Сил: Хатаре, ки ҳанӯз бо мост

Ҳар сол 24 март ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи мубориза бо бемории силро таҷлил мекунад. Ин сана ба кашфи ангезандаи беморӣ аз ҷониби олими олмонӣ Роберт Кох вобаста буда, аз аҳамияти бузурги илму тиб дар наҷоти ҷони инсонҳо дарак медиҳад.

Сил яке аз бемориҳои қадимтарин ва ҳамзамон хатарноки сироятӣ ба шумор меравад. Бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас дар соҳаи тиб, он то имрӯз ҳамчун мушкилоти ҷиддии саломатии ҷамъиятӣ боқӣ мондааст. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол миллионҳо нафар дар ҷаҳон ба ин беморӣ мубтало мегарданд.

Сил бештар шушро осеб мерасонад ва тавассути ҳаво аз шахси бемор ба дигарон мегузарад. Хатари асосӣ дар он аст, ки нишонаҳои аввалини он — сулфаи дарозмуддат, ҳарорати паст, сустӣ ва камшавии вазн — аксаран ҷиддӣ қабул намешаванд. Дар натиҷа, шахс дер ба духтур муроҷиат намуда, беморӣ метавонад ба дигарон сироят кунад.

Имрӯз сил пурра табобатшаванда аст. Аммо табобати он вақт ва сабр талаб мекунад. Агар бемор курси дорувориро то охир нагузаронад, хатари пайдоиши шаклҳои дорупойдори сил (яъне ба доруҳо тобовар) зиёд мегардад, ки табобати онҳо хеле душвортар аст.

Пешгирии беморӣ аз одатҳои дурусти ҳаррӯза оғоз меёбад. Риояи қоидаҳои гигиена, ғизои солим, тарзи ҳаёти фаъол ва муоинаи саривақтии тиббӣ метавонанд хатари сироятро ба маротиб коҳиш диҳанд. Ҳамчунин, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ омили калидӣ дар мубориза бо сил мебошад.

Мубориза бо сил танҳо вазифаи табибон нест. Ин масъалаи тамоми ҷомеа аст. Огоҳӣ, дастгирии беморон ва аз байн бурдани табъиз нисбат ба онҳо метавонанд дар коҳиши паҳншавии беморӣ саҳми назаррас гузоранд.

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо сил моро водор месозад, ки бори дигар ба саломатии худ ва атрофиён диққат диҳем. Сил, гарчанде хатарнок аст, аммо бо донишу масъулият ва ҳамкории дастаҷамъона метавон онро мағлуб кард.

Саломатии ҷомеа — оинаи сатҳи маърифат ва масъулияти ҳар яки мост.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: