Субҳ. Офтоб аз паси кӯҳҳо оҳиста-оҳиста сар бардошта, гӯё бо эҳтиёт пардаи осмонро канор мезад. Нураш мисли обшори меҳр ба рӯйи замин мерехт ва табиатро бедор мекард.
Аввалҳои моҳи исфанд буд. Барфҳо об шуда, қатра-қатра мисли ашки шодӣ аз лаби бомҳо мечакиданд. Дарахтон чун арӯсон либоси сафеди гул ба бар карда буданд. Сабзаҳо қолии сабзи нарме буданд, ки дар рӯяш гулҳо чун ситораҳо дар осмони шаб медурахшиданд. Насими баҳорӣ бӯю таровати заминро интишор медод. Ҳама ҷо пур аз шодиву нишот буд, гӯё ҷаҳон аз нав оғоз мешуд.
Мо ҳам мисли ҳаррӯза аз хоб бедор шудем. Модарам, баъд аз хондани намози бомдод, дар рӯйи суфа барои нонушта дасторхон омода мекард. Бӯйи нони гарм ва чойи хуштамъ ҳавлиро пур карда буд. Ҳама ба сари дасторхон нишастем. Азбаски ҳавлии мо рӯ ба рӯйи ҳавлии бобоям буд, падарам ӯро барои тановули ширу равған даъват кард.
Бобоям омад… Аммо он рӯз дар чеҳрааш сири дигаре, аниқтараш хавотирӣ нуҳуфта буд. Нигоҳашро гӯё аз мо мегурезонд. Ин ҳолати ӯро аз ин пеш надида будем. Зеро ӯ одатан бо дӯстонаш бисёр менишаст, бештари вақти худро бо онҳо мегузаронд. Он рӯз ҳам мисли ҳамеша, назди дӯстонаш рафт. Вале ҳеч кас гумон надошт, ки бо ин рафтан моро ба ғафлат мегузораду умраш хотима меёбад.
Ман он вақт дар синфи дувум мехондам, духтарбачае будам, ки дунёяш аз бозиҳои кӯдакона иборат. Аз ғаму ташвишҳои зиндагӣ хабар надоштам. Соат аз дувоздаҳи рӯз гузашту ман барои ба мактаб рафтан омодагӣ гирифтам. Ниҳоят, ҷониби мактаб роҳ пеш гирифтам. Гӯё ҳама ҷо хомӯш буд. Кӯчаҳо ором… Мили соат ҳам болои 13:10 қарор гирифту дарс оғоз ёфт...
Ҳанӯз дарсҳо ба поён нарасида, муаллим даст ба китфам нарм гузошту гуфт: «Сабур бош, ту бояд ба хонаатон биравӣ...»
Ҳангоме ки ба кӯчаамон наздик шудам, манзараи аҷиберо дидам. Мошинҳо қатор, одамон бисёр… ҳатто ҷойи роҳ рафтан набуд. Мисли парандае, ки дар қафас худро ба ҳар сӯ мезанад, дилам сахт ба тапиш даромад.
Фаҳмидам, ки ҳама дар ҳавлии хонаи бобоям ҷамъ омадаанд. Аз тиреза ба дарун нигоҳ кардам, вале касеро равшан надидам. Ҳавлӣ пур аз одам буд. Яке ҳис кардам, ки фоҷиае рӯй додааст.
Офтобе, ки саҳар бо табассум тулӯъ карда буд, акнун гӯё бо андӯҳ ба паси кӯҳҳо фурӯ мерафт. Нураш мисли хайрбоди охирин дигар гарм набуд.
Вақте модарам парда аз рӯйи ҳақиқат бардошт, ашкҳоям шашқатор ҷорӣ шуданд. Ман ҳайрон мондам. Фақат дар дилам мегуфтам:
«Чӣ тавр?.. Саҳар хуб буданд-ку?.. Чаро ин гуна шуд?..»
Гӯё кабӯтари сафеди дилам якбора парид ва осмони вуҷудам холӣ монд.
Ман ҳанӯз аз меҳри бобоям сер нашуда будам… Хотираҳо як-як аз пеши чашмам мегузаштанд: ҳар сухан, ҳар табассум, ҳар нишасташон...
Он рӯз бароям шумтарин рӯзи ҳаётам буд. Рӯзи субҳаш мисли ид оғоз ёфта шоми дардзое дошт.
Осмони рӯзи дигар осмони дирӯза набуд: гӯё шаб тамоми рӯшноиро бо худ бурда бошад, ранги хокистарӣ дошт. Ман бо ҳамроҳии модарам ба ҳавлии бобоям рафтам. Ҳаво мисли диле, ки пур аз гиря аст, вазнин буд.
Ба дастам яке аз либосҳои бобоямро доданд. Дар воҳаи Сурхон чунин расм аст, ки ҳангоми фавтидани инсон наздикон либосашро гирифта, бо нолаю фарёд аз пасаш мераванд. Гӯё бо он порчаи матоъ мехоҳанд охирин бӯйи азизашонро эҳсос кунанд.
Ман ҳам куртаи бобоямро ба сина фишурда, ба сӯйи хонае, ки тобуташон он ҷо буд, раҳсипор шудам. Либос дар дастонам мисли бадани бобоям гарм буд. Бӯяшонро эҳсос мекардам: бӯйи меҳрубонӣ, бӯйи оғӯши амн...
Дар роҳ қадамҳоям суст шуданд. Гӯё замин намегузошт, ки пеш равам. Садои нолаҳо мисли мавҷҳои дарёе, ки ба соҳил бархӯрда, бармегарданд, аз дур ба гӯш мерасиданд. Бари кӯча пур аз гиря буд.
Вақте ба роҳрав даромадам, занҳо бо ашк ва фарёд давра зада, нишаста буданд. Нолаи онҳо мисли боде буд, ки баргҳои тирамоҳиро парешон мекунад. Ман бо либоси бобоям наздик шудам. Ногоҳ ашкҳоям боз ҷорӣ шуданд, ин дафъа мисли селе, ки дигар пеши роҳашро чизе намегирад.
Ба тобут нигоҳ кардам… Дилам ларзид. Гӯё қисме аз вуҷудам дар он хобида бошад.
Либосро сахттар ба синаам фишурдам. Мехостам бигӯям:
«Бобоҷон, баргардед… Ман ҳоло кӯдак ҳастам… Ман ҳоло ба шумо ниёз дорам…» Аммо садоям дар гулӯям гиреҳ хӯрд.
Он рӯз ман бори аввал маънои ҷудоиро фаҳмидам. Бори аввал дарк кардам, ки баъзе рафтанҳо бозгашт надоранд…
Ва он рӯз дили кӯдаконаам ба андозаи як дарди гарон бузург шуд.
Вақте маро аз он ҷо бароварданд, аз миёни нолаҳо садое баланд шуд: «Бобояш инро бештар дӯст медоштанд…»
Ин сухан мисли ханҷаре нарм ба дилам нишаст. Албатта, ҳамин тавр буд… Бобоям ҳар гоҳ маро медиданд, чашмонашон пур аз нур мешуд.
Ба рӯйи ҳавлӣ баромадам. Атрофро назар кардам. Хешу ақрабо, ёру бародарон, писарону духтарон ва момои меҳрубонам гирди ҳам омада буданд. Онҳо пушту камари якдигарро дошта, гӯё сутунҳои як бинои фурӯрафта бошанд, ба ҳам такя мекарданд, то аз сангинии дард наафтанд. Ашкҳояшон мисли борони пайдарпайе, ки аз осмони андӯҳ фурӯ мерезад, беист мерехтанд.
Дар як гӯшаи ҳавлӣ падарам нишаста мегирист. Нигоҳаш холӣ, китфҳояш хам, гӯё кӯҳи солҳои дароз устувор истода яке дарз пайдо карда буд.
Ман ба назди амакам рафта гарданашро ба оғӯш гирифтам. Бо дастони кӯдаконаам мехостам бори андӯҳашро сабук кунам. Намедонистам чӣ бигӯям. Гӯё мехостам бо меҳри содаи кӯдаконаам ба ӯ тасаллӣ бахшам...
Ногоҳ садое баланд шуд. Тобутро ба рӯйи ҳавлӣ бароварданд. Он лаҳза дилам мисли тире аз камон ҷаст – тез, дарднок, беист. Намози ҷаноза хонда шуд. Садои дуоҳо бо гиряҳо омехта, ба осмон мерафт...
Ва баъд… гирифтанду рафтанд.
Ҳавлие, ки дирӯз пур аз қаҳқаҳаҳои бобоям буд, имрӯз холӣ, бесадо буд. Деворҳояш ҳам гӯё мотам доштанд.
Аз ҳамон рӯз ба баъд, ҳар баҳор вақте барфҳо об мешаванду дарахтон гул мекунанд, дилам ғайриихтиёр ба ҳамон рӯз бармегардад. Ба рӯзе, ки субҳаш мисли ид оғоз ёфта буд. Аммо шомаш маро бо дарди ҷудоии абадӣ ошно кард. Он рӯз кӯдакии ман бо бобоям дафн шуд. Ва ман нофаҳмида, якбора бузург шудам.
Бобоям барои мо мактаби инсонгарӣ низ буданд. Аз эшон омӯхтаем, ки инсон бояд пас аз худ номи нек боқӣ гузорад, зеро умр мегузарад, некӣ мемонад.
Сония РАВЗАТУЛЛОЕВА,
донишҷӯйи ДД Самарқанд.