Раҳнамои зиндагӣ

Омӯзгор раҳнамо ва тарбиятгари донишомӯзон мебошад. Ташаккули фикру шуури инсон маҳсули ранҷи омӯзгор аст.

Сипосатро ба ҷо орем, эй омӯзгори мо,

Ки ҳастӣ раҳкушою раҳнамо дар рӯзгори мо.

Омӯзгор раҳнамо ва тарбиятгари донишомӯзон мебошад. Ташаккули фикру шуури инсон маҳсули ранҷи омӯзгор аст.

Вақте ки кас номи устодро ба забон мегирад, дар пеши назараш симои шахси маҳбуб ва муътабар таҷассум мегардад. Устод бунёдгузори хишти аввали илму дониш ва фазлу камол мебошад.

Бо заҳмати устод ҳар як шогирд мавқеи хешро дар ҷомеа муайян месозад. Устод пайваста талош менамояд, ки шогирдонаш донову тавоно ва ифтихори кишвар бошанду номбардори халқу Ватан гарданд.

Дар ҷомеаи мо омӯзгороне ҳастанд, ки бо фаъолияти хеш дар таълиму тарбияи насли наврас нақши муассир гузошта, ҳамвора талош менамоянд, ки шогирдон аз илмҳои замон ба таври амиқ бархурдор гарданд.

Тағоймурод Раҷабов аз қабили ҳамин гуна омӯзгорон аст, ки тамоми ҳастии хешро ба таълиму тарбия бахшидааст. Ӯ соли 1955 дар деҳаи Порашти ноҳияи Фориш ба дунё омадааст. Аз хурдӣ мисли тағояш Ҷонибеки Қувноқ журналист шуданро орзу мекард. Аз ин ҷост, ки ӯ ба омӯзишу мутолиа диққати махсус медод. Маҳз ташаккули донишу ҷаҳонбинӣ ба ӯ имкон дод, ки зуд касби ояндаашро интихоб намояд. Баъд аз хатми мактаб, соли 1972 роҳи Тошкандро пеш гирифт ва ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд супорид. Аз имтиҳонҳои қабул гузашт, аммо холҳояш ба шуъбаи рӯзонаи журналистика нарасид. Ӯро ба шуъбаи шабона қабул карданд. Тағоймурод рӯзона дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик»-и ҳозира) кор мекард ва шабона мехонд. Курси якумро тамом карда, бинобар шароити оилавӣ ба деҳа баргашт. Дар мактаби зодгоҳ ҳамчун омӯзгори фанни мусиқӣ кор кард. Дар давоми 28 соли омӯзгорӣ шогирдонаш дар озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.

Омӯзгор ҳам дар мактаб кор мекарду ҳам ба рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Фориш тонги» ва  «Жиззах ҳақиқати» мақола, шеър, ҳикояҳо менавишт. Аз шеърҳои ӯ, ки дар саҳифаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» чоп шудаанд, чанд намуна  меоварем:

Қалам, бикшо дари рози диламро,

Бизан нохун зи нав сози диламро.

Халоиқ то бидонад кистам ман,

Бикун овоз эъҷози диламро.

            ***

Зи рафти об рафти умр дидем,

Ба ташвиши ҷаҳон якҷо нишастем.

Ба худ гуфтем ин дунё азиз аст,

Қади боло, рухи зебо азиз аст.

Ба қадри ҳамдигар бояд расидан,

Ки аз имрӯзи мо фардо азиз аст.

            Устод Тағоймурод Раҷабов аз он ифтихорманду сарфароз мебошад, ки шогирдони зиёдеро ба камол расондааст. Онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд. Шогирдон ҳамчун омӯзгор дар муассисаҳои таълимӣ ба тадрис машғул буда, барои шукуфоии Ватани азизамон  хидмат мекунанд.

Комёбиҳои ҳар як шогирд самараи азму талоши устод аст. Бе роҳбалад кас ба қуллаҳои баланди дониш  намерасад. Шоир фармудааст:

Устод агар набудӣ, илму ҳунар набудӣ,

Устод агар набудӣ, ин зебу фар набудӣ.

Устод агар набудӣ, беҳтар зи шаҳду шаккар,

Дар боғи илму дониш моро самар набудӣ!

Собир ЭРГАШЕВ,

омӯзгори собиқадор

аз ноҳияи Фориш.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: