Анъана ва арзишҳои миллиамонро ҳифз намоем

Солҳои охир дар кишвари мо муносибат бо арзишҳои миллӣ куллан тағйир ёфт. Дар зиёратгоҳҳои муқаддаси кишварамон ба мақсади эҳёи анъана ва арзишҳои миллӣ, бузургдошти хотираи гузаштагон ва рушди сайёҳӣ корҳои ободонӣ вусъат пайдо кардаанд.

Садҳо масҷиду зиёратгоҳҳо имрӯз ба масканҳои маънавияту маърифат табдил ёфтаанд.
Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси роҳбарияти Агентии мероси фарҳангӣ дар мавзӯи «Чораҳои ҳифзи ёдгориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва ҷойҳои таърихӣ» нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ оиди ислоҳоти системавӣ, ки дар самти ҳифз, барқарорсозӣ, омӯзиши илмӣ, маъмулгардонӣ ва истифодаи самараноки объектҳои мероси фарҳангӣ, инчунин густариши ҳамкории байналмилалӣ гузаронида мешаванд, маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

– Дар ҷамъомаде Президент таъкид карда буд, ки «Агар ҷисми ҳаёти ҷамъият иқтисодиёт бошад, қалб ва рӯҳи он маънавият аст». Дар ин бобат чандин қарору фармоишҳо ба имзо расиданд. Аз ҷумла, мувофиқи қарори Девони Вазирон аз 4 октябри соли 2019 дар мамлакатамон ҳамагӣ 8370 объекти мероси фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст, – гуфт муовини якуми директори Агентии мероси фарҳангӣ Турсуналӣ Қӯзиев. – Аз онҳо 4797 ёдгории археологӣ, 2270 маскани диданӣ, 617 санъати монументалӣ, 530 ёдгории меъморӣ, 156 мозаика ва композитсияҳо. Аз ҷумла, барои экспертиза ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-сметавӣ оид ба 112 объект пешниҳод карда шуданд, ки 80-тои онҳо хулосаҳои мусбат, 7-то манфӣ, 12-тои онҳо рад карда шуданд ва 13-тои дигар дар санҷиш мебошанд. Системаи литсензиякунонӣ ва додани иҷозатномаҳо дар соҳаи ҳифзи объектҳои мероси фарҳангии моддӣ пурра ба шакли электронӣ гузаронида шудааст. Дар давоми сол 24 ариза санҷида шуда, 12 литсензия дода шуд, инчунин, 12 иҷозатнома барои корҳои илмӣ-консерватсионӣ ва барқарорсозӣ расмӣ гардонида шуд.

Дар доираи лоиҳаи «Осорхонаи виртуалӣ» тамошои 27 осорхонаи давлатӣ ташкил ва системаи дастгирии молиявии онлайн ҷорӣ мегардад. То охири сол шумораи меҳмонони иншоотҳои мероси фарҳангӣ ва осорхонаҳо ба 7 миллион нафар расонида мешавад.

Далер Азизов,

хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: