Аз ҷониби кормандони Хадамоти ҳифзи назди Саридораи корҳои дохилии вилояти Сурхондарё барои таҳкими донишҳои назариявӣ ва амалии посбонони мактабҳои таҳсилоти умумӣ машғулиятҳои таълимию амалӣ баргузор мегарданд.
Имрӯзҳо таъмини амният дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Зеро мактаб даргоҳи муқаддасест, ки дар он созандагони фардо тарбия меёбанд. Таъмини оромӣ ва осудагии муассисаҳои таълимӣ, масъулияти бузургест, ки бар дӯши посбонон вогузор шудааст.
Посбонон на танҳо муассисаро муҳофизат мекунанд, балки дар пешгирии ҳар гуна ҳолатҳои фавқулода низ ҳамчун ҳалқаи аввал нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва таҳкими малакаҳои амалияи онҳо аз талаботи муҳими рӯз маҳсуб мешавад.
Бо назардошти ин, аз ҷониби Хадамоти ҳифз дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати ҳолатҳои фавқулода барои кормандони воҳиди посбонии идоравӣ машғулиятҳои 15-рӯзаи таълимию амалӣ ташкил карда шудаанд.
Аз ҷумла, дар чорабинӣ дар ноҳияи Деҳнав мутахассисон ба посбононе, ки дар мактабҳо фаъолият доранд, доир ба вазифа ва ӯҳдадориҳои хидматӣ, пешгирии ҳар гуна ҳолатҳои номатлуб дар ҷараёни соли таҳсил, истифодаи воситаҳои аввалияи оташнишонӣ, корбурди воситаҳои махсус, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ва тарзи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таври амалӣ ва намоишӣ маълумот доданд. Ҳамчунин, ба иштирокчиён оид ба фароҳам овардани муҳити бехатар дар мактабҳо, роҳ надодан ба воридшавии шахсони бегона ба ҳудуди муассиса, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода фавран тавассути «тугмаи изтироб» ба мақомоти корҳои дохилии ноҳия ё шаҳр хабар додан тавсияҳо дода шуд.
Дар рафти вохӯрӣ иштирокдорон ҳамчунин оид ба тартиби истифодаи сигнализатсияи муҳофизатӣ ва дигар воситаҳои техникӣ маълумоти зарурӣ гирифтанд. Дар ҷараёни чорабинӣ мутахассисон ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои муфассал доданд.
Дар анҷоми машғулот ба шунавандагон барои бомуваффақият хатм намудани барномаи таълимию амалӣ сертификатҳо супурда шуд.
Сурайё НОРМАНӢ.
Вилояти Сурхондарё.