Азизаи азизи мо

Азиза дар деҳаи Чуқуни ҷамоати Боғучорбоғи ноҳияи Деҳқонобод дар оилаи омӯзгор ба дунё омад. Хурсандии кадбонуи оила – Хайринисо ва падар – Абдуҷалол ҳадду каноре набуд.

Воқеан ҳам, Азиза  дар оилае ба дунё омад, ки  аҳли он хушбахту фарҳангдӯст буданд.
Мисли бародару хоҳаронаш дар ниҳоди Азиза низ аз хурдӣ  завқу хоҳиш нисбат ба хонишу донишомӯзӣ баланд буд. Хосатан, ҳангоми иҷрои вазифаи хонагӣ  бародаронаш – Далеру Сӯҳробро ба танг меовард, то ки  дафтару китобу қаламаш диҳанд.
Азиза, новобаста аз он ки дар деҳа тарбияи кӯдакистонро нагирифта буд,  (мутаассифона, дар он солҳо дар деҳа кӯдакистон вуҷуд надошт) то синни мактабӣ хондану навиштанро аз бародарони хушзеҳн ва падари омӯзгораш омӯхт. Ба Азизаи зираку ҳозирҷавоб бештар барномаҳои бадеиву фароғатии телевизиони Тоҷикистон, ки тавассути моҳвора медид, писанд меомад, ба шеърхонии ровиён тақлид мекард ва бо ду-се шунидан байте ё шеъреро ёд мекард.
Дар мактаби миёнаи рақами 46 Азизаро устоди соҳибтаҷриба Ҷумъақул Маҳмаёров истиқбол намуд. Маҳмаёров аз рӯзҳои аввали таҳсил дар фитрати ин навниҳол як лаёқату зеҳни фавқулоддаеро ҳис намуд, нисбати ҳамсолонаш ҳозирҷавоб буд.
Бояд қайд кард, ки таъсири фаъолияти педагогии падар дар ташаккули қобилияти фитрии Азиза басо муҳим буд, зеро устод Абдуҷалолро тавассути маҳорати педогогиаш на танҳо дар вилоят, балки дар саросари ҷумҳурӣ мешинохтанд ва эътироф мекарданд. Шояд, меҳр ба адабиёту шеърият дар қалби Азиза аз ҳамин ҷо маншаъ гирифтааст.
Шеърҳои падарро дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ хонда, дар қалби кӯчаки ӯ нисбат ба каломи бадеъ муҳаббате пайдо шуд. Ин буд, ки якчанд шеъраки  тоҷикии ӯ дар китоби «Деҳқонобод ғунчалар», ки соли 2022 ба табъ расид, ҷой дода шуд.
Қаҳрамони мо дар чунин шароит ба воя расид.
Баъди синфи ибтидоӣ ба  ӯ  аз фанни забон ва адабиёт Ҳаққул Шаъбонов низ дарс гуфта, дар камолёбии ин истеъдод ҳиссаи худро гузошт.
Азизаро дар синфи 9 устоди нисбатан сахтгир ва серталаб, падари худи ӯ – Абдуҷалол Қурбонов аз санҷиш гузаронид. Гузаштан аз имтиҳони падар Азизаро ба душвориҳо рӯбарӯ карда бошад ҳам, ӯ дар бахши ноҳиявӣ ва вилоятии олимпиадаи асосӣ ҷойи аввалро гирифт. Ин ҳама самари заҳматҳои устоду шогирд буд, ин бурдбориҳо бар ивази шабҳои бехобӣ, заҳмат ва эҳтимоми тарафайн ба даст омада буд, ҳар як саҳифаи китоби дарсӣ «аз риштаву сӯзан гузаронида мешуд».
Тавре ки Саъдии бузург фармудааст:

Ба ҳар коре,ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Оре, дар ин сабқат, ки ба таъбире «ғалберро аз об бардоштан» лозим буд, заҳмати устодон ва талоши Азизаи илмдӯст натиҷаи дилхоҳ дод.
Азиза ин дафъа низ тавонист дар байни донишомӯзони  9 вилоят ҷойи аввалро ишғол намояд.
Бо баромадани натиҷаи тест, дар чашмони Азиза ашки шодӣ ҳалқа мезад, ба он натиҷае, ки муваффақ гардид, бовараш намеомад, беҳтарин донишомӯз аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар миқёси ҷумҳурӣ – ин заҳмату машаққат ва изтиробу ҳаяҷон фақат ба худи ӯ аён аст.
Ҳини суҳбат Азиза чунин иброз дошт:

– Дар гарданам овезон шудани медали тилло маро  чунон ба ваҷд овард, ки ҳарф задан бароям мушкил. Ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки сипосгузорам, аз давлатамон, ки ба мо – ҷавонон чунин имкониятҳоро фароҳам овардааст. Дар муваффақ гардидани ман маъмурияти мактаби рақами 46 ва ҷомеаи омӯзгорон низ саҳми босазо доранд. Ва ҳатман, сипоси бепоён ба падари азизам, устодам, ки барои аз шоҳсуфа ҷой гирифтани ман хизмати эшон беназир аст.
Ин комёбӣ ибтидои чандин бурдбориҳост, ки  қаҳрамони мо  дар давоми солҳои донишҷӯӣ ва баъд аз он ба даст хоҳад овард.

Ҳомидҷон ХолмӮъминов,
омӯзгори тоифаи олии мактаби рақами 10-уми ноҳияи Деҳқонободи
вилояти Қашқадарё.

Дар сурат: Азиза бо устодаш Абдуҷалол Қурбонов.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: