Умри инсон мисли оби рӯд гузарон аст. Хоҳ нек бошаду хоҳ бад, чу вақту соаташ расид, ин дунёро падруд мегӯяд. Баъди даргузаштан инсонро бо амалҳояш ёд мекунанд. Агар амалҳои нек дошт, покдилу самимӣ буд, ангушти ҳасрат мегазанд.
Тавре Шайх Абӯсаиди Абулхайр мегӯяд:
Ин умр ба абри навбаҳорон монад,
В-ин ашк ба сели обшорон монад.
Зинҳор чунон бизӣ, ки баъд аз мурдан
Ангуштгазиданӣ ба ёрон монад.
Ҳофизи номдори воҳаи Сурхон, шахси нексиришту некном Саъдулло Беков инсоне буд, ки марги нобаҳангом дар 68-умин солгарди умр дӯстону наздикон ва ихлосмандони ҳунари волои ӯро дилхун кард.
Вай 10 августи соли 1958 дар деҳаи Янгитурмуши ноҳияи Сариосиё дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Падараш бобои Муҳибулло, ки дар қайди ҳаёт ҳастанду наздики 100 сол умр доранд, дилбохтаи санъат, дар ҷавонӣ дутор менавохтаанд ва баъзан суруд низ мехондаанд. Саъдулло низ солҳои таҳсил дар мактаби рақами 29-ум ба фанҳои забону адабиёти тоҷик ва мусиқӣ дил баста, дар маҳфилҳои адабию мусиқии мактаб фаъолона иштирок мекард. Омӯзгори фанни таърих Нурулло Саидов, ки қобилияти баланди навозандагию овозхонӣ дошту он солҳо дастаи ҳаваскорони санъати мактабро сарварӣ мекард, истеъдоди нодири Саъдуллоро пай бурда, ӯро ба шогирдӣ қабул кард, асрори навохтани рубоб ва овозхониро омӯзонид.
Саъдулло баъди хатми мактаб ба омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе дохил шуда, чанд муддат таҳсил кард, вале бинобар сабабҳои оилавӣ таҳсилро ба поён нарасонида ба деҳа баргашт ва дар хонаи маданияти хоҷагии ҷамоавии ба номи Охунбобоев ба кор даромада, дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангии хоҷагиву ноҳия ширкат ҷуст. Нимаи дуюми солҳои ҳафтоду ҳаштодуми асри гузашта чун овозхон шуҳрат пайдо кард. Он замон шунавандагони суруду навоҳои асили классикӣ зиёд буданд, дар тӯю маъракаҳо низ бештар чунин сурудҳо садо медоданд.
Ӯ ҳарчанд баъдтар шуъбаи ғоибонаи техникуми хоҷагии қишлоқи Тирмизро хатм намуд, дар ин соҳа кор накард. Ӯро ҳамчун овозхони боистеъдод ва пуртаҷриба роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси «Шодиёна», ки дар назди Хонаи фарҳанги ноҳия амал мекард, таъин намуданд. Дар тадбирҳои идонаи ноҳиявию вилоят ва ҷумҳурӣ бо овози хушу марғубаш қалби ҳазорон дӯстдорони санъати асилро тасхир намуд. Саъдулло Беков, ба хусус дар байни мардуми тоҷики ноҳияҳои Сариосиёву Узун, Деҳнаву Олтинсой, Бойсуну Музработ ва Тирмизшаҳр маҳбубияти зиёд дошт. Азбаски бештар сурудҳои устоди бузурги санъат Ҷӯрабек Муродовро бо камоли маҳорат иҷро мекард, ӯро дар ҳозиру ғоибаш «Ҷӯрабеки воҳаи Сурхон» низ мегуфтанд. Ҳамчунин худаш ба ғазалҳои шоирони бузурги классик ва муосир Шайх Саъдиву Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Румиву Соиби Табрезӣ, Мирзо Турсунзодаву Лоиқ Шералӣ оҳангҳои ҷолиб баста, бо як лаҳни зебо тараннум мекард, ки писанди ҳамагон мешуданд. Бояд таъкид кард, ки қариб ҳама сурудҳои ӯ дорои мазмунҳои баланди тарбиявию ахлоқӣ буда, пиру ҷавонро ба роҳи рост, фазилатҳои неки инсонӣ ҳидоят менамуданд.
Солҳои охир бештар дар маъракаҳои саҳаргоҳии мардум иштирок ва ҳунарнамоӣ мекард. Суруду навоҳои рӯҳбахши ӯ, ки дар ҳамоҳангии танҳо ду асбоби суннатии мусиқӣ – тору доира ва баъзан бо иловаи най садо медоданд, ба гӯшу ҳушу қалби ҳозирин ҳузуру ҳаловат мебахшиданд.
Саъдулло Беков дар тӯли фаъолияти эҷодиаш бо бисёр санъаткорону овозхонҳои шинохта, аз ҷумла устодони санъат шодравон Тоҷиддин Муҳиддинов, Субҳон Саидов, Мастона Эргашева... ҳамкориву робитаҳои наздик дошт, овозхонҳои маъруфи Сариосиёву Узун Асадулло Қаландаров, Муҳаммадшариф Бердиев, Нуралӣ Муродалиев, Боймурод Меликов, Абдумаҷид Мирзоев, Азамат Бобоҷонов, Шамсиддин Маликов ва дигарон ӯро чун устоду дӯсти меҳрубон мешинохтанд.
Ӯ умри худро ба санъат бахшид. Бо саҳна зист, бо суруд зиндагӣ кард ва дар ин роҳ ба дӯстдорони санъат илҳом бахшид.
Саъдулло чанд соли охир аз бемории дил азият мекашид. Ҳарчанд фарзандон барои табобаташ кӯшиш намуданд, миқрози аҷал риштаи умри ӯро ба якборагӣ бурид.
Марги нобаҳангоми ин марди шариф ва сарояндаи маҳбуб барои наздикону пайвандон, дӯстону ҳаводорони сершумори ҳунар ва шахсияти ӯ талафоти гарон гардид.
Ин лаҳзаҳо, ки гиря гулӯгирам мекунад, ба ёдам мисраъҳои шоир меоянд, ки ҳофиз бо овози гирову тасхиркунандаи худ хеле бадард мехонд:
Мо мегузарему ин ҷаҳон мемонад,
Ин олами пир ҷовидон мемонад...
Абдураззоқ ШУКУРОВ,
омӯзгор аз ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.