест, ки драматургияи ӯзбекро офаридааст, шахсест, ки педагогикаи ӯзбекро ташаккул дода, ғояҳои ҷадидиро дар шеър, асарҳои саҳнавӣ ва дар амалия ҳамчун як шахси хеле бузург таблиғ кардааст, – иброз медорад ҳамсуҳбатам.

Бино ба гуфтаҳои Г.Саидғаниева «Маҷмӯаи пурраи асарҳо»-и ӯ дар яке аз сомонаҳо эълон шудааст. Пас, имрӯз бояд аз имконияти платформаҳои онлайн ва муҳити рақамӣ барои таблиғи эҷодиёти Ҳамза самаранок истифода бурд.  Агар ин масъала дар сатҳи сиёсати давлатӣ баррасӣ шавад, таблиғ ва таваҷҷуҳ ба Ҳамза хеле афзоиш хоҳад ёфт.

– Вақте ки кас дар бораи ҷадидҳо фикр мекунад, бояд симои Ҳамза низ пеши назар ояд. Насли ҷавони имрӯза ӯро намешиносад. Дар аввали солҳои 90-ум асарҳои Ҳамза дар силсилаи «Адабиёти ҷадид» нашр шудаанд, аммо дар солҳои охир Ҳамза фаромӯш шудааст, – бо таассуф изҳор дошт Г.Саидғаниева, – бояд истеъдоди Ҳамза Ниёзӣ дар навиштани асарҳои драмавӣ ва ҳаҷвӣ мавриди зикру таблиғ қарор гирад. Осори ӯ мисли «Ҳаёти талх ё қурбониёни ишқ» иборат аз 4 парда (1916), «Бой ва хидматгор» иборат аз 4 парда (1918), сегонаи «Фоҷиаи Лошмон» иборат аз 5 парда (1916-1919),  «Кӣ ҳақ аст?» мазҳакаи иборат аз як парда (1918), «Ҷазои туҳматгарон» мазҳакаи иборат аз ду парда (1920), «Парвандаи қозиёни гузашта ё найранги Майсара» мазҳакаи иборат аз се парда ва ғайра барои тамоми давру замон ҳамчун намоишномаҳои қобили таваҷҷӯҳ эътироф гардидаанд. 
Театре, ки Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ асос гузоштааст,  ҳунармандони бузургеро ба монанди Лутфихонум Саримсоқова, Ҳалима Носирова, Набӣ Раҳимов, Ҳамза Умаров, Алихон Умаров, Муродҷон Аҳмедовро тарбия кардааст. Минбаъд низ он ҳамчун маскани омӯзиши ҳунари баланди актёрӣ барои даҳҳо нафар ҷавонон, ки ба ҳунарпешаҳои маъруф табдил ёфтаанд,  хидмат намуд ва ҳоло бо номи онҳо мардуми кишвар ифтихор мекунанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: