СЕ ҒАЗАЛ АЗ «ДЕВОНИ НИҲОН»-И ҲАМЗА

Дило, ғофил машав ҳаргиз, нигар авзои дунёро

Дило, ғофил машав ҳаргиз, нигар авзои дунёро,

Шумор имрӯзро фурсат, махӯр андӯҳи фардоро.

Дар ин ҷодуйи каҷпаҳлу фиреби сад ҳазоронест,

Куҷо бигзошт Луқмону Сикандар дори Синоро.

Макун асрори худ зоҳир ба назди ҳар касу нокас,

Кушоди ғунчаҳо орад хазони барги зеборо.

Мазан дар ҳар куҷо оҳу фиғон монандаи булбул,

Ки созӣ оқибат бо сар қафас рӯйи чаманҳоро.

Ҳазорон беҳ хамӯшидан ва гар хуни ҷигар гардӣ,

Ки орад лола бо сад доғ сайри файзи саҳроро.

Гуҳар пайдо кунад дар вақти худ як қатраи найсон,

Чӣ ҳосил аз шитоби абри борон санги хороро.

Сукуте беҳ бувад ҳар дам, Ниҳон, аз носазо гуфтан,

Кушода моҳиён лаб мекунад хун оби дарёро.

                              ***

Он парӣ абрӯкамон, оҳуи чашмаш масти хоб,

Ҳеч парвое надорад бар мани мискин, хароб.

Аз шарори оташи ишқаш ҷигарҳо сӯхта,

Мебарояд аз димоғам ҳар нафас бӯйи кабоб.

Ҳеч кас дар фурқати он шӯхи золим – муғбача,

Рӯзҳо девонагӣ, шабҳо набошад дар азоб.

Кист ҳосил мекунад аз васли ӯ як дам мурод,

Ҳар касе ошиқ шавад, он дам ба марг орад хитоб.

Сар ба бахти остон қурбони хокаш кардаам,

Рӯ наметобам, ки ман аз ханҷари он заҳртоб.

Хилвате шуд гуфтам, эй барно, мусалмонӣ куҷост?

Ту чаро раҳме надорӣ ё намехоҳӣ савоб?

Бо табассум гуфт ӯ дар гӯши ин мискин Ниҳон:

«Ҷон бигӯ, ҷонон маҷӯ, аз ҷон гузар, ҷонон биёб.»

                               ***

Дар шаби торики ман он моҳи тобонам куҷо?

Ту куҷою дил куҷо, ё ҷони ҷононам куҷо?

Сӯхтан аз шавқи худ парвои ин парвона нест,

Ман куҷо дар зулматам, шамъи шабистонам куҷо?

Аз фиғону нолаам мурғони субҳ озурдаанд,

Гӯ ба ман, эй субҳ, он хуршеди рахшонам куҷо?

Қатраи абр оварад дар ҳар куҷо сабзи чаман,

Ин қадар аз чашмҳои абри найсонам куҷо?

Кай шавад хушнуд як дам дил дар ин мотамсаро,

Ин куҷою он куҷо, лабрези хандонам куҷо?

Эй табиби нохирад, кардан даво кори ту нест,

Ту куҷо, Луқмон куҷо, бо дард дармонам куҷо?

Дар ғами бечорагӣ дар ҷанг дандонам ба санг,

Орзуи дил куҷо, ё айши давронам куҷо?

Чашм бикшо оқибат бар хок мегуфтӣ, Ниҳон,

Ёру дӯстонам куҷо, ин умри бӯстонам куҷо?

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: