Президент Шавкат Мирзиёев зимни сафар ба Бухоро бо лоиҳаи сохтмони фурудгоҳи нави шаҳр шинос шуд.
Дар мамлакат инфрасохтори нақлиётӣ пайваста рушд меёбад. Роҳ ва пулҳои нав сохта шуда, шароити мусоид барои мусофирон афзун мегардад. Бояд гуфт, ки сарвари давлат соли 2024 зимни сафар ба вилояти Бухоро бо мақсади рушди минбаъдаи иқтидори сайёҳии минтақа аз рӯйи сохтмони фурудгоҳи нави байналмилалии Бухоро супориши муҳим дода буд.
Барои бунёди ин иншооти нақлиётӣ ва инфрасохтори шафати он берун аз шаҳр ҷамъ 370 гектар замин ҷудо гардидааст. Дар доираи лоиҳа инчунин роҳи автомобилгард, ки ба фурудгоҳ мебарад, сохта мешавад. Дарозии умумии он 23,8 километрро ташкил намуда, аз он 2,7 километр роҳи комилан нав мебошад ва 21,1 километр бозсозӣ мешавад. Инчунин, дар канори роҳ бунёди 2 гузаргоҳи болоӣ, 9 гузаргоҳи зеризаминии пиёдагард ва 8 пул дар назар аст.
Мувофиқи лоиҳа, дар фурудгоҳи нав хатти парвозу нишаст бо дарозии 3,3 километр сохта мешавад, ки қобилияти қабули ҳама намуди ҳавопаймоҳоро дорад. Инчунин, маҷмааи терминали мусофирбарӣ бо иқтидори хизматрасонӣ ба 1200 нафар дар як соат бунёд хоҳад шуд.
– Мо ҳадаф дорем, ки фурудгоҳе созем, то ба аҳолии вилояти Бухоро, инчунин, сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ хизматрасонии муосир ва мусоид пешниҳод кунад. Аз ин рӯ, ин аэропорт бояд ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ комилан мувофиқ бошад, – гуфт Президент.
Ба сарвари давлат инчунин дар бораи дигар лоиҳаҳои сохтмонӣ, ки ба баланд бардоштани иқтидори иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии вилояти Бухоро нигаронида шудаанд, маълумот дода шуд.