Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ба муносибати 690-солагии арбоби бузурги давлатӣ Амир Темур анҷумани бошукӯҳи илмӣ-амалӣ таҳти шиори «Мероси Амир Темур – қадами боэътимод ба сӯи Ренессанси савум» баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ олимону мутахассисону бостоншиносон, маркази маънавияту маърифати округи ҳарбӣ, аҳли эҷод, вакилони расонаҳои ахбор ва дигарон ширкат варзиданд.
– Имрӯз Самарқанди бостонӣ, ки пойтахти давлати темуриён буд, боз ид дорад, – барафзуд доктори фанҳои таърих, профессор Фарҳод Набиев, – зеро бо ташаббусу талаботи Амир Темур шаҳри мо ободу гулгулшукуфон гардид. Иншоотҳои гуногуни меъмории пуршукӯҳ қад афрохт, дар атрофи шаҳр 14 боғ бунёд шуд. Боиси хушнудист, ки бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон Самарқанд ба маркази сайёҳӣ табдил ёфт ва ҳар сол миллионҳо меҳмонони хориҷӣ ташриф фармуда, бо ёдгориҳои таърихӣ шинос мешаванд.
Дар майдони Регистон тадбири мазкур бо иштироки ҳарбиён идома ёфта, талабагони Донишгоҳи давлатии сохтмону лоиҳакашӣ ба номи Мирзо Улуғбек бо рақсу бозӣ ба ҳозирон ғизои маънавӣ бахшиданд.
Бояд таъкид намуд, ки дар чорчӯбаи «Моҳонаи Амир Темур» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд чорабиниҳои пуршукӯҳи фарҳангӣ баргузор мешаванд.
Зоҳир Ҳасанзода, хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.