Бинобар даъвати ҳокими ноҳияи Бӯка Сардор Исоқулов меҳмонон аз ҳокимияти ноҳияи Мастчоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳаллаи Навободи ноҳия ташриф оварданд.
– Шукронаи истиқлолият ва ташаббусҳои президентҳои ду мамлакати ба ҳам дӯст – Тоҷикистону Ӯзбекистон солҳои охир рафту омади халқҳои мо хеле хуб шуд. Аз пайи ин сиёсати одилона ҳамкории байни ноҳияҳои Мастчоҳ ва Бӯка низ густариш меёбад, – мегӯяд муовини аввали ҳокими ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров. – Ростӣ дар бораи мардум ва маҳаллаи Навобод борҳо шунида будам ва имрӯз бо чашми худ мебинам. Шаҳрвандони маҳалла аслан мардуми мастчоҳӣ буда, солҳои пеш бо ҳукми тақдир ба ин ҷо кӯч бастаанд.
Ба наздикӣ бо супориши Президенти мамлакат маҳаллаи мазкур ба шаҳраки замонавӣ табдил ёфт, ки боиси ифтихор аст. Дар вақти ташриф меҳмонон сараввал аз осорхонаи бонуи ҳунарманди маҳалла Зулайхо Баҳриддинова дидан карданд. То ҳол дар байни мардуми маҳаллӣ мавҷуд будани ҳунарҳои дастӣ гулдӯзӣ, қуроқ-дӯзӣ ба меҳмонон хуш омад. Ҳар як асари қуроқдӯзӣ рамзи ба худ хос дорад.
Меҳмонон инчунин аз Маркази дӯзандагӣ, ки ба наздикӣ аз ҷониби соҳибкори ҷавони маҳалла Нусратхӯҷа Қосимов сохта, ба истифода дода шуда буд, дидан карданд.
Толори маънавият ва китобхонаи маҳалла, майдончаҳои варзишии волейбол, баскетбол, воркаут ва майдони мини-футболи «Навобод-арена» низ диққати меҳмононро ба худ ҷалб кард.
Баъд аз дидани корҳои ободониву бунёдкории меҳалла Дилшод Зокиров дар бораи риштаҳои бисёрасринаи дӯстиву некҳамсоягии халқҳои тоҷику ӯзбек изҳори ақида кард.
М. Мирмаҳмадов,
ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.